Варзиш

21 ГОЛИ БЕҶАВОБ! ПИРӮЗИИ МУТЛАҚИ ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАСИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ (CAFA, U-14)

Шоми 18 ноябри соли 2022 дар варзишгоҳи Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 14-сола (U-14) ба анҷом расид. Тими якккачини наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар ин мусобиқа бар ҳамаи 4 ҳарифи худ ғалаба карда, бо 21 голи беҷавоб ба дарвозаҳои ҳарифонаш ва касб ҳамаи 12 имтиёзи мумкин ҷои аввал, медалҳои тилло ва унвони қаҳрамониро ба даст овард. Медалҳои нуқраи ин мусобиқаро бозигарони навраси Эрон ва нишонҳои биринҷиро футболбозони Ӯзбекистон ба даст оварданд. Ин ду тим ва ҳамчунин дастаи Афғонистон дар ин мусобиқ шашимтиёзӣ ба даст оварданд, вале тими Туркманистон ҳамаи бозиҳояшро бохт ва бе ягон имтиёз монд.

Футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқа бозии дар воқеъ ҳайратоваре ба намоиш гузошта, дар даври аввал Туркманистонро бо натиҷаи 9:0, дар даври дуюми Ӯзбекистонро бо натиҷаи 4:0, сипас Эронро бо натиҷаи 2:0 ва дар бозии чорум ва ниҳоӣ дастаи Афғонистонро бо ҳисоби низ бузурги 6:0 шикаст доданд.

Бисёрии мухлисон навиштаанд, ки масъулони футболи тоҷикро лозим аст, то ин ситораҳои тозанумӯи футболи миллиро бо эҷоди шароити дуруст ташаккул бидиҳанд, на инки  маҷбур барои рафтан ба муҳоҷират ва “шаурмафурӯшӣ” кунанд. Ин ишораи мухлисон ба як бозигари дастаи “Равшан” аз шаҳри Кӯлоб аст, ки як сол пеш беҳтарин футболбозони ҷавони Тоҷикистон эълон шуд ва ҳоло дар вилояти Владимири Русия дар як дӯкони шаурмафурӯшӣ кор мекунад.

Тавре қаблан хабар дода будем, Аминҷон Алиаҳмадов, футболбози ҷавони дастаи “Равшан” (Кӯлоб), ки соли 2021 беҳтарин футболбози ҷавони мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дониста шуд, ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, дар шаҳри Киржач … шаурма мефурӯшад. Киржач шаҳри хурде бо 26 ҳазор аҳолист, ки дар тақрибан 100-километрии шимолу шарқи шаҳри Маскав, дар ҳудуди вилояти Владимири Русия ҷойгир шудааст.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 14-сола:

Даври 1

Узбекистон – Туркманистон – 8:1

Эрон – Афғонистон – 0:1

Даври 2

Туркманистон – Тоҷикистон – 0:9

Узбекистон – Эрон – 1:3

Даври 3

Тоҷикистон – Узбекистон – 4:0

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

Даври 4

Афғонистон – Узбекистон – 0:1

Эрон – Тоҷикистон – 0:2

Даври 5

18 ноябр  (ҷумъа)

11:30 – Туркманистон – Эрон 0:7

16:00 – Тоҷикистон – Афғонистон 6:0

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button