ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронНомаҳо ба президент

БОЗ 47 ЗАНУ КӮДАКИ ТОҶИКРО БО ҲАВОПАЙМОИ МАХСУС АЗ СУРИЯ БА ВАТАН ОВАРДАНД (5 АКС)

Хабаргузории расмии “Ховар” хабар дод, ки  25 апрели соли 2024 бо 47 шаҳрванди Тоҷикистон – 15 зан, 17 духтар ва 15 писарро, ки аъзои 13 оила будаанд, тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардониданд.

Дар фурудгоҳи Душанбе онҳоро муовини сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Фирдавс Ҳаётзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтаанд.

Дар умум дар давоми солҳои 2017-2024 дар чанд марҳила аз Ироқу Сурия наздики 400 шаҳрванди Тоҷикистон, аксаран кӯдакон ба Ватан баргардонида шуданд. Нақши асосиро барои аз Сурияву Ироқ пас овардани шаҳрвандони тоҷик сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бозӣ кардааст. Ӯ тоза чанд рӯз қабл барои музокираи масъалаи баргардондани гуруҳи навбатии шаҳрвандони тоҷик ба Сурия сафар карда буд.

“Ховар” баргардонидани шаҳрвандони тоҷик аз Ховари Миёнаро ҳамчун ташаббуси президент Эмомалӣ Раҳмон  ба қалам дода навиштааст, ки “масъалаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда зери таваҷҷуҳи махсуси президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад”. Хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин афзудааст, ки “таҷрибаи Тоҷикистон оид ба баргардондани шаҳрвандони мамлакат аз минтақаҳои ҷангзада ва кор бо онҳо ҳамчун таҷрибаи мусбат шинохта шудааст”.

Бино ба гузориши “Ховар”, “занону кӯдакони баргардондашуда пас аз гузаронидани корҳои офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ ба муҳити оила баргардонда мешаванд”.

Моҳи июли соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон 146 шаҳванди худро аз лагерҳои Сурия ба Ватан оварда буд. 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 104 узви 29 оила, бо шумули занон, наврасон ва тифлони хурдсол, тавассути парвози махсус бо ҳавопаймои ширкати суриягии “Шом Вингз” аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд. Ҳамроҳ бо 104 шаҳрванди тоҷик дар ин ҳавопаймо 5 шаҳррванди Қазоқистон (як зан бо чор фарзандаш) низ аз Сурия оварда шуданд.

Раванди баргардонидани тоҷикистониёне, ки дар лагерҳои гурезагони Ироқу Сурия қарор доранд, инак чанд сол боз идома дорад.  Ин раванд бо мушкил, вале ба ҳар сурат, пеш рафта истодааст.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар лагерҳо ва маҳбасҳои Сурия ва Ироқ ҳудуди 500 тан аз занону кӯдакони тоҷик боқӣ мондаанд. Онҳо аъзои хонаводаҳои тоҷиконеанд, ки дар вақташ ба доми фиреби мубаллиғони созмонҳои ҷангҷӯи мазҳабӣ, асосан ба доми ДОИШ афтода, бархе хонахез ба минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтанд.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар миёнаҳои даҳаи дуюми асри 21 дар солҳои авҷи таблиғоти эмиссарҳои созмонҳои тундрави фаъол дар Ховари Миёна беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо нафари онҳо хонахез, яъне ҳамроҳ бо зану фарзандон ва ҳатто падару модарони пирашон ба Сурияву Ироқ рафта, ба саффи ин гуруҳҳои ҷангҷӯ, асосан ба саффи ДОИШ пайвастанд. Дар ҷараёни саркӯби нирӯҳои ДОИШ ва аз дасти онҳо пас гирифтани қисмати аъзами  қаламрави ба ном “хилофати исломӣ”, ки ҷангҷӯён дар Сурияву Ироқ таъсис дода буданд, ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, тақрибан 1000 нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик кушта шуда, қисмати дигаре аз онҳо аз Ховари Миёна рӯ ба гурез оварданд.

Дар ин лобало мақомоти Ироқ ва нирӯҳое, ки дар Сурия ба зидди ДОИШ меҷангиданд, ҳазорон нафар аз аҳли хонаводаи ҷангҷӯёни ДОИШ, аз ҷумла ҳудуди 500 зану фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро боздошт карданд, ки қисме аз онҳо дар урдугоҳҳои вижа дар Сурия ва қисмате дар зиндонҳои Ироқ нигоҳ дошта мешаванд.

Ба мақомоти дипломатии Тоҷикистон, асосан ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода муяссар шуд, ки соли 2017 89 кӯдаки тоҷикро аз  Ироқ, моҳи июли соли 2022 боз 146 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ва моҳи майи соли гузашта 104 зану кӯдак ва имсол боз 47 зану кӯдаки тоҷикро боз ҳам аз Сурия ба Ватан баргардонанд. Вале дар умум ба Ватан баргардондани бахусус ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷик ба мушкилӣ сурат мегирад, чунки дар Ироқ даҳҳо нафари онҳо бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон ва чанд зани тоҷику ӯзбек ҳатто маҳкум ба зиндони умрбод шудаанд.

Моҳи апрели соли 2023 як гуруҳи занони тоҷик дар зиндони занонаи Русафа дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ ба нишони эътироз ба “иттиҳомоти сохта ва муҷозоти ноодилона” ва бо талаби озодии билофосила эълони гуруснанишинӣ карда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button