ВидеоДин ва боварҳоТоҷикистонҶомеа

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЛАТТУКӮБ ВА БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАНИ КӮДАКДОР АЗ СӮИ МИЛИСА ДАР НАЗДИ МАСҶИД

Ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” сабти видеоие расид, ки дар он лаҳзаи пархоши кормандони милитсия бо як ҷавонзани кӯдакдор дар назди масҷиди маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе сабт шудааст.

Ба гуфтаи муаллифи видео, ҳодиса шаби 8 апрели соли 2024, тақрибан наздикиҳои соаати 23, баъди адои намози таровеҳ ва хатми Қуръон дар масҷиди панҷвақтаи воқеъ дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино рух дод.

Намозгузорон мегӯянд, нозири минтақавӣ бо номи Сорбон ҳар шаб дар назди масҷид барои таъмини тартибот ва ҳамчунин назорати кӯдакони то 18-сола, ки ба масҷид наоянд, навбатдорӣ мекунад. Ӯ ҳамин тавр, занонеро, ки бо нияти гадоӣ ба пеши масҷид меоянд, меронад.

Шаби 8 апрел як ҷавонзани зоҳиран 40 – 45-сола бо як кӯдаки ширмак ба назди масҷид омадааст. Намозгузорон мегӯянд, ин зан ҳатто агар ба нияти садақа пурсидан ҳам омада бошад, ҳанӯз ба садақаталабӣ оғоз накарда буд, чунки намози хуфтан ҳанӯз идома дошт ва мардум аз масҷид берун нашуда буданд.

Нозири минтақавӣ Сорбон аз он зан талаб кардааст, ки аз пеши масҷид биравад. Дар байни онҳо чӣ гапугузоре шудааст, ки ба гуфтаи намозгузорон, дар айни адои намоз ба гӯши онҳо садои доду фарёди зан расид. Вақте издиҳом намозро хонда, берун баромаданд, диданд, ки корманди милитсия он занро зада, куртаашро дар танааш чунон даррондааст, ки як қисми баданаш лучу намоён шуда буд.

Дар сабт дида мешавад, ки он зан корманди милитсияро барои бадрафториаш дашном дода, дуоҳои бад мекунад ва талаб дорад, ки кӯдакашро ба ӯ бидиҳанд. Вале садои корманди милитсия ба гӯш мерасад, ки “кӯдакатро куҷо овардӣ? Дар хона бояд мемондӣ!”

Намозгузорон кӯшиш кардаанд, ки корманди милитсияро дар арафаи иди Рамазон ба инсоф хонда, ӯро ба ҷавоб додани он зан моил кунанд. Вале Сорбон гуфтааст, ки “барои итоат накардан ба амри корманди милитсия камаш 15 шабонарӯз мешинад акнун!”

Сорбон баъди ҷамъ шудани издиҳоми зиёд дар ҷои ҳодиса ду ҳамкори дигарашро ба кумак даъват кардааст. Дар сабти видеоӣ шунида мешавад, ки онҳо аз мардум даъват мекунанд, ки хона ба хона пароканда шаванд ва ба кори онҳо дахолат накунанд. Кормандони милитсия аз масъулони масҷид низ талаб мекунанд, ки чароғҳои масҷидро хомӯш кунанд.

Намозгузорон гуфтанд, ки масъулони масҷид ҳам аз тарси ин масҷидро мебанданд, чароғҳоро зуд хомӯш карданд ва аз мардум хостанд, ки ба ин ҷанҷол қӯш нашуда, ба хонаҳои худ баргарданд.

Ба гуфтаи намозгузорон, моҷаро аз соати тақрибан 22:45 то 23:15 ягон ним соат тӯл кашид ва садои доду фарёд чунон ба ҳаво хеста буд, ки бисёре аз сокинони биноҳои атроф бедор шуда, аз тирезаҳои хонаҳояшо ҷараёни ҳодисаро тамошо мекарданд. Онҳо мегӯянд, кормандони милитсия  ба онҳо “фаҳмондаанд”, ки агар ба оромӣ хона ба хона нараванд, барои мамониат ба кори кормандони милитсия ба зиддашон парванда мекушоянд.

Дар ниҳоят, кормандони милитсия он зани кӯдакро ба мошини Сорбон, тамғааш “БМВ” ва рақами қайди давлатиаш TJ 19 96 FH 01 бор карда бурданд.

Мақомоти милитсияи ноҳияи Сино ва шаҳри Душанбе ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button