ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ САРКАШӢ АЗ ХИДМАТИ ҲАРБӢ АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Скопинои вилояти Рязани Русия рӯзи 3 апрели соли 2024 як ҷавони зодаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 2001-ро, ки қаблан барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ҷарима шуда буд, ба ҳамин далел аз шаҳрвандии Русия ҳам маҳрум кардааст. Хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Рязан хабар дод, ки рӯзи 3 апрел, дар пайи судури ҳукми додгоҳ шиносномаи русии ҷавони тоҷикро аз дасташ гирифтаанд ва ба зудӣ ӯ аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешавад. Исми ин ҷавони зодаи Тоҷикистон нашр нашудааст.

Назари худи ин ҷавон ё наздиконаш низ дастрас нест, вале раёсати тафтишот мегӯяд, далелҳои ҷамъовардаи шуъбаи тафтишотии байниноҳиявии Скопино кифоят кард, то ки додгоҳ ин ҷавони зодаи Тоҷикистон, соли таваллудаш 2001-ро, ки  6 майи соли 2022 соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буд, бар асоси қисми якуми моддаи 328 Кодекси ҷиноятии Русия дар саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ гунаҳкор шиносад.

 “Дар ҷараёни тафтиш муайян карда шуд, ки маҳкумшуда, ки ҳамчун шаҳрванди Русия уҳдадаории ҳарбӣ дошт ва ягони асоси қонунӣ барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ надошт, бо вуҷуди даъваташ ба комиссариати ҳарбӣ тавассути даъватнoма бе ягон сабаби узрнок ба чорабиниҳои марбут ба даъват ба хидмати ҳарбӣ ҳозир нашудааст”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи раёсати тафтишоти вилояти Рязан.

Дар натиҷаи бо ҳукми додгоҳ ҷавони тоҷикро барои саркашӣ аз ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ ҷарима бастаанд. Дар пайи қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм, мақомоти тафтишотӣ нусхаи ҳукмро ба раёсати корҳои дохилии вилояти Рязан фиристодаанд ва ин ниҳод бар асоси қисми дуюми моддаи 22 қонун дар бораи шаҳрвандии Русия, яъне барои нишон додани маълумоти бардурӯғ ҳангоми дарёфти шаҳрвандӣ шаҳрвандии русии ҷавони тоҷикро қатъ карда, шиносномаи ӯро мусодира кардааст. Ҷавони тоҷикро ба он гунаҳкор кардаанд, ки ҳангоми дарёфти шаҳрвандӣ қасам хӯрда буд, ки қонунҳои Русияро риоя карда, аз ин кишвар ҳимоят хоҳад кард, вале ба қасамаш амал накардааст.

Ин бори аввал нест, ки зодагони Тоҷикистонро барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва ҳатто барои худро дар комиссариатҳои ҳарбии Русия сабти ном накарданд аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум мекунанд. Моҳи декабри соли 2023 ду ҷавони тоҷикро дар Челябинск фақат барои онки баъди гирифтани шаҳрвандӣ дар комиссариати ҳарбӣ худро сабти ном накарда буданд, аз шаҳрвандии Русия маҳрум сохта буданд.

Моҳи октябри соли 2023 як силсила тағйирот ба қонуни шаҳрвандии Русия ба иҷро даромад, ки дар сурати ба қонуншиканӣ роҳ додани шаҳрвандони ҷадид онҳоро метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд. Аз ҷумла барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, ирор аз артиш, беобрӯ кардани артиш ва паҳн кардани маълумоти, ба назари мақомоти Русия, “бардурӯғ” дар бораи аъмоли артиши Русия дар Укрина ва дигар қонуншиканиҳое, ки “ба амнияти миллии Русия хатар эҷод мекунанд”.

Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир камокон як миллион аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Ҳоло бисёре аз онҳо аз рафтан ба хидмат ба артиши Русия худдорӣ мекунанд, чунки бим доранд, ки онҳоро метавонанд ба ҷанги зидди Украина бифиристанд.

Аксбардор: Павел Лисицын / РИА Новости

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button