ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 4 КАС, АЗ ҶУМЛА ПИРАМАРДИ 86-СОЛА, ДАР 3 САДАМА ДАР РАШТУ КӮЛОБ ВА КӮШОНИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 23 апрел дар се садама дар шаҳраки Ғарм,  роҳи байни маҳаллаҳоии Сангак Сафаров ва Бозори шаҳри Кӯлоб ва дар ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён 4 нафари синнашон аз 30 то 86 ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла субҳи барвақти23-юми апрели соли 2024, тахминан соати 04:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Маҳмадуллоев Шералӣ Юсупович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш” аз тарафи кӯчаи Э.Муҳиддинови шаҳраки Ғарм ба самти маркази ҳамин шаҳрак, бо сабабҳои номаълум аз роҳи мошингард берун шуда, ба чуқурии тахминан 25-30 метр ба дарёи “Сурхоб” чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Маҳмадуллоев Ш.Ю. ва мусофираш Камолова Зайбону Баротовна, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рашт ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
23-юми апрели соли 2024, тахминан соати 09:40-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Шанси”, Бозоров Холаҳмад Нурович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи С.Сафаров ба самти маҳаллаи Бозори ҳамин шаҳр, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди солхӯрда Тиллоев Нусратулло, соли таваллудаш 1938, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, мӯсафеди 86-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
23-юми апрели соли 2024, тахминан соати 19:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Ҳасанов Рустам Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми дар ҳолати мастӣ ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Вахш ба самти ноҳияи Кӯшониён, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Акрамов Насимҷон Неъматҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ҳамин ноҳиярро пахш намудааст. Дар натиҷа, Акрамов Н.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзҳои 19 ва 20 апрели соли 2024 дар 4 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шоми 21 авпрел ва рӯзи 22 апрел бошад як наврас ва як кӯдаки сесола дар Фархору Ваҳдат зери чархҳои мошинҳои раҳгузар ҷон бохтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button