ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ТОҶИКОБОД ЯК КӮДАКИ ШАШСОЛА БА ДАРЁИ ШӮРАК АФТОДА, ҒАРҚ ШУДААСТ

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 25 апрели соли 2024, тахминан соати даҳи субҳ, як кӯдаки  6-сола аз деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод дар дарёчаи Шӯрак ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, ин кӯдак субҳи 25 апрел ҳамроҳи дӯстонаҳ бо мақсади чаронидани чорво аз хона баромадааст. Вале ҳангоми гузаштан аз дарёчаи Шӯрак пойи ин кӯдак лағжидааст ва ӯ ба даруни дарё афтода, ғарқ шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдаки маъсум қариб тамоми рӯз тӯл кашид ва танҳо соати 18:20 ҷасади ӯро тақрибан 150-200 метр пойинтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони тифли ғӯррамарг ёдовар шудааст, ки чандин бор аз сокинон хоста буд, ки дар рӯзҳои боронӣ аз анҷоми корҳое, чун корҳои саҳро, чаронидани чорво дар кӯҳҳо ва амсоли ин ҳаддалимкон худдорӣ кунанд, вале мутаассифона, сокинон ба ин машваратҳо гӯш намедиҳанд ва ин ба чунин ҳодисаҳои фоҷиавие, мисли марги ин тифли бегуноҳ оварда мерасонад.

Дар рӯзҳои охир ин алакай сеюмин ҳолати расонаишудаи ҳалокати ноболиғон бар асари ҳодисаҳои нохуши марбут ба обу ҳавост.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзи 23 апрели соли 2024, наздик ба соати 13:30 ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳи кӯҳӣ як сокини 17-солаи деҳаи Себзори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бар асари раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 21 апрели соли 2024, тақрибан соати 10-и субҳ як сокини 12-солаи деҳаи Ҳоити ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт барои ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаашон рафтааст. Аз сабаби он ки баъди боронҳои пуршиддат замин дар кӯҳҳо лағжонак шуда буд, ин кӯдак сахт лағжида, аз баландии 40 метр ба поён афтодааст. Дар натиҷаи бархӯрдҳои сахт ба сангу реги кӯҳ кӯдак ҷароҳатҳои зиёд бардошт ва дар бемористон бистарӣ карда шуд, вале табибон ӯро аз марг наҷот дода натавонистанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтааст, то 30 апрел дар Тоҷикистон обу ҳавои номусоид пешбинӣ карда мешавад ва ба ин далел, бори дигар ба сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ машварат медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз анҷоми корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво дар манотиқи кӯҳӣ, рафтан ба шикору моҳидорӣ ё ҷамъоварии занбурӯғу чукрӣ ва дигар гиёҳҳои кӯҳӣ ҳаддалимкон худдорӣ кунанд ва ҳаёти худу наздикони худро ҳифз кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button