ВидеоҲодисаҶомеа

РОНАНДАИ ТАКСИ ЯК ЗАНРО АЗ ДУШАНБЕ БА ХУРОСОН БУРДА, БА НОМУСАШ ТАҶОВУЗ КАРДААСТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 28 марти соли 2024 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз ошкор шудани як ҳолати таҷовуз ба номус аз ҷониби як ронандаи такси хабар дод.

Гуфта мешавад, кормандони милитсияи ноҳияи Хуросон бо иттиҳоми латтукӯби як ҷавон ва расидан ба номуси ӯ сокини 39-солаи Душанберо дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши нашршуда, шаби 9 марти соли 2024 ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зани 41-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат карда, аз латтукӯб ва таҷовуз шуданаш хабар додааст. Ба гуфтаи ин зан, як марди ношинос худро ронандаи такси муаррифӣ карда, ӯро ба мошинаш савор кардааст ва ваъда додааст, ки бо нархи арзон то шаҳри Бохтар бурда мерасонад. Аммо ҳангоми расидан ба ҳудуди ноҳияи Хуросон, ронанда бо истифода аз зӯроварӣ ин занро шадидан латтукӯб карда, сипас маҷбуран ба номусаш расидааст.

Худи ҳамон шаб барои таҳқиқи ин муроҷиат дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон гуруҳи фаврию тафтишотӣ  ташкил шуд ва ба муфаттишон муяссар шуд, ки баъди муддати кӯтоҳе тамғаву рақами мошин ва шахсияти ронандаро муайян ва гумонбаршавандаро дастгир кунанд.

Бо гумони содир кардани ин ҷинояти нангин шаҳрванд Каримов Абдуқодир Шарипович, соли таваллудаш 1985, сокини кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 5 фарзанд, ки қаблан бо ҷурми авбошӣ суд шуда буд, дастгир гардид.

Бино ба фарзияи тафтишот, Абдуқодир Каримов шаби 9 март бо мошини шахсиаш, тамғаи “Ҳюндай Соната”, рақами транзитиаш С 78 78, дар назди истгоҳи бозори “Саховат”-и пойтахт ба ҷабрдида, ки ба шаҳри Бохтар раҳсипор буд, ваъда додааст, ки ӯро бо нархи арзон бурда мерасонад. Милитсия мегӯяд, аз аввал мақсади Каримов аз гирифтани ин муштарии зан “қонеъ сохтани нафси шаҳвониаш” буд.

Ҳангоми расидан ба ҳудуди деҳаи Ҳисорободи ҷамоати Фахрободи ноҳияи Хуросон, Абдуқодир Каримов мошинашро аз шоҳроҳи асосӣ ба гардиши тарафи рост ронда, дар як ҷои торику беодам манъ кардааст. Баъди ин ӯ “бо мақсади қонеъ сохтани нафси шаҳвониаш” ҷабрдидаро мавриди латтукӯб қарор дода, бо истифода аз зӯроварӣ ба номуси он зан дастдарозӣ кардааст. ВКД гуфт, Каримов нисбат ба он зан ҳамчунин “дигар кирдорҳои бадахлоқонаро содир кардааст”, вале дар ин бора ягон тафсилот надод.

Худи Абдуқодир Каримов дар макони ҷиноят дар ин гузориш ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Ҳай кардам омадам ҳамин ҷо, баъд фаромадаму дарро ҳуй кардам. Вай шиштагӣ буд ва ман бо мушт дар рӯяш задам.  Ягон 2 мушт задам дар рӯяш”.

Дар посух ба суоли корманди милитсия, ки бо кадом мақсад он занро ба инҷо оварда буд?, Каримов гуфт: “Бо мақсади таҷовуз оварда будамаш”.

Каримов баъди содир кардани ҷинояти нангин, ҷабрдидаро, ки аз зарбаҳои равонию ҷисмонии бардоштааш дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт, дар ҳамон ҷо партофта, фирор кардааст. Ӯ бидуни ягон азоби виҷдон ҳамон шаб ба Душанбе баргаштааст. Бо умеди ин ки ҷинояташ пинҳон мемонад ва касе ӯро пайдо карда наметавонад…

Нисбат ба Абдуқодир Каримов ҳоло бар асоси моддаҳои 138 ва 139 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси моддаи 139 барои ҳаракатҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки бо истифода аз ҳолати оҷизии ҷабрдида содир шудааст, ҳамчун ҷазо то 7 соли зиндон ва бар асоси моддаи 138 барои таҷовуз ба номус то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба омори ВКД, ҳолатҳои таҷовуз ба номус дар ҷумҳурӣ дар солҳои охир рӯ ба афзоиш овардаанд. Бар асоси ин омор, дар соли 2023 дар Тоҷикистон 47 мавриди таҷовуз ба номус сабт шудааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 37 ҳолати дастдарозӣ ба номус сабт шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button