ВидеоКоррупсияТоҷикистон

БОЗДОШТИ МУДИРИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Олимова Манзура Зоидовна рӯзи 18 апрели соли 2024 ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш аз тарафи кормандони раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд дастгир карда шуд.

Дар ин бора як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 20 апрел хабар дод.

Ӯ ба далели фош накардани сирри тафтишот аз ироаи тафсилоти бештар ва аз бурдани номи нафаре, ки ба Манзура Олимова пора додааст?, худдорӣ кард.  Дар бораи бо чӣ қадар пора ба даст афтодани мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ маълумоти дақиқе ҳанӯз ба даст наомадааст.

Худи Агентии мубориза бо коррупсия боздошти мудири маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми гирифтани пораро ҳанӯз расман тасдиқ накардааст.

Худи Манзура Олимова ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Олимова Манзура дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ як сол ин ҷониб фаъолиятдошт. Манзура Олимова то таъин шуданаш ба вазифаи мудири шуъбаи маориф аз соли 2019 то соли 2023 мудири мактаби  миёнаи умумии №25 буд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бузургтарин ноҳияи Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин ноҳия беш аз 90 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд ва то ҳанӯз дар ин муассисаҳои таълимӣ аз ҳамаи хонандагон ҳар моҳ 10 сомонӣ барои фонди мактаб ва барои обуна ба газетаву маҷаллаҳои расмӣ, аз ҷумла “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Ҳақиқати Суғд”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Имрӯз Нюс” ва боз чандин нашрияи дигари давлатӣ ё наздик ба мақомот маҷбуран маблағ меситонанд.

Нисбат ба Манзура Олимова бар асоси қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ  парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ тибқи ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ халос мешаванд. Коршиносон бар инанд, ки чунин ҷазоҳои сабук дар ивази пораҳои вазнин ба даст меоянд.

Соҳаи маориф дар Тоҷикистон аз соҳаҳои фасодзадатарин ба шумор меравад.

Тоҷикистон дар умум аз кишварҳои фасодзадаи ҷаҳон ба шумор рафта, имсол бо ҳамагӣ 20 имтиёз, ки пасттарин нишондод дар таърихаш аст, дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифт. Дар раддабандии солонаи Индекс ё Шохиси фарогирии коррупсия дар соли2023,  Тоҷикистонро якбора 12 зина пойинтар фароварда, дар байни 180 кишвар дар зинаи хеле пасти 162-юм гузоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button