ВидеоМинтақа ва ҷаҳонНомаҳо ба президентСиёсатТоҷикистон

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КЕМЕРОН ВА САФАРАШ БА ИТАЛИЯ. ИНТИҚОДИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК АЗ ҒАРБ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 апрели соли 2024 дар Қасри Миллат бо вазири хориҷаи Британияи Кабир лорд Девид Кемерон мулоқот карда, дар ин дидор Британияи Кабирро, ки духтараш Рухшонаи Эмомалӣ сафири Тоҷикистон дар ин шоҳигарист,  шарики муҳими кишвари худ дар Ғарб номид.

“Мо Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносем. Давлати мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Подшоҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд”, — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Кемерон.

Тафсилоти барномаи сафари раҳбари идораи сиёсати хориҷии Британияи Кабир ва натиҷаҳои музокираҳои Кемерон бо президент ва вазири хориҷаи Тоҷикистон нашр нашудааст. Душанбе танҳо аз имзо шудани созишнома оид ба иртибототи ҳавоӣ, ки роҳро барои парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Британия боз мекунад, хабар дод.

Дар пайи дидор бо Кемерон, президенти Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт.

Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президентдар масоили робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Агар боздид аз Ватикан барои сарони кишварҳо бештар як сафари рамзӣ бошад, сафар ба Италия барои Эмомалӣ Раҳмон ҳойизи аҳамияти зиёдест.

Ду ширкати Италия масъулиятҳои асосӣ дар сохтмони нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими Роғунро дар даст доранд ва ба эҳтимоли ғолиб, як масъалаи асосӣ дар барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон метавонад масъалаи сохтмони нирӯгоҳи Роғун бошад. Қарори маълум, вақтҳои охир Душанбе ба сурати хеле фаъолона барои ҷустуҷӯи сармоягузорони ҷиддӣ барои анҷоми ин сохтмон даст ба кор шудааст, вале то кунун барои дарёфти сармояҳое, ки барои итмоми сохтмони нирӯгоҳи Роғун кифоят кунанд, ноил нашудааст.

Аз тарафи дигар, тоза чанд рӯз пеш як доишии тоҷик бо номи Илҳом Сайраҳмонзода дар фурудгоҳи Рим, пойтахти Италия дастгир шуд ва ҳузури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ҳайъате, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд, метавонад баёнгари он бошад, ки як мавзӯи дигари мулоқотҳо дар Рим масоили амниятӣ хоҳад шуд. Бавижа дар пасманзари нигарониҳои афзояндаи ҳам Душанбе ва ҳам кишварҳои Аврупо аз ҳузури рӯзафзуни зодагони Тоҷикистон дар ҳайъати созмонҳои тундраве, чун ДОИШ, ва боздошти чандин зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ ҳатто дар Аврупо.

Аммо ҷанбаи дигари сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, бидуни шак, ҷанбаи сиёсист.

Моҳи марти соли ҷорӣ бархе фаъолони мухолифин дар Аврупо шикоят карданд, ки мақомоти амниятӣ хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон барои бозҷӯӣ бурда, талаб кардаанд, то хешовандони дар Аврупо будаи онҳо дар рӯзҳои сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба ин қора мисли дафъаи қаблӣ ягон тазоҳуроту эътироз накунанд, вагарна ҳолашонро бад хоҳанд кард.  Ҳамон вақт бархе маъмурони амниятӣ ба хешовандони мухолифин хабар додаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ин навбат азми сафари Италияро дорад.

Президенти Тоҷикистон бори охир моҳи сентябри соли 2023 аз Берлин, пойтахти Олмон боздид кард ва он рӯзҳо дар Берлин як силсила эътирозҳои мухолифини тоҷик доир шуд. Ба чанд тан аз фаъолони “Гуруҳи 24” ҳатто муяссар шуд, ки корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмонро тухмборон кунанд ва аз аксҳое, ки аз маросими қабули ӯ дар назди дафтари садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дида мешуд, ки тухмҳои задашуда ба мошине, ки худи президент Раҳмон дар дохили он нишаст буд, низ расидаанд.

 Эътирозҳои мухолифин ба вокуниши ба таври бесобиқа тунди мақомоти Тоҷикистон дучор шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти дастикам 47 тан аз хешовандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлин хабар доданд.  Ҳамчунин  ба мақомоти Тоҷикистон муяссар шуд, ки ба ихроҷи дастикам ду тан аз иштирокчиёни эътирозҳои Берлин ноил шаванд. Билол Қурбоналиевро алакай моҳи ноябри соли 2023  аз Олмон бурданд ва моҳи феврали соли ҷорӣ ба 10 соли зиндон маҳкум карданд. Фаррух Икромовро тоза рӯзи 11 апрели соли 2024 аз Полша ихроҷ карданд, вале мақомоти лаҳистонӣ иддао доранд, ки ӯ бо террористҳое, ки қасди анҷоми ҳамлаҳо дар Аврупоро дар сар доштанд, робита дошт ва қаблан дар яке аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна будааст.

Мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки аксаран дар Аврупо паноҳ бурдаанд, аз давлатҳои Аврупо барои пазироӣ аз ӯ интиқод карда, мегӯянд, дар рӯзҳои боздидаш дигарбора даст ба эътирозҳо хоҳанд зад.

Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи умдаи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик дар Аврупо, ки фаъолияти он дар худи Тоҷикистон феълан манъ карда шудааст, дар як изҳорот президенти кунунии Тоҷикистонро бо беш аз 30 соли ҳукмрониаш “тӯлонитаринвахашинтариндиктатордарсатҳиҷумҳуриҳоисобиқШӯравӣ” ва ҳатто “худкоматар аз Лукашенкову Путин” ном бурда, аз он изҳори таассуф кард, ки кишвари демократие чун Италия мизбони Эмомалӣ Раҳмон мешавад.

Паймони миллӣ бо баршумурдани ҳаводисе, чунки манъи ҳизби наҳзат, саркӯби эътирозҳо дар Бадазшон,  қатли раҳбари “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар Истанбул, гуфт, “ҳиҷрати миллионҳо тоҷик ба Русия ва кишварҳои урупоӣ ва гароиши рӯзафзуни ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ширкати онҳо дар амалҳои террористӣ низ натоиҷи табиии саркӯбгарӣ ва ноуҳдабароии сиёсатҳои Э. Раҳмон дар се даҳаи ахир аст. Бо эътирофи худи Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонони тоҷик танҳо дар се соли ахир дар 24 амали террористӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои аврупоӣ ширкат кардаанд”.

Паймони миллӣ дар поёни изҳороташ аз кишварҳои демократии бавижа қораи Аврупо талаб кард, ки “бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои худ ва даст фишурдан бо ӯ аз тарафи сарони ин кишварҳо дар машруъият додан ба режими худкомаи Раҳмон ва нақзи бештари ҳуқуқи башар ва саркӯбгариҳои бештар саҳм нагузоранд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button