ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

“ЗОНАҲОИ САБЗ”: ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ БО ТАЛАБИ МАҲБУСОНИ МУСУЛМОН АЗ ХАРИДАНИ ГӮШТИ ХУК ДАСТ КАШИДААНД

ФСИН – Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо, ки умури зиндонҳои Русияро дар ихтиёр дорад бо назардошти афзоиши шумораи маҳбусони мусалмон ва бо тақозои ин тоифаи маҳбусон аз харидани гӯшти хук ва истифодаи он дар пухтани ғизоҳо дар зиндонҳо даст кашидааст. Дар ин бора криминолог, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал, Данил Сергеев дар мусоҳиба бо сомонаи Лента.Ру  хабар дод.

Дар ин мусоҳибаи ихтисосӣ, ки рӯзи 7 марти соли 2024 нашр шуд,  Данил Сергеев,  муҳаққиқи шинохтаи вазъи маҳбасҳо ва маҳбусон дар Русия  дар посух ба суоли Лента.Ру дар робита ба ҷудо кардани зиндонҳои Русия ба ду навъ : “зонаҳо, яъне маҳбасҳои сиёҳ” ва “маҳбасҳои сурх” ва ҷавоб медиҳад, ки ҳоло дар Русия ба далели афзоиши шумораи маҳбусони мусалмон шумораи “маҳбасҳои сабз” торафт меафзояд ва зиёд шудани мусалмонон дар таркиби маҳбусон ба қонунҳои зиндон ва ҳатто ба вазъу мақоми ба истилоҳ “дуздони қонунӣ” (воры в законе), ки дар тӯли даҳсолаҳо умури махуфи маҳбасҳои Русия дар дасти онҳо қарор дошт, бетаъсир намондааст.

Бояд шарҳ дод, ки дар зиндонҳое, ки бо исми рамзии “зонаи сурх” ном бурда мешаванд, маъмурият  пурра контроли зиндониён ва умури маҳбасро дар дасти худ доранд ва ба “дуздони қонунӣ” маҷоли ҷорӣ кардани қонунҳои худашонро намедиҳанд.

Дар “зонаҳои сиёҳ” бошад афроди муътабари олами ҷиноӣ ба таври пинҳонӣ маҳбусонро идора мекунанд ва роҳбарияти чунин зиндонҳо нуфузи зиёде дар байни зиндониҳо надоранд.

“Зонаҳои сабз” бошад юа маҳбасҳое мегӯянд, ки дар онҳо аксарияти маҳбусонро мусалмонон ташкил медиҳанд.

“Ман бар ин назарам, ки ҳоло қариб, ҳамаи зиндонҳои Русия то андозае “маҳбаси сабз” шудаанд. Ҳатто зиндони машҳури марказии Владимир (“Владимирский централь“) бо сабабҳои динӣ дигар барои маҳбусонаш гӯшти хук намехарад. Онҳо аз гӯшти хук бо далели зиёд шудани маҳбусони мусалмонон даст кашиданд”, –  гуфтааст Данил Сергеев.

Гуфта мешавад, тибқи қонунгузории Русия, ғизои маҳбусон тибқи дину оин ва анъанаҳои онҳо пешбинӣ нашудааст. Аз ин лиҳоз бо афзоиши маҳбусони мусалмон ин масъала доғ шуда, ҳатто  чандин бор сабаби муноқиша байни роҳбарияти зиндон ва зиндониёни мусалмонон гардидааст.

Данил Сергеев мегӯяд, “зиндониёни мусалмон аз рӯи роҳбарияти зиндонҳо ба додгоҳҳо шикоят карда, аз маъмурияти зиндонҳо дархост карданд, ки онҳо бояд на танҳо ба маҳбусони мусалмон ғизоҳои ҳалол диҳанд, балки аз таомнома  ҳамаи ғизоҳои ҳаром ва мухолифи меъёрҳои исломӣ бардошта шавад. Ҷолиб дар он аст, ки дар замони Шӯравӣ чунин талабот аз сӯи маҳбусон дида намешуд, ҳар чизе, ки медоданд, онҳо мехӯрданд. Вале дар ин масъала ФСИН ва ҳукумати Русия кӯтоҳ омаданд ва ба маҳбусони мусалмон гузашт карданд. Акнун қариб ҳамаи зиндонҳо дар Русия аз гӯшти хук даст кашидаанд ва дар ҳамаи зиндонҳои Русия намозхона вуҷуд дорад”.

Ин мусоҳиба, ки асосан дар мавзӯи нуфузи имрӯзаи “дуздони қонунӣ” буд. Ин мутахассиси рус бар ин аст, ки зиёд шудани маҳбусони мусалмон сабаби камнуфуз шудани роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноӣ ва обрӯи дар гузашта тақрибан шакнопазири худро   то ҳадде аз даст додани “дуздони қонунӣ” дар зиндонҳо ва умуман дар олами ҷиноӣ шудааст.

Сергеев тавзеҳ медиҳад, ки “тибқи анъанаҳои зиндон, маҳбусон дар онҷо ба чанд табақа ҷудо мешавад, мисли “блатные” (дуздон) – аз роҳзанҳо то ҷинояткорони бонуфузи олами ҷиноӣ.

“мужики” (деҳқонҳо) – нафароне, ки ҳам маъмурияти зиндонҳо ва ҳам  “блатные”-ро итоат мекунанд. Ва дигар категория бошад табақаи “отверженные” (раддимаъракаҳо) ҳастанд, ки ба ин тоифа одатан онҳоеро шомил мекунанд, ки бо ҷиноятҳои ҷинсӣ, ба мисли таҷовуз ба номус маҳкум шудаанд, ва ё дар дохили зиндон ба ягон кӯтоҳӣ роҳ дода, барои мисол, дар бораи гузаштаи худ ба маҳбусони дигар маълумоти бардурӯғ додаанд.

Тибқи расму русуми зиндон, ки “блатнойҳо” ҷорӣ кардаанд, бояд ҳеч кас бо “отверженный” салому алейк ва муносибат накунад. Агар касе ҳам бо онҳо шину хез кунад, ин кор бояд бо иҷозати “блатнойҳо” сурат бигирад, дар ҳолати ғайр,  агар касе аз “мужикҳо” ва шахсони нави ба зиндон воридшуда бо онҳо муносибат кунад, дар оянда ӯ ҳам ба ҳамин тоифаи раддимаъракаҳо шомил карда мешавад. Ин табақаи “яккамахобҳо” ҳамеша аз боқӣ маҳбусон ҷудо зиндагӣ мекунанд, ҷудо хобу хез мекунанд ва ҳамеша ҷудо аз зарфи умумии таом барояшон омода карда мешаваду алоҳида аз ҳама дар кунҷе мехӯранд”.

Аммо ба гуфтаи ин устоди донишгоҳ, ки коршиносон дар ин умур аст, мусалмонон ин қарору қоидаҳои “блатнойҳо”-ро риоя накарда, бар асоси урфу одати худашон аз рӯи шариати Ислом амал карда, чунин нафаронро аз дигар зиндониҳо ҷудо намекунанд.

Данил Сергеев мегӯяд: “Зиндониёни мусалмон ба ин гурӯҳ маҳбусони “рондашуда” бо дилсӯзӣ муносибат карда, онҳоро ба сари мизи худ даъват мекунанд ва бо онҳо якҷоя таом мехӯранд. Ва мегӯянд, ки ҳар одам бандаи Аллоҳ асту касе дар дунё ҳаққи хору залил кардани бандаи Худоро надорад. Вақти, ки ин табақа аз ҳимояти мусалмонон бархӯрдор мегардад ва дар маҳфилҳои онҳо ҷой меёбанду бо онҳо шину хез мекунад, оҳиста-оҳиста ақидаҳои онҳоро қабул карда ва дар натиҷа мусалмон мегарданд, ки ин боиси хашми “блатнойҳо” мегардад. Аз ҳамин сабаб  дар зиндонҳо низоъҳои зиёде  байни мусалмонон ва “блатнойҳо” сурат гирифт, ки дар ин кашмакашҳо мусалмонон ғолиб шуданд”.

Данил Сергеев мегӯяд, ки дар “зиндонҳои сабз”, ки мусалмонон аксариятанд, тартиботи дохили зиндон хубтар риоя мешавад.

“Аксари мусалмононе, ки дар чунин зиндонҳо адои ҳукм мекунанд, террорист ва ё экстремист нестанд. Аз тарафи дигар, онҳо қасди ба ҳам задани низом дар маҳбасеро, ки онҷо адои ҳукм мекунанд, надоранд. Онҳо бо сари хам ва сабурона  ҷазои ҳукми худро сипарӣ мекунанд. Онҳо танҳо замоне бо маъмурияти маҳбас вориди кашмакаш мешаванд, ки агар маъмурият ба рӯзаву намози онҳо кор бигирад ё алорағми хости онҳо аз гӯшти хук барояшон хӯрок бипазанд”, –  мегӯяд Сергеев.

Бино ба гуфтаи ин муҳаққиқи зиндонҳои Русия, шумораи маҳбусони мусалмон дар зиндонҳои Русия дар охири солҳои 90-ум, пас аз ҷанги Чеченистон бо Русия ва баъдан, бо зиёд шудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёӣ Миёнарӯ ба афзоиш овард. Пас аз ҷанги Чеченистон зодагони Қафқоз бештар бо ҷурми терроризм ва ифротгароӣ равонаи зиндон шуданд. Вале зодагони Осиё Миёна бештар  бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ мешаванд.

Дар зиндонҳои Русия, бино ба омори ФСИН, тақрибан 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва садҳо тоҷикистонии дигар дар боздоштгоҳҳои Русия  таҳти тафтиш қарор доранд.  

Баъди ҷанги Русия ба зидди Украина ҳазорон маҳбусро аз зиндонҳои Русия бо ваъдаи афв ва озодии зудтар  ба ҷанг бурданд. Садҳо нафари ин маҳбусон, аз ҷумла дастикам 30 маҳбуси тоҷик, дар Украина кушта шуданд.

Матни пурраи мусоҳибаи Данил Сергеевро инҷо бихонед:

“ЗЕЛЕНЫЕ ЗОНЫ”: РОССИЙСКИЕ КОЛОНИИ ОТКАЗАЛИСЬ ОТ ПОКУПКИ СВИНИНЫ ИЗ-ЗА ВОЗРАСТАЮШЕГО ЧИСЛА ЗАКЛЮЧЕННЫХ-МУСУЛЬМАН

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ооо, ина гав дар кҷо?? Ман мегум чида зэко мусулмонора бад мебинан. Да Масква да фирмаи мо я зэк водител бд гарени ришдорора шум медид.

    Да трма значит увора мусулмоно да капейка намегиран. Вор в законе гапуш да наскиш намегзара )))

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button