ВидеоКоррупсияТоҷикистон

БОЗДОШТИ КОРМАНДИ КУМИТАИ ЗАМИНИ ШАҲРИ ҲИСОР ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 26 апрели соли 2024 аз боздошти корманди Кумитаи идораи замини шаҳри Ҳисор хабар дод.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентӣ, “бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷўӣ муайян гардид, ки Қосимов Қ.Т. дар вазифаи мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замин дар шаҳри Ҳисор кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш охирҳои моҳи январи соли 2024 бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд С.М. даромада, аз номбурда бо роҳи фиреб барои омода намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои манзили истиқоматиаш маблағи 30 000 сомонӣ талаб карда, аз ин 20 000 сомониро худи ҳамон вақт гирифта, оварда додани боқимонда 10 000 сомонии дигарро талаб намуд. Дар асоси муроҷиати шаҳрванд С.М. санаи 22 апрели соли 2024 аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи фаврию тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои дахлдор гумонбаршуда Қосимов Қ.Т. баъди аз шаҳрванд С.М. гирифтани маблағи 10 000 сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт гардида, маблағи зикршуда аз ӯ ёфта гирифта шуд”.

Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Қосимов Қ.Т. бар асоси моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори калон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Ба Қосимов бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад. Ёдовар мешавем, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 долларро ташкил медиҳад.

Худи Қосимов Қ.Т. ваё адвокату наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Ҷудо кардани қитъаҳои замин, ки ба ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин вогузор карда шудааст, дар Тоҷикистони аҳолиаш рӯзафзун ба яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст ва қариб ҳар моҳ дар бораи боздошти чандин масъули ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин хабарҳо ба даст мерасанд. Аз ҷумла танҳо дар моҳи апрели соли 2024 дар бораи боздошти раисони кумитаҳои замини шаҳри Кӯлобу ноҳияи Хуросон ва раиси ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон хабар омад.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 18 апрели соли 2024 аз боздошти раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Хуросон, раиси ҷамоати ба номи Ҳилолии ин ноҳия ва миёнарави онҳо барои заминфурӯшӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, қаллобӣ ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин дар ивази пора хабар дод. Ҷолиб ин аст, ки раиси Кумитаи замини ноҳияи Хуросон Бобокалонов Муҳаммадзиё, соли таваллудаш 1975, ва раиси ҷамоати Ҳилолӣ Бобокалонов Муҳимбек, соли таваллудаш 1968, хешу табори наздик – амакбачаҳо – буда, аввалӣ баъди ба мансаби баландтар рафтанаш, мансаби қаблиашро бегона нашавад гуфта, ба хешбачаи худ додааст ва онҳо бо миёнаравии шарикашон Ҷалматов Қудрат аз шаҳрвандон дар ивази ҷудо кардани қитъаҳои замин пул мегирифтанд. Аз ҷумла онҳо аз Ҳаитов Абдулвоҳид, сокини ҷамоати Ҳилолӣ 8 ҳазор сомонӣ, аз Абдурасулов Боймурод, сокини ноҳияи Вахш 14 ҳазор сомонӣ, аз Исмоилова Насиба 20 ҳазор сомонӣ ва аз Кӯкиева Сифатой 2 ҳазор доллар гирифта, аз заминҳои ҷамоати Ҳилолӣ ба ҳар кадом онҳо аз 8 то 10 даҳяк (сотих) замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардаанд.

Бо мақсади ба даст овардани боварии шаҳрвандон ва қонунӣ нишон додани аъмоли худ онҳо дар компютер санадҳои қалбакии сертификати заминро чоп карда, ба ин корафтодагон додаанд ва сокинон ба сухани онҳо бовар карда, дар он заминҳо алакай хона сохтаанд. Вале ҳоло маълум шуд, ки ин заминҳо ба ин сокинон ғайриқонунӣ ҷудо карда дода шудааст.

Ҳамин тавр, Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 9 апрели соли 2024 аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ ба зидди раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб Муродов О.М. хабар дод. Гуфта мешуд, ки Муродов О.М. аз шаҳрванд Қурбонов Р.А. бо ваъдаи ҷудо кардани 70 сотих замини кишоварзӣ дар маҳаллаи Зарринкӯҳ 81 ҳазору 400 сомонӣ, ё тақрибан 7400 доллар гирифта, кори ӯро буд накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button