ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ПАЛАНГ 5 САР ЧОРВОИ СОКИНИ РОШТҚАЛЪАРО ПОРА-ПОРА КАРДААСТ

15 марти соли 2024 паланги барфӣ(барс, ирбис)  ба чорвои хонагии як сокини деҳаи Анҷини ҷамоати деҳоти Роштақалъаи ноҳияи Роштқалъаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамла кардааст. Дар натиҷа ин ҳайвони даранда 5 сар чорвои хурди ин сокини деҳаро пора-пора карда, сипас боз ба кӯҳ фирор кардааст. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод. Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Ин бори аввал нест, ки паланги барфӣ ба оғили сокинони Роштқалъа ҳамла мекунад ва чорвои онҳоро бераҳмона пора-пора мекунад.

Аз ҷумла субҳи барвақти 22 феврали соли 2024, тақрибан соати 05:30, як паланги ваҳшӣ ба оғили сокини деҳаи Табарсеми ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъа даромада, ба чорвонаи хонагӣ дарафтод. Дар натиҷа, ҳайвони ваҳшӣ 18 сар чорвои хурдро нобуд карда буд.

Ҳамчунин, шаби 6 ноябри соли 2023  дар деҳаи Сипонҷи ҷамоати Бартанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон паланги ваҳшӣ ба оғилҳои мардум ҳамла карда, беш аз 30 сар чорвои хурди сокинони сокинони Бартангро дарронда, нобуд карда буд. Як сокини Бартанг ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дода буд, ки паланг шабона ҳамла оварда, мардумро ғофилгир кард.

Сокини Бартанг гуфт: “Азбаски ними шаб буд, ҳама хоб буд. Як саг аз омадани паланг хабар ёфта, бо овози баланд ба акосзанӣ даромад ва мардум хабар шуда, аз хонаҳо баромаданд. Аммо паланг наздик шудани одамонро пайхас карда, сайдҳои куштаву нимкуштаашро партофта, ба тарафи кӯҳ фирор кард. Вале кори шудагӣ шуд, мардум сахт зарар кард. Беш аз 30 сар чорво нобуд шуд”.

Ҳамин тавр, шаби 5 ноябри соли 2023, як паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини деҳаи Намадроҷи ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа ҳамла карда, 14 сар моли майда, аз ҷумла 9 сар буз ва 5 сар гӯсфандро куштааст ва 1 сар гӯсоларо захмӣ кард. Гуфта мешуд, палангро аз дохили оғилхонаи сокини Намадроҷ дастгир карда, ба ноҳияи Мурғоб интиқол додаанд.

Ҳамин тавр, субҳи 23  феврали соли 2022, тахминан соати 07:30 як паланги барфӣ ба оғили як сокини ҳамин ҷамоати Барвози ноҳияи Роштқалъа ворид шуда, ба чорвои дохили он ҳамла карда буд. Ин дарранда 20 сар чорвои хурдро дарронд ва як сар чорвои калонро маъюб кард.

Ҳамчунин субҳи барвақти 20 октябри соли 2021, тахминан соати 04:00 як паланги барфӣ ба оғили як сокини ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошим ҳамла овард ва 31 сар чорвои хурдро нобуд карда, 2 сар чорвои калон ва 8 сар чорвои хурдро захмӣ карда буд.

Чунин ҳамлаҳои ҳайвоноти ваҳшӣ, махсусан палангу гург ва гоҳо ҳатто хирс ба сарою оғили сокинони ин вилояти баландкӯҳ бавижа дар фасли сармо, ки ҷустуҷӯи ғизо барои ҳайвонҳои ваҳшӣ мушкил мешавад ва онҳо маҷбур мегарданд, ки дар ҷустуҷӯи сайд  аз кӯҳҳо пойин фаромада, ба маҳалҳои аҳолинишин наздик шаванд, бештар ба мушоҳида мерасад.

ПАЛАНГИ БАРФӢ (номи илмиаш Panthera uncia) аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст, ки дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё ба сар мебарад. Паланги барфӣ дар ҳамаи кишварҳои сукунаташ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳамчун ҳайвони рӯ ба нестшавӣ ба Китоби Сурх шомил карда шудааст. Тахмин мезананд, ки шояд дар саросари олам ҳамагӣ 10 ҳазор паланги барфии болиғ боқӣ монда бошад. Палангҳои барфӣ асосан ба сабабҳои шикор ва нобудии маҳалли зисташон ва танг шудани майдони будубошашон ба нобудӣ расидаанд.

Палангҳои барфӣ аз дигар намуди ҳайвонҳои палангмонанд ба ҷусса хурдтаранд. Пӯсти онҳо сафед, зард ва моил ба хокистарӣ аст ва ин ҷонварон дорои холҳои тираранги рӯи пӯст ва ду тарафи бадани худ ҳастанд.  Шиками ин ҷонварон сафед аст ва чашмонашон сабзи камранг ё хокистарист, мӯйҳои бадани ин ҷонвар аз 5 то 12 сантиметр дарозӣ дошта, сахту анбӯҳ аст.

Дарозии бадани паланги барфӣ аз сар то дум 75 то 150 сантиметр ва тӯли думаш 80 то 105 сантиметр буда, вазнаш аз 25 то 55 килост.

Вижагии дигари паланги барфӣ ин аст, ки ба фарқ аз дигар анвои паланг дар минтақаҳои сарду пурбарф ва қуллаҳои баланд ба сар мебарад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ба таваҷҷӯҳи сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

  • чорвочаронӣ бояд танҳо рӯзона, вақте ҳаво рушан аст, мумкин мебошад ва он ҳам бо чӯпон, ки бо худ ашёи тарсонандаи ҳайвоноти ваҳширо дорад. Шабона ҳавонот бояд дар маконҳои амн нигаҳдорӣ шаванд;
  • фермаҳо ва молхонаҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ берун аз қаламрави деҳа сохта шудаанд, бояд гирдогирд бо тур печонида шуда бошанд ва ё атрофашон девор гиронда шуда бошанд ва баландии ин девор на камтар аз 2,5 метр бошад.  Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст — онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонй карда шаванд. Истифодаи усулҳои тарсонданн паланги барфй ба мақсад мувофиқ аст;
  • ҳама ҷасади ҳайвонҳое, ки мавриди ҳамлаи паланги барфӣ ё ҳар ҷонвари дарандаи дигар қарор гирифтаанд, бояд сӯзонида нобуд карда шаванд;
  • дар кулбаи шикорчӣ, бошгоҳҳои тобистона ва оғилхонаҳо сагҳо бояд ҳатман бошанд, вале онҳо бояд аз ҳамлаи паланги барфӣ ҳифз карда шаванд. Аз ин рӯ, барои саг паногоҳи вижа бояд сохт, масалан зери хонаву молхона ягон вурудгоҳи хеле танге, ки ба ҷуз саг ҳайвони дигар натавонад вориди он шавад. 

Ғайр аз ин бояд қаламрави хонаҳои шахсӣ дар маҳалҳои буду боши паланги барфӣ, бахусус дар канори деҳаҳо бо тур ва ё деворҳои баландиашон на камтар аз 2,5 метр ҳифзозат карда шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button