ВарзишВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

САЛИМ-БОЙБАЧА – СУЛТОНИ МАФИЯИ ӮЗБЕКИСТОН – БА 6 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи парвандаҳои ҷиноятии ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканди пойтахти Ӯзбекистон рӯзи 19 марти соли 2024 Салим Абдувалиев, маъруф бо лақаби Салим-бойбача, як шахсияти хеле пурнуфуз дар ин кишварро ба 6 соли зиндон маҳкум кард.  Салим-бойбача, ки 74 сол дорад ва дар баробари  Ғафур-бойбача (Ғафур Раҳимов) яке аз султонҳои мафияи Ӯзбекистон ва ҳамчунин яке аз сарони аз ҳама муътабари олами ҷиноии Осиёи Марказӣ шумурда мешуд, расман аз соли 2017 муовини раиси Кумитаи миллии олимпӣ ва раиси Федератсияи гуштини Ӯзбекистон буд. Барои саҳмаш дар рушди варзиш Салим-бойбача соли 2015 бо ордени “Дӯстлик” сарфароз гардида, соли 2021 соҳиби унвони “Мураббии шоистаи Ӯзбекистон” шудааст.

Телеграм-канали додгоҳҳои шаҳри Тошканд хабар дод, ки додгоҳи ноҳия, ё тумани Миробод Салим-бойбачаро бар асоси қисми дуюми моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон дар гардиши ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор шинохт, вале иттиҳоми қочоқро ба сабаби гузаштани муҳлати даъво аз айбномаи ӯ пок кард. Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки Салим Абдувалиев фурсат дорад, ки аз ҳукми додгоҳ шикоят барад. Назари ӯ ва адвокатҳояш ба ҳукми содиршуда маълум нест.

Салим Абдувалиев ҳарчанд расман нафақахӯр буду дар асосҳои ҷамъиятӣ дар мақомҳои раҳбарии Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи гуштини Ӯзбекистон кор мекард, вале дар асл яке аз чеҳраҳои хеле пурнуфуз дар олами ҷиноии Тошканду Ӯзбекистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ дониста мешуд.

Дар мукотибаҳои дипломатии Амрико аз соли 2006, ки “Викиликс” нашрашон карда буд, Салим Абдувалиев ҳамчун “султони мафияи Тошканд” муаррифӣ мешуд, ки бар асоси ин манбаъ, ба хариду фурӯши мансабҳои равғанин ва қарордодҳои низ пурфоидаи давлатӣ машғул буд.

Салим-бойбача дар аввали моҳи декабри соли 2023 дар чорчӯби як амалиёти вижаи зидди сарони олами ҷиноӣ, ки мақомоти Ӯзбекистон онро “40 рӯзи долу зарб” ном дода буданд, дастгир шуд.

Дар ҷараёни он маърака мақомоти Ӯзбекистон даҳҳо намояндаи пурнуфузи олами ҷиноиро дастгир ва ба муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон карданд.

Аз ҷумла дар Тошканд Салим-бойбача, Бахтиёр Қудратуллоев, мулаққаб ба “Бахти Ташкентский” (“Бахтии Тошкандӣ”), ягона “дузди қонунӣ” ( “вор в законе”) аз Ӯзбекистон, Саидазиз Сайдалиев, мулаққаб ба “Сайидазиз аз Медгородок”, Шерзод Самиев, Мирсолиҳ Мирхоҷаев, Бузрук Бузруков ва даҳҳо тани дигар, ки барои “Бахтии Тошкандӣ”, Салим-бойбача ва дигар сарони олами ҷиноии Ӯзбекистон кор мекарданд дастгир шуданд.

Ҳамин тавр, дар Андиҷон мақомот одами “Бахтии Тошкандӣ” бо лақаби Хусан-Эпчил, ё Ҳусайни Айёрро дастгир карданд. Одами дигари “Бахтии Тошкандӣ” дар вилояти Фарғона Достон Халилов, вақте ба даст афтод, ки мехост ба Қирғизистони ҳамсоя фирор кунад.

Дар вилояти Самарканд мақомот 47 узви гуруҳҳои ҷиноиро, ки “кӯшиш мекарданд, ба муҳити иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонанд”, боздошт карданд. 25 нафари онҳо бо ҳабси маъмурӣ халос хӯрданд, вале нисбати 6 нафараш парванда кушоданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button