ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронНуқтаи назарТоҷикистон

БАРГАРДЕД! ҲИМОЯТИ ОВОЗХОНИ МАЪРУФ САДРИДДИНИ НАҶМИДДИН АЗ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ВА ХИТОБАШ БА МАНСАБДОРОНУ БЛОГЕРОН

Садриддини Наҷмиддин, ситораи шуҳратёри эстрадаи тоҷик, ки ҳоло дар Канада ба сар мебарад, рӯзи 4 апрели соли 2024 бо нашри як муроҷиатнома дар саҳифааш дар Фейсбук бо изҳори ташвиш аз аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки ин шабу рӯз дар пайи ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар канори Маскав дар як шароити сахту таҳти таъқиб қарор гирифтаанд, аз онҳо даъват кард, ки дастаҷамъона ба Ватан баргарданд.

Садриддини Наҷмиддин навиштааст, ки аз ин даъват “ҳамаи мардуми мазлуми Тоҷикистон” низ пуштибонӣ хоҳанд кард.

Аз шумо хоҳишу илтимос мекунам, баргардед ба Ватан! То кай таънаи ин ҳукумати ношукри фашистро тоқат мекунед? Ҳатто касе агар паспорти инҳоро дорад, бурда, партояд. Шумо худ дидед, ки чӣ қадар қадр дорад ин коғазашон. Ҳар вақте ки хостанд, онро барои Тоҷик бекор мекунанд. Охир то кай таънаи инҳоро гӯш мекунед..? – навиштааст овозхони маъруф.

Мояи дигари ташвиши Садриддини Наҷмиддин хатари ба ҷанги зидди Украина бурдани муҳоҷирони тоҷик аст. Ӯ менависад: Ҳоло дигар баҳона пайдо карданд, ки шуморо бе пурсу пос рост ба ҷанг равон кунанд. Ҳайфи ҳамон ҷавонмардоне, ки ҳайф шуданд ва шуда истодаанд”.

Садриддини Наҷмиддин аз ҳамаи шахсони дар ҷомиаи бонуфуз, аз ҷумла аз блогерҳо хост,  то муҳоҷиронро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ кунанд. Блогерҳо,  чӣ хеле ки дар ҳар мавзӯи Ватан баромад мекунед, хоҳиш, дар ҳамин масъала ҳам бетарафӣ накунед. Ташвиқ кунед, ки мардум баргардад ба Ватан. Ё шумо, блогерҳо,  фақат гиву бозӣ гузаронда метавонед, тамом?” – суол кардааст ҳунарманди тоҷик аз блогерҳо.

Дар идомаи матлабаш Садриддини Наҷмиддин бо ишора ба олудагии мансабдорони тоҷик ба коррупсия навиштааст:

Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин қадар пуле, ки мансабдорони мо тӯли ин 32 сол ҷамъ карданд дар бонкҳои хориҷа ба ҳама мардум мерасад.

Ана акнун навбати шумо, вазифадорони азиз, ки ғами мардумро хӯред,  чун 32 сол шуморо ғам надоданд, ҳама аз Русия бо қимати чони худ пул равон мекарданд ба Ватан, акнун намешавад дигар…

Як бор шумо дасти хайратонро нишон диҳед охир!

 Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст, ҳама чиро шумо 32 сол барои кӣ сохтед? Барои Халқ? Албатта, ман боварӣ дорам,  ки барои Халқ аст. Шумо вазифадоред, ки дар ин шабу рӯз бо мардум бошед!”

Садриддини Наҷмиддин қаблан ҳам дар масоили доғи иҷтимоии Тоҷикистон гоҳо изҳори назар мекард, вале ин бори аввал аст, ки ӯ ба чунин сурати бепарда ва ошкор вориди баҳси чунин як мавзӯи доғи кишвар шуда, ба чунин лаҳни тунд аз мансабдорони фасодзада даъват мекунад, ки миллионҳоро рабудаашонро бароранд ва барои халқи худ сарф кунанд.

Овозхони шинохта дар анҷоми матлабаш изҳори боварӣ кардаст, ки “ҳеҷ кас дар Ватан гушна намемонад. Аллоҳ рисқро медиҳад ҳатман! Ба пеш, ба Тоҷикистони азизамон!”

Садриддини Наҷмиддин 44 сол дошта, яке аз хушномтарин ситораҳои эстрадаи муосири тоҷик ба шумор меравад. Садриддин 19 январи соли 1980 дар Душанбе ба дунё омада, дар миёнаҳои солҳои 90 пой ба саҳнаи эстрада гузошт.

Ӯ худро парвардаи мактаби овозхонии шодравон Кароматуллоҳи Қурбон медонад. Садриддин нахустин қадамҳояшро дар саҳнаи эстрада бо бозхонии таронаҳои ин овозхони фақид ва таронаҳои дар сабки ӯ хондааш гузошт, вале хеле зуд роҳу равиши худро пайдо кард ва ҳоло худ як хонандаи соҳибмактаб дониста мешавад.

Садриддини Наҷмиддин нахустин овозхони эстрадаи тоҷик буд, ки роҳи Амрикоро боз кард ва дар он сӯи уқёнус консертҳо гузоштаву клипҳо таҳия ва нашр кард.  Садриддин инак чанд сол боз пурра дар Канада зиндагӣ мекунад.

Матни пурраи матлаби Садриддини Наҷмиддинро бо каме ихтисори калимаву ибораҳои таҳқиромезаш дар зер бихонед:

Sadriddin Nadzhmudinov 

Ассалому алайкум, муҳоҷирони ғамкашидаи ТОҶИК!

Ман бениҳоят ин шабу рӯз дар ғами тақдири шумо дар ҳукумати фашистони бе имони рус дар ташвишам. На танҳо ман, балки ҳамаи мардуми мазлуми Тоҷикистон.

Аз шумо хоҳишу илтимос мекунам, баргардед ба Ватан! То кай таънаи ин ҳукумати ношукри фашистро тоқат мекунед? Ҳатто касе агар паспорти инҳоро дорад, бурда, ба туалет партояд.

Шумо худ дидед, ки чӣ қадар қадр дорад ин коғази ташнобашон. Ҳар вақте ки хостанд, онро барои Тоҷик бекор мекунанд. Охир то кай таънаи инҳоро гӯш мекунед..?

Ҳоло дигар баҳона пайдо карданд, ки шуморо бе пурсу пос рост ба ҷанг равон кунанд. Ҳайфи ҳамон ҷавонмардоне, ки ҳайф шуданд ва шуда истодаанд.

Аз ҳама одамоне, ки камтар дар мобайни мардум шинохта ҳаст ё ба қавле блогер мегӯянд, хоҳиш карда мешавад, ки ташвиқ кунед, ки муҳоҷирон баргарданд ба Ватан.

Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки ин қадар пуле, ки мансабдорони мо тӯли ин 32 сол ҷамъ карданд дар бонкҳои хориҷа ба ҳама мардум мерасад.

Ана акнун навбати шумо, вазифадорони азиз, ки ғами мардумро хӯред,  чун 32 сол шуморо ғам надоданд, ҳама аз Русия бо қимати чони худ пул равон мекарданд ба Ватан, акнун намешавад дигар… Як бор шумо дасти хайратонро нишон диҳед охир!

 Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст, ҳама чиро шумо 32 сол барои кӣ сохтед? Барои Халқ? Албатта, ман боварӣ дорам,  ки барои Халқ аст. Шумо вазифадоред, ки дар ин шабу рӯз бо мардум бошед!

Блогерҳо,  чӣ хеле ки дар ҳар мавзӯи Ватан баромад мекунед, хоҳиш, дар ҳамин масъала ҳам бетарафӣ накунед. Ташвиқ кунед, ки мардум баргардад ба Ватан.

Ман боварӣ дорам, ки ҳеҷ кас дар Ватан гушна намемонад.  Аллоҳ рисқро медиҳад ҳатман! Ё шумо, блогерҳо,  фақат гиву бозӣ гузаронда метавонед, тамом?

Ба пеш, ба Тоҷикистони азизамон!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button