ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК НАВРАСИ 17-СОЛА ДАР БУНҶИКАТ ҚУРБОНИ РАЪДУ БАРҚ ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 23 апрели соли 2024, наздик ба соати 13:30 ҳангоми чорвочаронӣ дар чарогоҳи кӯҳӣ як сокини 17-солаи деҳаи Себзори ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бар асари раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, борҳо сокинонро аз хатари раъду барқ огоҳ карда буд. Ду рӯз пеш аз аз эҳтимоли борону раъду барқ огоҳӣ додаву аз сокинон хоста буд, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба саҳрову дашт ва доманакӯҳҳо ба ғунучини ҳезуму гиёҳ, моҳидорӣ дар соҳили обҳо ва аз чорвочаронӣ дар чарогоҳҳо худдорӣ кунанд.

“Мутаассифона, на ҳама ба тавсияҳо ва ҳушдорҳо гӯш медиҳанд ва баъзан ин гуна худсариҳо боиси фоҷеа мешавад”, гуфта мешавад дар иттилоияи Кумита.

Ин ниҳод гуфтааст, ки рӯзи 25 апрел бар асари обшавии пиряхҳо омадани селҳо пешбинӣ шуда, аз 26 то 28 апрели соли 2024 бошад ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст ва дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат борида, дар баландии 2500 метр ин боронҳо метавонад ба барф мубаддал гарданд. Ба истиснои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон обуҳавошиносон дигар дар аксар манотиқи Тоҷикистон раъду барқро пешгӯӣ мекунанд. 

Аз 26 то 28 апрели соли равон хатари омадани селҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, навоҳии ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад. Ҳамчунин болоравии сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, аз эҳтимол дур нест.

Боронҳои пуршиддат метавонанд боиси мулоим шудани хок ва ҳаракати он дар минтақаҳои кӯҳиву наздиқӯҳӣ шаванд. Ин ҳатто метавонад боиси лағжиши тарма, ярч, резиши санг ва омадани сел гардад. 

Дар ин иртибот Кумита ба сокинони ин ноҳияҳо тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ба ғунучини ҳезум, дорувор, шикор ва моҳидорӣ нараванд. Ҳамчунин тавсия мешавад, ки дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои наздикӯҳиву кӯҳӣ чорвочаронӣ маслиҳат нест.

Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ бештар эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Аммо қабл аз сафар ҳатман дар бораи вазъи роҳҳои иттилои заруриро ба даст оранд. Суръати ҳаракат дар роҳҳи кӯҳиро риоя кунанд. Оҳиста мошин рондан як сабаби аслии таъмини амнияти шумост!

Кумита аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода бо ёрии телефонҳои  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 ба ёрӣ даъват кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button