ВидеоДин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

“БО МАКРУ НАЙРАНГИ БА ХУД ХОС”: БОЗДОШТИ БИБИСАНГИ ФОЛБИН АЗ НОҲИЯИ ДӮСТӢ (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 6 марти соли 2024 аз боздошти як зани 44-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл) бо иттиҳоми мардумфиребӣ ва машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду хабар дод.

Милитсияи Хатлон мегӯяд, амалҳои хурофотпарастона, ба мисли сеҳру ҷодугарӣ ва фолбинӣ, ки содиркунандагони он шаҳрвандони хурофотпарасту гумроҳро ба доми худ мекашанд, кирдори зиддиқонунӣ ба ҳисоб рафта, барои он ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ақидаи мақомот, фолбинӣ ва сеҳргариву ҷодугарӣ дар асл мардумфиребист, вале бо ин вуҷуд то ҳол баъзе нафарон бо чунин амал аз ҳисоби корафтодагоне, ки аксаран занҳоянд, даромади муфту бедардимиён ба даст меоранд.

Аз ҷумла кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ бо доир намудани чорабиниҳои санҷишӣ як нафар зани 44-солаи сокини ин ноҳияро, ки “бо ҳар гуна макру найрангҳои ба худ хос” ба сеҳру чоду ва фолбинӣ машғул буд, боздошт кардаанд.

Бино ба гузориши милитсия, Бекмуродова Бибисанг, соли тавалудаш 1980, бо истифода аз ҳар гуна ашё ба муштариёнаш ваъдаи беасос медод, ки гӯё сеҳру ҷодуро аз бадани онҳо бароварда, барои муносибатҳои оиладорӣ, меҳру муҳаббати хонаводагӣ, кушоиши кор, дармони дард ва ҷинбарорӣ ба онҳо  гӯё кумак мерасонад.

“Бештари муштариёни ин нафари ба ном фолбину ҷинбарор занон буда, бо маблағҳои ҳангуфт аз «мушкилосонкун»-и хеш дармони дардашонро меҷустанд. Дар ҷараёни санҷиш зимни азназаргузаронии манзилҳои истикоматии номбурда қулфу калид, хонаи занбур, мӯи сар, сӯзану ришта ва як миқдор тӯмору таштоб дарёфт ва мусодира карда шуд”, – гуфта мешавад дар гузориш. Худи Бибисанг Бекмуродова барои шарҳи қазия дастрас нест.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Бекмуродова Бибисанг парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, додгоҳ ӯро барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ҷарима бастааст.

Дар Тоҷикистон аз соли 2006 фолбинӣ ва сеҳру ҷоду қонунан манъ карда шуда, барои он дар қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Вале аксари онҳое, ки ба чунин кор машғул буданд, худро дар вазорати тандурустӣ ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, ҳамчунон ба корашон идома медиҳанд.
Тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, нисбат ба шахсони воқеӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шудааст. Дар сурати дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани айни кирдор ҷаримаи дуюм алакай ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда мешавад. Ёдовар мешавем, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Дар як моҳи охир милитсияи Хатлон аз боздошти чандин фолбин хабар дод. Аз ҷумла дар аввали моҳи феврал сокини 74-солаи маҳаллаи “Якуми май”-и шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми фолбинӣ ва ҷодубарорӣ Файзуллоев Раҳматулло ва дар поёни моҳи феврал сокини низ солхӯрдаи 69-солаи шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Зоя Қосимова бо айни ҷурми машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дастгир карда шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Холмуҳаммадзода Абдуғаффор Ҳамадонӣ, шогирди достор абдураҳими муллозода гуяд:

    Изҳори миннатдории худро ба аҳли эҷоди сомонаи хабарии “бомдод”, ба вижа ба мудири кулл мирзои салимпур мерасонам, ки тайи се соли охир аксари шарҳҳои бандаро, ки зери хабарҳои гуногун изҳори назар кардаам, нашр кардаанд, агар дар ҳар мавриде, ки беадабӣ, беэҳтиромӣ, дурӯғу тӯҳмат ва таҳқиру дашном ё шухии бемаврид ҷой дошта бошанд, шахсан аз шумо ва аз кулли хонандагони торнома авфу бахшиш талаб менамоям, маро самимона бубахшед. Ҳамчунин аз ин, ки худро бо ному насабаи фейкӣ (ҷаълӣ) дар бахши шаррҳо муаррифӣ кардаам, ҳамчун далели амниятӣ бипазиред. (То сипарӣ шудани моҳи шарифи рамазон ба интернет даст намеросанам, аз ин рӯ хабарҳоро низ дунбол намекунам, мувафаққият, комёбӣ, пешравӣ, барори кор, хабару гузоришҳои мусбат бароятон орзӯмандам)!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button