ВидеоТаърихЧеҳраҳо

ШАҲРДОРИ СОБИҚИ ДУШАНБЕ ЮРИЙ ПОНОСОВ ДАР МАСКАВ ВАФОТ КАРД

Cобиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва шаҳрдори собиқи пойтахти ин кишвар, шаҳри Душанбе Юрий Поносов рӯзи 20 апрели соли 2024 дар шаҳри Маскав дар синни 83 бар асари бемории қалб  дар роҳ ба бемористон дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз олам чашм пӯшидааст. Дар ин бора рӯз  25 апрел бо такя ба манбааш хабаргузории русии “Регнум” хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, рӯзи 20 апрел аҳволи саломатии Поносов бад шудааст. Наздиконаш барои ӯ “Ёрии таъҷилӣ” даъват кардаанд, вале ӯро то бемористон бурда натавонистанд. Юрий Поносов дар роҳ дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар рӯи дасти табибон ҷон додааст.

 “Поносов, ки 83 сол дошт, дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ ҷон дод. Сабаби муқаддамотии марги ӯ аз кор мондани қалб ва рангҳои хунгардаш будааст”, — хабар додааст манбаи “Регнум”.

Юрий Филимонович Поносов 24 марти соли 1941 дар деҳаи Урулга ноҳияи Карими вилояти Читаи Русия ба дунё омада, соли 1961, баъди хатми техникуми сохтмони Чита барои кор ба Тоҷикистон рафт ва то соли 1998, қариб 27 сол дар онҷо монд.

Юрий Поносов собиқаи кориашро соли 1961 дар идораи сохтмони иншооти саноативу мулкии ноҳияи Орҷоникидзеобод оғоз карда, сипас чандин сол дар комбинати хонасозии Орҷоникидзеобод  ба ҳайси усто, механик, сартехнолог кор карда, соли 1972 ба мақоми муовини раҳбари ин комбинат расид. Поносов соли 1974 Донишкадаи муҳандисони роҳи оҳани Тошкандро ғоибона хатм кард ва бо дарёфти дипломи мактаби олӣ ба кори ҳизбӣ гузашт.  Нуқтаҳои аз ҳама баланди мансабҳои ҳизбии ӯ ин мақоми котиби якуми кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист (КПСС) дар шаҳри Кӯлоб дар солҳои 1983-1985  ва котиби дуюми кумитаи вилоятии КПСС дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои 1985-1988 буд. Поносов аз соли 1988 то 1990 муовини раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе ва аз соли 1990 вазири сохтмони Тоҷикистон буд.

Поносов ҳамин тавр соли 1994 ба ҷои Ҷамолиддин Мансуров раиси шаҳри Душанбе таъйин шуда, то соли 1996 дар ин мансаби баланд кор кард ва ин мақомро сипас ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, яке аз чеҳраҳои пурнуфузи он даврон супурд. Убайдуллоев, қарори маълум, мақоми шаҳрдори Душанберо беш аз 20 сол пеши худ нигоҳ дошт ва танҳо моҳи январи соли 2017 ба Рустами Эмомалӣ, писари калонии президент Эмомалӣ Раҳмон таслим кард.

Юрий Поносов баъди тарки курсии шаҳрдори Душанбе 28 марти соли 1996 ба мақоми муовини аввали  сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд, вале моҳи январи соли 1998, баъди ҳамагӣ наздики ду соли кор дар ин мақом аз вазифа озод карда шуд ва ба Маскав кӯчид. Ӯ дар Маскав аз соли 1998 то 2001 сардори идораи коргузории Госстрой,  кумитаи давлатии сохтмони Русия буд.

Юрий Поносов барои хидматҳояш бо ордени “Нишони фахрӣ” ва ду медал сарфароз гардида, вакили Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон низ интихоб шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button