ВарзишМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

НАРХИ ВИЗА – АЗ 60 ТО 190 ДОЛЛАР. ТАРТИБИ НАВИ САФАР БА ТУРКИЯ МАЪЛУМ ШУД

Сафорати Туркия дар Душанбе рӯзи 7 апрели соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук тартиби нави сафарҳо ба ин кишвар барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

Бино ба тавзеҳи сафорат, то 20 апрели соли 2024 шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунон метавонанд бидуни виза ба Туркия сафар кунанд, вале барои сафарҳои баъди 20 апрел бояд аз сафорат ё дигар намояндагиҳои дипломатии Туркия раводид (Visa Sticker) бигиранд.

Онҳое, ки алакай дар Туркия қарор доранд, то 90 рӯз метавонанд бидуни мамониат онҷо бимонанд ва барояшон пур кардани ягон ҳуҷҷати иловагӣ лозим нест.

Сафорат ҳамчунин дар посух ба суоли яке аз корбарон шарҳ дод, ки нархи виза барои сафари яккарата ба Туркия 60 доллар ва барои сафарҳои бисёркарата (мулти-виза) 190 доллар муқаррар карда шудааст.

Онҳое, ки  аз тариқи Туркия парвози транзитӣ доранд, ба виза зарурат надоранд.

Сафорат дар иттилоияаш гуфтааст, интизор меравад, ки и иқдом, яъе ҷорӣ кардаи виза барои тоҷикҳо муваққатӣ бошад.

Аз шарҳҳои зери ин хабарномаи сафорати Туркия бармеояд, ки бисёриҳо тасмими мақомоти Туркия ҷиҳати бекор кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро манфӣ қабул карда, онро “бозии сиёсӣ” ва ҳатто “як нуқтаи сиёҳ дар равобити ду кишвар номидаанд.

Аз ҷумла Санҷаршоҳ Каримзода бо ишора ба кумакҳои Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои заминларзаи пурқурбонӣ дар Туркия навиштааст, ки “ҷаноби сафир соли гузашта гуфта буд, ки некии мардуми тоҷикро дар қалбҳоямон сабт хоҳем кард, аммо имрӯз бадбинона аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ раводидро танҳо бо Тоҷикистон қатъ кардед!”

Mуҳаммад Мадалиев ҳам навишт: Ин як нуқтаи сиёҳ дар муносибати дипломатии ду кишвар хоҳад буд. Мо тоҷикон хеле хуб дарк менамоем, ки ин бозии сиёсӣ мебошад. Мардуми шарифи тоҷик ба дараҷаи баланд мӯҳтоҷи сафар ба Туркия нест, аммо аз нигоҳи шахсии ман ин як изҳори нобоварӣ мебошад. Туркия бо ин кораш мавқеи дипломатии худро дар Тоҷикистон коста кард!”

Қаблан вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки аз ҷониби Туркия дар бораи ҷорӣ шудани виза барои шаҳрвандони тоҷик расман ягон иттилоъ нагирифтааст.

Шоҳин Самадӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6 апрели соли 2024 ба “Азия Плюс” дар ин робита гуфт: “Тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, ҷониби Туркия мебоист аз қабл ҷониби Тоҷикистонро аз санаи ҷорӣ шудани низоми раводид (виза) хабардор мекард”. Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки Душанбе низ дар асоси асли посухи мутақобила масъалаи ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад.

Танҳо рӯзи 7 апрел вазорати хориҷаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҷониби Туркия шаби 6 ба 7 апрел билохира ҷониби Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ аз ин иқдомаш расман хабардор кард.

Тавре қаблан хабар додем, шаби 5 ба 6 апрели соли 2024 дар нашрияи расмии ҳукумати Туркия Resmi gazete фармони президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон. Дар ин фармон, ки аз рӯзи нашраш, яъне 6 апрел ба иҷро даромад, гуфта мешавад ки:  “Қарор карда шуд, ки режими бидуни раводид барои сафар ба Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳои хориҷии оддӣ доранд, бекор карда шавад”.

Дар бораи сабаби чунин қарори ҳукумати Туркия низ то кунун шарҳе нашр нашудааст. Вале тасмими Туркия дар мавриди бекор кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи силсилаи ҳамлаҳои террористии аз номи созмони террористии ДОИШ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Туркия, бо иштироки зодагони Тоҷикистон суратгирифта эълон шуд.

Аз ҷумла барои ҳамлаи мусаллаҳонаи моҳи январи соли 2024 ба калисои католикӣ дар шаҳри Истанбул, ки боиси ҳалокати як шаҳрванди Туркия шуд, ду нафар дастгир шуданд, ки якеаш аз Русия ва дуюмаг зодаи Тоҷикистон Амирҷон Холиқов буд.

Алакай дар пайи ин ҳамла тафтиши мусофирон аз Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Истанбул шадид карда буданд. Мусофирони тоҷик шикоят мекарданд, ки онҳоро бидуни чиптаи бозгашт ба Туркия роҳ намедиҳанд ва ҳатто агар чиптаи бозгашт дар даст дошта бошанд, бояд дар марз нишон бидиҳанд ва собит кунанд, ки барои муддати зиндагиашон дар Туркия бо худ маблағи кофӣ доранд.

Ҳамин тавр,  дастикам ду нафар аз омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки онҳо ҳам аз Тоҷикистонанд, дар аввали соли ҷорӣ ба Туркия сафар карда буданд. Гумон меравад, ки онҳоро барои машқ додан ба пойгоҳҳои махфии гуруҳҳои террористӣ бурдаанд.

Ахиран дар асоси баёноти додаи Фаридуни Шамсиддин, ки ӯро саркардаи ҳамлагарон мешуморанд, дар Туркия 51 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир карданд. Ҳамин тавр, шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шарики 41-солаи ӯ аз Қирғизистон бо номи Зулфия С. бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Туркия дастгир шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button