ВидеоКоррупсия

ТАСАРРУФИ 142 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ СОХТМОНИ ОШХОНАИ ДУҚАБАТАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 25 апрели соли 2024 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ супурдани парвандаи раҳбари ширкати “Лоиқ” Саидов А.И. ва шариконаш хабар дод. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки дар ҷараёни сохтмони ошхонаи дуқабатаи Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон  142 ҳазор сомонӣ, муодили қариб 13 ҳазор долларро тасарруф карда, барои пӯшондани ин кирдораш даст ба сохтакорӣ задааст.

Худи Саидов, ё шариконаш ва ё адвокатҳову наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия гуфт:

“Зимни гузаронидани санҷиши молиявӣ – хоҷагидории фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Саидов А.И. ҳамчун муассис – директори ҶДММ “Лоиқ” нақшаи ҷинояткоронаи тасарруфи маблағҳои буҷетиро таҳрезӣ намуда, бо ҳамин мақсад моҳи ноябри соли 2023 зимни сохтмонии иншооти “Сохтмони бинои ошхона, иборат аз 2 ошёна, дар ҳудуди қитъаи замини Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ” маблағи 142 ҳазору 693 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷудошударо бо роҳи кам истифода бурдани масолеҳи сохтмонӣ тасарруф кардааст. Сипас, номбурда бо мақсади рӯйпӯш намудани амалҳои ҷиноятиаш худи ҳамон вақт санади иҷроиши корҳои сохтмониро вобаста ба иншооти мазкур бо роҳи сохтакорӣ омода намуда, дар он ҳаҷми кор, арзиши масолеҳ ва меъёрҳои сохтмониро барзиёд нишон дода, барои истифодабарии минбаъда ҳуҷҷати баръало қалбакиро ба Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ пешниҳод кардааст”.

 Агентӣ гуфт, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидов А.И. ва шариконаш парвандаи ҷиноятӣ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 245, қисми 3, банди “а” (тасарруфи маблағҳо ба миқдори калон) ва 340, қисми 1 (сохтакорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Ба айбдоршавандагон бар асоси қисми сеюми моддаи 245 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1092 то 1824 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 6 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Бар асоси қисми аввали моддаи 340 барои сохтакорӣ ба раҳбари ширкати “Лоиқ” ва шарикони ӯ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то 2сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат таҳдид мекунад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 долларро ташкил медиҳад.

Дар бораи инки оё дар тасарруфи ин маблағҳо кадоме аз масъулони Маркази миллии тестӣ низ ба Саидов ва шариконаш ҳамдастӣ кардааст ё хайр?, дар гузориши Агентии мубориза бо коррупсия чизе гуфта нашудааст.

Маркази миллии тестӣ як ниҳоди вобаста ба президенти Тоҷикистон аст, ки масъулияти қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, баргузориии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва тақсимоти довталабон аз рӯи кластерҳо дар риштаҳои гуногунро бар уҳда дорад. Ин ниҳод дар вақташ барои пешгирӣ аз коррупсия, ки дар ҷараёни имтиҳонҳои дохилшавӣ хеле авҷ мегирифт, ташкил шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button