ВидеоИлму фанноварӣТоҷикистонҲуқуқи инсон

БОЗГАШТ БА АСРИ САНГ? МАНЪИ ИСТИФОДАИ СМАРТФОН ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 5 марти соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки раёсати ин донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки аз оғози соли нави таҳсил, яъне аз 1 сентябри соли 2024 аз ҷониби донишҷӯён истифодаи телефонҳои сенсории смартфон дар раванди таълим ва ҳудуди донишгоҳ қатъиян манъ карда шавад. Ин тасмимро маъмурияти донишгоҳ ба халал расондани истифодаи телефонҳои мобил ба ҷараёни дарс ва донишандӯзии донишҷӯён рабт дода, хатари тавассути телефон ба ақидаҳои террористиву ифротӣ ва ғайриахлоқӣ гароидани донишҷӯёнро як сабаби дигари манъи телефонҳои сенсорӣ дар ҳудуди донишгоҳ ном бурдааст.

Маъмурияти донишгоҳи омӯзгорӣ дар шарҳи ин тасмими худ навиштааст: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ дар синфхонаҳои таълимӣ ба раванди азхудкунӣ ва донишандӯзии донишҷӯён халал ворид намуда, сифати дарсҳо ва машғулиятҳои таълимию тарбиявии омӯзгоронро коста мегардонад. Дар баробари ин, тамошои мунтазами наворҳои видеоии сомонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ, ки хусусияти ифротгароёна, террористиву экстремистӣ ва ғайриахлоқиву дур аз фарҳанги миллӣ доранд, ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад”.

Донишгоҳи омӯзгорӣ меафзояд, ки ҳарчанд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим дар асоси як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», манъ карда шудааст, “вақтҳои охир назорати иҷрои муқаррароти мазкур ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашуда буд” ва аз ин рӯ, “тасмими раёсати донишгоҳ дар мавриди манъ намудани истифодаи телефонҳои мобилии сенсории смартфон дар раванди таълим ва дар ҳудуди донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён амали саривақтӣ буда, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассиса мусоидат менамояд”.

Ҳамзамон раёсати Донишгоҳи омӯзгорӣ аз волидайни донишҷӯён даъват кардааст, то бидуни телефонҳои мобилии сенсорӣ ба дарс ҳозир шудани фарзандони худро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.Раёсати донишгоҳ  ҳамчунин омӯзгоронро вазифадор кардааст, ки “вобаста ба ҳолатҳои манфӣ ва зараровари истифодаи бемавриди телефонҳои сенсорӣ андешаҳои худро дар шакли мақола пешниҳод намоянд”.

Аммо ин тасмими раёсати донишгоҳ вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Бархе аз он пуштибонӣ карда, менависанд, ки ҳуши донишҷӯён бисёр вақт ба телефонҳояшон шуда, ба ончӣ ки муаллим барояшон мегӯяд, чандон таваҷҷуҳ намекунанд.

Аммо бархеи дигар ин тасмимро бозгашт ба асри санг унвон карда, навиштаанд, ки дар асри 21 монеи истифодаи фанновариҳои навин, аз ҷумла смартфону планшет шудани мақомоти соҳаи маорифи Тоҷикистон ба ҳамон лаҳзаи машҳури достон ва филми “Ҳасани аробакаш” мемонад, ки қаҳрамони Бимболат Ватаев бо аспу аробааш чӣ қадар ҷаҳду талош кард, ки бо техникаи муосир сабқат кунад, вале натиҷа ин шуд, ки ҳам сабқатро бохту ҳам  Рахшашро аз даст дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, “раҳгузар”-и (донишҷӯи) собиқи ин муассисаи тобеъ гуяд:

    Чунин “тасмим” дар ин мактаби педагогӣ кори нав нест, аз рӯзи пайдо шудани телефонҳои мобилӣ чунин дастур амал мекунад, гузашта аз ин, дар ин муассиса натанҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ (ҳатто телефонҳои ба истилои маъруф нокиаи “чормағзшиканӣ” ҳам мамнӯъ аст), балки ворид шудан бо ҳиҷоб, бо риш, бо мӯйи сари баланд (мардҳо), ҳатто дар замони ректории абдуҷаббор раҳмонзода духтарон бидуни “каблук” ворид шудан қатъиян манъ буд, бидуни ҷувздон ворид шудан манъ аст ва дигар маҳдудиятҳои асри “кулӯх” ҷорӣ аст. Дар натиҷа ин донишгоҳ на омӯзгор, балки “крохобор” тарбия мекунад. Ҳаёти донишҷӯӣ дар ин донишгоҳ аз ҳаёти раҳгузар ҳеч тафовуте надорад (манзурам дар самти касбомӯзӣ)!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button