ВидеоСиёсатТоҷикистонҲуқуқи инсон

“БО ШЕР ШЕРОНА РАФТОР КУНЕД!” ШИКОЯТИ УЗВИ “ГУРУҲИ 24” АБӮЗАР ХОҶАЗОДА АЗ ФИШОР БА АҲЛИ ХОНАВОДААШ ДАР ТОҶИКИСТОН

Абӯзар Хоҷазода, масъули бахши кадр ва кадрсозии ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” мегӯяд, 4 корманди мақомоти қудратӣ рӯзи 16 апрели соли 2024 ба хонаи бародари ӯ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омада, бо таҳқиру дашном аз фаъолиятҳои оппозитсиониаш даст кашидани Абӯзар Хоҷазодаро талаб кардаанд ва таҳдид кардаанд, ки дар сурати идомаи фаъолиятҳояш модари пири ӯро мисли модари Абдураҳмон09 зиндонӣ хоҳанд кард.

Мақомот ин иддаои узви фаъоли “Гуруҳи 24”-ро шарҳ надодаанд, вале Абӯзар Хоҷазода дар як муроҷиатномаи видеоӣ дар ТикТок ин фишорҳо болои наздиконашро ба ташкили эътирозҳо дар пайи ғайб задани раҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин созмон дар Туркия Насимҷон Шарипов ва барномаи ҷадиди видеоӣ бо номи “Ғурбат”, ки шумораи аввалаш тоза рӯзи 14 апрели соли 2024 нашр шуд, рабт дод. Ӯ бо як лаҳни тунд аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки “болои буздил буздилона рафтор кунед, вале болои шер мисли шермард, яъне мардона рафтор кунед!” Абӯзар Хоҷазода бо вуҷуди фишорҳо ба наздиконаш ӯ аз роҳи худ барнамегардад.

Абӯзар Хоҷазода, соли таваллудаш 1990,  ки дар Олмон мақоми паноҳандаи сиёсиро ба даст оварда, чанд сол боз бо зану 4 фарзандаш дар ин кишвари аврупоӣ ба сар мебарад, рӯзи 17 апрел дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Фишорҳо болои хонаводаи мо моҳи гузашта, баъди онки дар “Гуруҳи 24” масъулияти ташкили гирдиҳамоиҳо дар назди сафорату консулгариҳои Туркия дар робита ба ғайб задани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шариповро ба дӯши ман гузоштанд, сар шуда буд. Вале ин “боздид”-и ахири онҳо, ки билофосила баъди нашри нахустшумораи барномаи “Ғурбат” сурат гирифт, бо бархӯрди фавқулодда тунд ва пур аз таҳдиду дашноми намояндагони мақомот фарқ мекард. Нимаи дуюми рӯзи 16 апрел 4 нафар, ки ному насаб ва ҳатто аз кадом ниҳоди қудратӣ буданашонро ҳам аслан нагуфтанд, ба хонаи бародари ман дар ноҳияи Фирдавсӣ даромада, аз вай талаб карданд, ки падару модаратро ҳам даъват кун! Волидонам, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебаранд ва рӯзи 16 апрел дар роҳи сафар ба вилояти Хатлон барои хонаи бобою бибиамон буданд, маҷбур шуданд, ки аз нимаи роҳ баргарданд. Он 4 нафар аз мақомот ягон дуюним соат дар хонаи бародарам монданд ва таҳдид карданд, ки баъди расидани падару модарам боз меоянд. Гуфтаанд, ки мо тасмимамонро гирифтем ва модаратонро мисли модари Абдураҳмон09 зиндонӣ хоҳем кард. Модари ман 61 сол дошта, гирифтори бемории фишори хун аст. Ӯи бечора ба ягон фаъолиятҳои сиёсӣ ягон рабте надорад, вале мақомот мехоҳанд барои фаъолиятҳои ман модари маро муҷозот кунанд”.

Абдураҳмон 09 ва модараш Шоҳида Маҳмадҷонова

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф бо тахаллуси Абдураҳмон09, моҳи январи соли 2022 боздошт  шуд ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 7 апрели ҳамон сол ҳамагӣ баъди чанд соати шурӯи мурофиаи парвандааш, ӯро бо иттиҳоми ифротгароӣ ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Шоҳида Маҳмадҷонова инак ду сол боз дар маҳбаси Норак, ягона зиндони занонаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунад.

Абӯзар Хоҷазода дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, ӯ тарҳи барномаи “Ғурбат”-ро бо раҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар хеле қабл аз ҳамлаи хунини 22 март дар канори Маскав ва рӯзи 10 март дар Туркия ғайб задани Сӯҳроб Зафар кашида буданд ва мақсади барнома даъват аз муҳоҷирони тоҷик буд, ки рӯи алтернативаҳои дигаре ба ҷуз аз Русия бияндешанд.

“Ҳадафи барнома ба муҳоҷирон расондани ин паём буд, ки Русия дигар барои муҳоҷирон як кишвари ноамну хатарнок шудааст, ки онҳо дар онҷо метавонанд қурбони ҳамлаҳои миллатгароён шаванд ваё бо маҷбурӣ ба ҷанги зидди Украинаашон бубаранд ваё дар ҳамлаҳое, мисли ҳамлаи “Крокус” истифодаашон баранд. Мо мехоҳем аз муҳоҷирон даъват кунем, ки ба Ватан баргарданд ваё агар имкони бозгаштро надошта бошанд, пас ба дигар кишварҳои сайёра сафар кунанд. Дунё фақат як Русия нест, дар дунё 230 давлат ҳаст!” – гуфт Абӯзар Хоҷазода.

Абӯзар Хоҷазода барномаи “Ғурбат”

Ӯ хабар дод, ки намояндагони мақомот, тибқи ваъдаашон, рӯзи 17 апрел бояд дигарбора ба хонаи онҳо биоянд ва ин бор бо падару модараш дар хусуси фаъолиятҳои оппозитсионии вай гап зананд. Вале Абӯзар Хоҷазода мегӯяд, ки аз роҳаш бар нахоҳад гашт ва кӯшишҳои мақомот барои фишор овардан ба наздиконаш беҳудаанд.

Фаъолони оппозитсияи тоҷик ва мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон аз фишорҳои мақомот болои хешовандонашон зиёд шикоят мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз мақомоти тоҷик даъват кардаанд, ки ба чунин шеваи муҷозоти дастаҷамъона нуқта гузоранд.

“Гуруҳи 24” ҳаракати сиёсиест, ки соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов соли 2012 баъди фирораш аз кишвар бо мақсади ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон таъсис додааст, вале фаъолияти он дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2014 манъ карда шуд. Тоҷикистон инак беш аз 10 сол боз пайгирона боздошт ва истирдоди аъзои ин ҳаракати оппозитсиониро аз кишварҳои ҷаҳон тақозо дорад. Дар ин байни чанд узви “Гуруҳи 24”, аз ҷумла муассисаш Қувватов дар хориҷ кушта шуданд, чандеи дигар ба таври мармуз ғайб заданд ва даҳҳо нафари дигарро аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон бурда, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд.

Ҳоло “Гуруҳи 24” асосан дар кишварҳои Аврупо фаъолият дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button