Минтақа ва ҷаҳонСиёсатҲуқуқи инсон

ДОДСИТОНИИ ОЛМОН НОМИ 5 ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ТЕРРОРИЗМРО НАШР КАРД

Додситонии федералии Олмон рӯзи 24 апрели соли 2024 дар сомонааш хабар дод, ки ба зидди 7 зодаи Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми ташкили гуруҳи террористӣ, иштирок дар фаъолияти ин гуруҳ ва пуштибонӣ аз созмони террористии ДОИШ расман айб эълон кардааст. 5 муттаҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва якнафарӣ аз Туркманистон ва Қирғизистон будаанд.

Бино ба иттилои додситонӣ, ин 7 нафар соли 2022 аз Украина ба Олмон омада, аз моҳи июли соли 2023 дар боздошт қарор доранд. Иттиҳоми терроризм ба зидди ин 7 зодаи Осиёи Марказиро рӯзи 28 марти соли 2024 дар бахши парвандаҳои амнияти давлатии додгоҳи минтақаи Дюсселдорф эълон кардаанд.

Додситонии федералии Олмон исми ин 7 нафарро низ нашр кард:

  1. шаҳрванди Туркманистон Ато А.,
  2. шаҳрванди Тоҷикистон Музаммадшуҷоъ А.,
  3. шаҳрванди Қирғизистон Аброрҷон К.,
  4. шаҳрванди Тоҷикистон Нуриддин К.,
  5. шаҳрванди Тоҷикистон Шамшод Н.,
  6. шаҳрванди Тоҷикистон Саид С. И
  7. шаҳрванди Тоҷикистон Рабонӣ З.

Додситонии федералии Олмон мегӯяд, далелҳои кофӣ ба даст овардаст, то ки ин афродро ба ташкили гуруҳи террористӣ ва иштирок дар фаъолияти ин гуруҳ айбдор кунад.

Бар илова, 6 муттаҳами дигар, ба истиснои Муҳаммадшуҷоъ А., ба пуштибонӣ аз фаъолияти созмони террористии ДОИШ айбдор шуда, дар ин робита, Шамшод Н., Нуриддин К., Аброрҷон К., Ато А. ва Саид С. ҳамчунин ба вайрон кардани қонуни тиҷорати хориҷӣ муттаҳам мешаванд.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале дар айбнома онҳоро ба чунин аъмол айбдор мекунанд:

Ин 7 айбдоршаванда якдигарро дер боз мешиносанд ва ҳамаашон пайрави ақидаҳои тунди исломӣ мебошанд. Дар баҳори соли 2022, дар пайи оғози ҷанги Русия ба зидди Украина, ҳамаи ин 7 нафар ҳамзамон аз онҷо ба Олмон кӯчиданд. Дар Олмон онҳо ҳамроҳ бо як нафари дигар, ки дар Ҳолланд таҳти таъқибу бозҷӯӣ қарор дорад, барои ташкили гуруҳи террористӣ бо мақсади  дар Олмон ва дигар кишварҳои Аврупои ғарбӣ анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ аз номи ДОИШ забон як кардаанд.

Додситонии Олмон мегӯяд, аъзои ин гуруҳ бо афроди дар хориҷи Олмон қарордоштаи созмони ДОИШ-Хуросон низ дар иртибот буда, барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ доим вомехӯрданд ва маконҳои ҳамлаҳои эҳтимолиашонро меомӯхтанд. Гуфта мешавад, ки онҳо ҳатто талош кардаанд, ки силоҳ бихаранд ва барои анҷоми ҳамлаҳо маблағгузор пайдо кунанд. Вале додситонии Олмон эътироф кардааст, ки вақте ки ин 7 нафар ба даст афтоданд, онҳо ҳанӯз нақшаи ягон ҳамлаи мушаххасе дар даст надоштанд.

Бино бар айбномаашон, 6 муттаҳами дигар, ба истиснои Муҳаммадшуҷоъ А., аз моҳи апрели соли 2022 то моҳи майи соли 2023 барои ДОИШ якҷоя пул ҷамъ меоварданд ва ба намояндагони ин созмони террористӣ дар хориҷ чанд ҳазор евро равон кардаанд.

Ин 7 нафарро рӯзи 6 июли соли 2023 дар вилояти Рейн-Вестфалия дар ғарби Олмон дастгир карданд ва онҳо аз ҳамон вақт дар боздошт қарор доранд.

Вақтҳои охир дар бораи шумори рӯзафзуни зодагони Тоҷикистон дар саффи созмонҳои террористӣ, асосан ДОИШ, хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ин ҳол боиси нигаронии  ҷиддии ҳам мақомоти Тоҷикистон ва ҳам дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Ғарб шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button