АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТОЛИБОН ДАР КОБУЛ ХОНАИ САФИРИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОНРО ҒАСБ КАРДААНД

Намояндагони мусаллаҳи гуруҳи тундрави Толибон, ки умури Афғонистонро феълан ба дасти худ гирифтаанд, дар шаҳри Кобул хонаи Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро ғасб кардаанд. Инро худи генерал Ағбар рӯзи 23 апрели соли 2024 дар суҳбат бо хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” тасдиқ кардааст.  Ӯ гуфтааст, ки афроди мусаллаҳи Толибон ба хонаи ӯ дар маҳаллаи Кортаи чаҳори шаҳри Кобул ҳамла карда, афроди маскуни онро берун овардаанд ва худашон дар ин хона мустақар шудаанд.

“Панҷ сол пеш вақте маро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин карданд ва Афғонистонро тарк кардам, манзили маскунии хешро ба гарави яке аз ҳамшаҳриён даровардам, ки то ҳол дар он ҷо ба сар мебурд”, – гуфтааст Ағбар.

Вай афзудаст, ки рӯзи 21 апрел намояндагони Толибон бо зӯргӯӣ ва силоҳ бошандагони хонаро пеш кардаанд.

“Толибон бо туфангҳо ба манзили банда ҳамла намуда, бо хушунат ва ваҳшати бисёр бо афроди дохили он бархӯрд кардаанд ва хонаро тахлия намуда, дар ихтиёри туфангдорон қарор доданд”, – нақл кардааст сафири Афғонистон.

Моҳи июни соли 2023 афроди Толибон хонаи сеқабатаи Муҳаммадзоҳир Ағбарро дар рустои Рухаи дараи Панҷшер оташ зада буданд.

Ҳамин тавр, моҳи январи соли 2024  манзили марбут ба Фазлаҳмад Маънавӣ, вазири адлия дар ҳукумати қаблӣ ва яке аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, яке аз ташаккулҳои умдаи зидди режими нави Толибонро оташ заданд.

Ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон баъди ғасби ҳукумати Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 қасру кӯшкҳои пуршукӯҳи хеле аз намояндагони баландпояи ҳукумати қаблӣ, аз ҷумла қасрҳои генерал Дӯстум ва волии собиқи Балх Атомуҳаммади Нурро ишғол карда, баъди ғасби Панҷшер, ки охирин ҷабҳаи муқовимати зидди онҳо буд, вориди нафақат хонаи Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи шуҳратёри даврони ҷиҳод дар Афғонистон шуданд, балки мазори ӯро дар Панҷшер низ зери назорати худ оварданд.  Гуфтанист, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд Аҳмади Масъуд дар Душанбе ба сар мебарад ва аз ҳамин ҷо ба муборизаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба зидди ҳукумати нави Толибон раҳбарӣ мекунад.

Генерал Муҳаммадзоҳир Ағбар низ зодаи Панҷшер буда, аз тарафи ҳукумати қаблӣ ба мақоми сафири Афғонистон дар Душанбе таъйин шуда буд. Генерал Ағбар режими нави Толибонро эътироф накард ва талаби Толибон дар мавриди дипломатҳои таъйинкардаи онҳо супурдани умури сафорати Афғонистон дар Душанберо низ напазируфт. Ағбар ҳамин тавр, наздики як миллион доллареро, ки вазорати молияи Толибон алакай баъди умури давлати Афғонистонро ба даст гирифтани онҳо иштибоҳан ба суратҳисоби бонкии сафорати Афғонистон дар Душанбе интиқол дода буданд, ба ҳокимони нави Кобул барнагардонд.

Генерал Ағбар аз афроди наздик ба зодаи дигари Панҷшер Амруллоҳ Солеҳ аст. Солеҳ, ки дар ҳукумати қаблиии Ашраф Ғанӣ то ба мақоми ноиби президент расида буд, баъди сарнагун шудани ҳукуматашон низ ба Тоҷикистон фирор кард.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳои дунёст, ки ҳамчунон аз нирӯҳои зидди Толибон пуштибонӣ мекунад ва ба раҳбарони муқовимат дар қаламраваш паноҳ додааст. Бисёре аз кишварҳои дигар, ҳатто абарқудратҳое, чун Хитой ва Русия бо Толибон забони муомила ва созиш меҷӯянд ва сафоратҳои худро дар Кобул аз нав кушодаанд. Вазорати хориҷаи Русия ахиран ҳатто эълон кард, ки дар Маскав масъалаи аз рӯйхатти сиёҳи созмонҳои тундрав берун баровардани ҳаракати Толибонро баррасӣ карда истодаанд.

Генерал Муҳаммадзоҳир Ағбар

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button