Ҳодиса

ДАР ҶОМЕАЕ КИ ТОҶИ ЗАРИН БАР САРИ ХАРОН АСТ, ХАСОН ҲАМ КАСОН МЕШАВАНД…

СУХАНОНИ ШЕВО

(Аз навиштаҳои соли 2023 муаррих Луқмон Бойматов)

Андар боби маърифти таърих:

Ҳар қавме, ки қодир ба дарки моҳияти бузургтарин фароянди торихии башар нест, ночор аз саҳни рӯзгор маҳв хоҳад шуд.

Истифода аз замон ҳунар аст. Он ки даҳсолаҳоро аз даст додааст, фурсатро барои имрӯзу фардо нахоҳад ёфт.

Напазируфтани бахшишҳои неки таърих худ бемурувватист барои ҳар яки мо.

Огоҳ мебояд шуд, ки дар ҷомеъае, ки тоҷи зарин дар сари харон бошад, хасоне ҳам касон мешаванд.

Ҳикмати таърих бар миллати тоҷик заҳрхандае дорад, зеро ки ятими дараш ҳокими сараш шудааст.

Агар миллате ба хотири надоштани савобиқи таърихи бошукӯҳ эҳсоси хиҷолат мекунад, дурӯғ гуфтан барояш одат мешавад.

Заҳрхандаи таърих ин аст, ки сиёсатмадорони дур аз илму дониш таърихгузорӣ мекунанд, таърихшиносони дур аз сиёсат – сиёсатмадорӣ.

Андар боби ҷаҳлу нодонӣ:

Одами беор наметавонад меҳандӯст шавад ва дузду ғоратгар – соҳиби фазл.

Вусъати чаҳли мағрур аз саҳли гуфтораш пайдост.

Сукути бемавқеъ иродаро бандаи ҷаҳл ва мағзи сарҳоро манқурт мекунад.

Андар боби дурӯғ:

Дар қалби беҳаё ғурури мардонагӣ нест, бад-ин далел аст, ки ҳамеша ҳақиқатро инкор мекунад.

Саркӯб кардани ҳақиқат одати мост.

Нек бояд донист, ки ҳақиқат ҳаргиз фиреби илмро намехӯрад, ҳатто агар фиреб муддате фармонравои мутлақ бар сари ақл бошад.

Дурӯғҳо мисли кафки дарёҳоанд, ки зуд паҳн мешаванд.

Вой бар ҷомеае, ки дуздонаш афроди мӯътабаранд!

Як дурӯғ – холиқи дурӯғи дигарест.

Агар донишмандон дар ибодатгоҳи адаб даст ба ғорат зананд, дуздӣ барои мардуми одӣ амали боифтихор хоҳад шуд.

Ҳимоят аз беадолатӣ накунед, ки пастист ва дифоъ аз пастиҳо рўйи дигари зиндагии нангин аст.

Андар боби густохӣ:

Густохон бар ин боваранд, ки ҳар чӣ онон мегӯянд, мутафовут аз гуфтаҳои дигарон аст.

Эй кош, густохону дурӯғгӯён ҳамедонистанд, ки дурӯғҳои онон на танҳо дунёашонро, балки равониҳои ҳаводоронашонро ба нобудӣ ҳоҳанд кашонд.

Нишонаи дурии мо аз инсонмеҳварӣ ин аст, ки густохӣ, агар аз сӯйи донишманде сурат пазирад, вайро соҳибназари ҷасур ном медиҳанд.

Андар боби тарс:

Тарс хатарноктарин офаридаи ҷаҳлу нодонӣ аст.

Ҳушёр бошеду ба худ оед, зеро ки ин ҷаҳон бераҳм асту заъифонро намепазирад.

Тарс аст, ки озодандешонро дар миёни деворҳои зиндон ҷо мекунад ва шуҷоъат аст, ки Озодиро аз банд раҳоӣ мебахшад.

Андар боби хиёнат:

Дар ҷомеъае, ки ҳақиқат хору адолат ҳақир аст, хиёнату дуздӣ ҳамдаст мешаванд.

Ҳақиқати талхи мондагор дар таърих ҳамоно хиёнат аст.

Он чӣ аз таърих ошкор аст, ин аст, ки хоинон ҳамеша дар каминанд.

Он чӣ боиси хиёнат бар илм мегардад, майли нафси олим аст.

Андар сифоти донишмандон:

Муқовим будан ҳунар аст.

Хирадмандон бо шахс душманӣ намеварзанд, балки онон душмани боварҳои ғалати шахсанд.

Донишмандон то сухан нагӯянд, сатҳи донишашон шинохта нест.

Ҳамоҳангии пиндору гуфтору кирдори шахс боризтарин нишонаи арзишҳои ахлоқии инсон аст.

Шӯҳрат метавонад фармонравои баде шавад, чаро ки афроди машҳуру маъруфро таҳрик бар он менамояд, ки андешаҳои дурӯғинашон ҳам шикастнопазиранд.

Сабукандешони босавод олимони мағрур мешаванду нописанд.

Он гоҳ, ки худбин бадиҳояшро хайрхоҳии худ медонад, нишонгари ин аст, ки худ бандаи бадбиниҳост.

Андар боби ору номус:

Ҳар касе, ки дилаш соф нест, дар амалаш инсоф нест.

Дили нопоки чоплус чеҳраи поки муҳаббатро табоҳ мекунад.

Амали чоплус нишонаи хориву зиллати ӯст.

Саранҷоми кори ҳамаи фосидону тамаъварзон зиллати вуҷудашон хоҳад шуд.

Худшефтагии риёкорон беинтиҳост.

Кибр қотили сарафрозии инсон аст.

Таҳиякунанда:

Комрони Луқмонзод

19.12.2023.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. “Тоҷи заррин” ҳамчун ёдгорӣ бар сари муҷассамаи шоҳ исмоили сомонӣ нишастааст, имрӯз “тоҷи диктатура” дорем, андар боби диктатура ҳарфе дорӣ, бифармо, вагарна насиҳат корсоз нест!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button