Минтақа ва ҷаҳонСиёсатҲуқуқи инсон

Р.РАҲИМЗОДА: БАЪЗЕ ҶИНОЯТКОРОН ХУДРО ПАНОҲАНДА НИШОН ДОДА, ДАР АВРУПО ПИНҲОН ШУДААНД

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода рӯзи 23 апрели соли 2024 дар шаҳри Рим, пойтахти Италия дар мулоқот бо вазири корҳои дохилии ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо Маттео Пянтедози гуфтааст, баъзе ҷинояткорон бо баҳонаи паноҳандагӣ дар Аврупо, аз ҷумла дар Италия пинҳон шудаанд. Ба ақидаи Раҳимзода,ҳамкории мақомот метавонад барои ба ҷавобгарӣ кашондани ин афрод мусоидат кунад.

Мулоқоти Раҳимзода бо Пянтедози рӯзи 23 апрел дар Рим дар ҳошияи мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ доир шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 апрел дар раъси як ҳайъати давлатӣ барои анҷоми сафари расмӣ вориди Рим шуд ва бо раҳбарони аввали ин кишвар, аз ҷумла бо президенти Италия, ки мақоми бештар ифтихорист, ва сарвазираш, ки назар ба президент салоҳияти бештар дорад, мулоқот кард. Дар ҷараёни ин сафар байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтаринаш созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятист. Ин созишномаи муҳими байнидавлатиро аз ҷониби Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва аз тарафи Италия Маттео Пянтедози имзо карданд.

Сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар рафти мулоқоти вазирони корҳои дохилии Италия ва Тоҷикистон “масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид”.
Бино ба ин манбаъ, Раҳимзода ва Пянтедози инчунин ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид кардаанд ва байни онҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа, ҷаҳон ва дигар масоили мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифтааст.
Маҳбуба Гул, масъули сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон меафзояд: “Ҳамчунин қайд карда шуд, ки баъзе аз ҷинояткорон ба Аврупо, аз он ҷумла ба Ҷумҳурии Италия бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ сафар карда пинҳон гаштаанд. Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони мазкур мусоидат намояд”.
Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки баъди ба имзо расидани шартномаи байни ВКД Тоҷикистон ва ВКД Италия дар соҳаи амният сафари вазири корҳои дохилии Италия ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, механизми дар амал татбиқ намудани ин шартнома баррасӣ мешавад.

Италия аз он кишварҳои аврупоист, ки бо вуҷуди дар як масири умдаи ба Аврупо фурӯ рехтани мавҷҳои нав ба нави муҳоҷирон қарор доштанаш ба муҳоҷирон ва паноҳҷӯён чандон рӯи хуш нишон намедиҳад ва ба ин далел, танҳо шумори ангуштшуморе аз паноҳҷӯёни тоҷик аз Италия дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Таҷрибаи ҳамкории мақомоти амниятии Италияву Тоҷикистон низ чандон бою дерина нест ва тоза чанд рӯз пеш бо боздошти як сокини 32-солаи ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон бо номи Илҳом Сайраҳмонзода дар фурудгоҳи Рим оғоз шудааст. Сайраҳмонзода, ки аз Эйндҳовени Ҳолланд омада буд, ба узвият дар созмони террористии ДОИШ айбдор мешавад. Баъди боздошти ӯ, ВКД Тоҷикистон тасдиқ кард, ки Сайраҳмонзодаро ҳамин ниҳод тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода буд ва боздошти ӯ дар пойтахти Италия низ дар натиҷаи ҳамкории мақомоти тоҷик бо мақомоти ин кишвари аврупоӣ муяссар шудааст.

Нигарониҳои афзояндаи ҳам Душанбе ва ҳам кишварҳои Аврупо аз ҳузури рӯзафзуни зодагони Тоҷикистон дар ҳайъати созмонҳои тундраве, чун ДОИШ, ва боздошти чандин зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ ҳатто дар Аврупо метавонанд Душанберо барои дар кишварҳои Аврупо  боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудани шуморе аз афроди таҳти ҷустуҷӯ қарордодааш умедвор кунад.

Аммо ин дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба сӯиистифода аз имкони барояш фароҳамовардаи арсаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва бо баҳонаи ин мубориза таъқиб кардани мухолифони сиёсиаш айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button