Ҳодиса

ВИДЕО: РАИСИ ШИРКАТИ “СЕБИСТОН 2018” БА САМАНДАР МУРОДОВ ХОНА ТУҲФА КАРД

Саидҷон Холов, раҳбари ширкати “Себистон 2018”, яке аз ширкатҳои бузурги хонасозии Тоҷикистон, ба размандаи ҷавони тоҷик Самандар Муродов хона туҳфа кардааст. Дар ин бора рӯзи 3 ноябри соли 2022 дар саҳифааш дар Инстаграм Раҷаб Баёнов,  раҳбари толори варзишии “Аҳмат Тоҷикистон”  бо нашри ду акс ва як видеои кӯтоҳ хабар дод.

Самандар Муродов рӯзи 23-юми октябри соли 2022 дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб дар чорчӯби мусобиқоти “Road to UFC” (“Роҳ ба сӯи UFC”)  рақибаш Ҷиан Сикуэйра аз Бразилияро мағлуб сохт ва сазовори роҳхат ба лигаи UFC, лигаи аз ҳама муътабар дар варзиши ММА гардид.

Раҷаб Баёнов бо изҳори сипос ба Саидҷон Холов ва ширкати ӯ навишт:  “Мехостам дар шахси Саидҷон Холов ба яке аз ширкатҳои пешқадами хонасозии кишвар “Себистон 2018“ изҳори сипос кунам, ки бетараф наистод ва бо тақдими калиди хонаи нав дар яке аз биноҳои сохтаи ширкати “Себистон” аз варзишгари мо пуштибонӣ кард. Бо шарофати чунин нафарони ватандӯст, ба мисли Саидҷон Холов, ки мехоҳанд саҳми худро дар рушди варзиш дар кишвари мо бигузоранд, варзишгарони мо руҳбаланд мешаванд.”

Дар видеои кӯтоҳи нашршуда лаҳзаи ба Самандар Муродов супурдани калиди хонаи нав сабт шудааст. Канали GOLOS ММА  хабар дод, ки хонаи ба Самандар Муродов туҳфакардаи ширкати “Себистон 2018” тақрибан 70 ҳазор доллар арзиш дорад.

Самандар инак сеюмин тоҷик ва дуюмин намояндаи Тоҷикистон аст, ки ба UFC роҳ меёбад. Аввалин шуда бо UFC тоҷики зодаи Самарқанд Заррух Адашев қарордод имзо карда буд. Нурулло Алиев, ки ӯро ба сабаби шабоҳати зиёдаш бо варзишгари машҳури доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов “дугоники Ҳабиб” низ ном мебаранд, моҳи сентябри соли ҷорӣ нахустин нафар аз Тоҷикистон  ва дуюмин тоҷике шуд, ки бо UFC қарордод баст.

Рӯзи 14 октябри соли 2022 Муин Ғафуров, маъруф бо лақаби “Муин-Тоҷик”, боз як варзишгари дигар аз Тоҷикистон тавонист камарбанди чемпиони лигаи «Legacy Fighting Alliance» (LFA) дар вазни аз ҳама сабукро ба даст биорад.  Ин камарбанд роҳи Муинро низ ба сӯи UFC боз кард, чунки ҳамаи чемпионҳои LFA метавонанд ба UFC гузаранд.

Самандар Муродов 28 августи соли 1999 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар Твери Русия ба воя расидаву ҳамонҷо машқ мекунад.

Самандар Муродов ва Нурулло Алиев рӯзи 17 сентябри соли 2021 дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуданд. Дар он мусобиқа дар рақобати ниҳоӣ бо Максим Шветс дар даври сеюми набард китфи рости Самандар баромад ва  аз китфаш овезон шуда буд, вале паҳлавони тоҷик бо вуҷуди чунин сахт лат хӯрданаш бо як даст набардро идома дод ва дар даври чорум ҳатто рақибашро ба нокаути фаннӣ фиристод ва пирӯзиро ба даст овард.

Барои дарёфти медали қаҳрамонӣ Нурулло Алиев футболка бо акси падари Ҳабиб ба саҳна баромад, вале Самандар Муродов футболка бо акси Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъудро пӯшида, мухлисонашро боз ҳам бештар ба ваҷд овард.

Баъди бозгашташон ба Тоҷикистон, соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ ба Самандар Муродов  ва Нурулло Алиев барои пирӯзиашон дар он мусобиқа мошинҳои тамғаи “Мерседес” туҳфа карда буд.  Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна Самандар пушти фармони ин мошини рангаш сиёҳ мешинад ва онро ба ҳаракат медарорад. Дар пасманзар садои як наврас ба гӯш мерасад, ки мегӯяд, “Самандар права дошта бошад?”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button