ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ ДУ ЗАН БАРОИ ПАҲН КАРДАНИ ОВОЗАИ КӮДАКДУЗДӢ ДАР ПАЙИ МАРГИ ЯК КӮДАКИ 13-СОЛА ДАР ДУШАНБЕ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 23 апрели соли 2024 бо нашри як гузориши вижа ба иттилои шаҳрвандон расонд, ки овозаҳо оид ба рабудани кӯдак ва гирифтани узвҳои ӯ, ки дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардидаанд, асоси воқеӣ надоранд. Ин овозаҳо дар пайи рӯзи 21 апрел ёфт шудани ҷасади як кӯдак аз назди партовгоҳи бинои истиқомақтии воқеъ дар кӯчаи Сино, 41 паҳн гардиданд. Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, кормандонаш нафақат воқеияти ҳол, балки манбаи паҳн шудани овозаҳоро низ муайян кардаанд.

Бино ба гузориши нашршуда, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки хабарҳои мазкур аз ҷониби шаҳрвандон Амонова Хатича Садриддиновна, санаи таваллудаш 15.02.1972 ва Боймадова Фарзона Боевна, санаи таваллудаш 07.04.1988, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе дар саҳифаи “Ватсап”-и гурӯҳи хешовандонашон ва волидайни хонандагони муассисаи таълимӣ паҳн намудаанд. Минбаъд хабари мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр шуда, боиси хавотир гаштани шаҳрвандон ва ба вуҷуд омадани хабару овозаҳои беасос гардидааст”.

Худи Хатича Амонова ва Фарзона Боймадова ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, бо назардошти ҳолати мазкур, нисбат ба онҳо барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ бо истифода аз Интернет тибқи талаботи моддаи 374, иловаи 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.  Тибқи ин банди қонун, барои бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва чораҳои дигари вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шудааст.

Милитсия аз сокинон хостааст, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд ва ба иттилои расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ такя намоянд”.

Аммо дар бобати ҷасади кӯдаке, ки сабаби паҳн шудани ин овозаҳо гардид, милитсия иттилоъ дод, ки дар ҳақиқат, санаи 21-уми апрели соли ҷорӣ, аз назди партовгоҳи бинои истиқоматии кӯчаи Сино 41, ҷисми ноболиғи 13-сола-Ҳусайнов М.Ҷ. бе аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид.

“Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ ва санҷиши навори камераҳои назоратӣ муайян гардид, ки номбурда худро аз ошёнаи 16-уми бинои мазкур партофта, даст ба худкушӣ задааст. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, – хабар додааст милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Тафсилоти дигари қазия нашр нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button