Ҳодиса

БОЗДОШТИ АЪЗОИ “ГУРУҲИ 24” ДАР РИМ: БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ЭЪТИРОЗҲО ЗИДДИ САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” хабар дод, ки рӯзи 23 апрели соли 2024 дастикам 8 узви ин гуруҳро дар шаҳри Рим, пойтахти Италия дастгир кардаанд ва то ҳол аз сарнавишти онҳо хабаре нест. Ҳамсафони дастгиршудагон хафв доранд, ки пулиси Италия онҳоро то замони анҷоми боздиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раҳо нахоҳад кард, то ба ин васила аз эътирозҳои мухолифини тоҷик дар Рим пешгирӣ кунад.

Ҳусейн Ашӯров, ки баъди моҳи март дар Истанбули Туркия нопадид шудани раҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ҳаракати оппозитсионӣ интихоб шудааст, рӯзи 24 апрел ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки ин аъзои “Гуруҳи 24” бо нияти баёни эътироз ба зидди сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Италия рафта буданд.

Ҳусейн Ашӯров афзуд: “Як гуруҳи аввали онҳоро дар назди қароргоҳи президенти Италия дар дохили мошин дар ҳоле дастгир карданд, ки онҳо ҳанӯз ҳатто ба даст шиор гирифта, ягон эътироз накарда буданд. Рим як шаҳри пур аз сайёҳ аст ва ками дар кам иттифоқ меуфтад, ки пулис хориҷиёнро аз кӯча дастгир карда, барад. Вале, ба фикри мо, пулиси Италия аз мақомоти Тоҷикистон рӯйхатти ном ба номи фаъолони моро дошт, ки онҳоро нафақат дастгир карданд, балки асноду телефонҳояшонро ҳам гирифтанд. Яке аз бачаҳо имкон ёфт, ки бо мо дар тамос шуда, ин хабарро бидиҳад. Дар бораи сарнавишти баъдии онҳо мо то ҳол хабаре надорем, чунки тамос бо онҳо комилан қатъ шудааст”.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, раиси кумитаи иҷроияи “Гуруҳи 24” ба “Бомдод” гуфт, пулис дар Рим мушаххасан ҳамонҳоеро дастгир кард, ки ошкоро бо чеҳраҳо ва номҳои худашон фаъолият доштанд. “Бачаҳоро вақте дастгир карданд, ки машғули омӯхтани макони мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Италия буданд. Бардошти мо ин аст, ки ба хотири пешгирӣ аз эътирозҳо бачаҳоро то замони Римро тарк кардани Эмомалӣ Раҳмон дар боздошт нигоҳ хоҳанд дошт”.

Ҳусейн Ашӯров, иҷрокунандаи вазифаи раиси “Гуруҳи 24” рӯзи 24 апрел дар як муроҷиатномаи видеоӣ ба мақомоти Италия  изҳори итминон кард, ки Италия ҳамчун як кишвари демократӣ ба ҳуқуқи инсон ва озодии баён арҷ мегузорад ва аъзои ин ҳаракати оппозитсияи тоҷикро билофосила раҳо хоҳад кард. Ашӯров гуфт, аъзои “Гуруҳи 24” тасмим доштанд, ки дар Рима ба зидди боздиди президенти Тоҷикистон аз ин кишвар эътирозҳои сирф осоишта доир кунанд.

Пулиси Италия боздошти фаъолони оппозитсияи тоҷикро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Маълум нест, ки “Гуруҳи 24” ё дигар гуруҳҳои мухолифини тоҷик боз нақшаҳои дигаре барои ташкили эътирозҳо дар рӯзҳои боздиди президенти Тоҷикистон аз Аврупоро доранд ё на?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 апрел дар раъси як ҳайъати давлатӣ барои анҷоми сафари расмӣ вориди Рим шуд ва бо раҳбарони аввали ин кишвар, аз ҷумла бо президент ва сарвазири Италия мулоқот кард. Дар ҷараёни ин сафар байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтаринаш созишномаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятист ва онро вазирони дохилаи ду кишвар Рамазон Раҳимзода ва Маттео Пянтедози имзо карданд.

Раҳимзода дар мулоқот бо Пянтедози гуфтааст, ки баъзе ҷинояткорон бо баҳонаи паноҳандагӣ дар Аврупо, аз ҷумла дар Италия пинҳон шудаанд ва танҳо ҳамкории мақомот метавонад барои ба ҷавобгарӣ кашондани ин афрод мусоидат кунад. Маълум нест, ки оё манзури Раҳимзода аз “баъзе аз ҷинояткорон” аъзои ҳалқаҳои ҷиноӣ ё аъзои гуруҳҳои тундраве, чун ДОИШ буд, ваё фаъолони оппозитсияи тоҷик, ки садҳо нафараш дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд?

Моҳи март чанде аз фаъолони оппозитсияи тоҷик дар Аврупо шикоят карданд, ки мақомоти амниятӣ хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон барои бозҷӯӣ бурда, талаб кардаанд, то хешовандони дар Аврупо будаи онҳо дар рӯзҳои сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба ин қора мисли дафъаи қаблӣ ягон тазоҳуроту эътироз накунанд, вагарна ҳолашонро бад хоҳанд кард. 

Моҳи сентябри соли 2023 дар Берлин, пойтахти Олмон як силсила эътирозҳои мухолифини тоҷик ба зидди сафари президенти Тоҷикистон доир шуд. Ба чанд тан аз фаъолони “Гуруҳи 24” он вақт ҳатто муяссар шуд, ки корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмонро тухмборон кунанд ва аз аксҳое, ки аз маросими қабули ӯ дар назди дафтари садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дида мешуд, ки тухмҳо ба мошине, ки худи президент Раҳмон дар дохили он нишаста буд, низ расидаанд.

 Эътирозҳои мухолифин ба вокуниши ба таври бесобиқа тунди мақомоти Тоҷикистон дучор шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти дастикам 47 тан аз хешовандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлин хабар доданд.  Ҳамчунин  ба мақомоти Тоҷикистон муяссар шуд, ки ба ихроҷи дастикам ду тан аз иштирокчиёни эътирозҳои Берлин ноил шаванд.

“Гуруҳи 24” ҳаракати сиёсиест, ки соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов соли 2012 баъди фирораш аз кишвар бо мақсади ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон таъсис додааст, вале фаъолияти он дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи октябри соли 2014 манъ карда шуд. Тоҷикистон инак беш аз 10 сол боз пайгирона боздошт ва истирдоди аъзои ин ҳаракати оппозитсиониро аз кишварҳои ҷаҳон тақозо дорад. Дар ин байни чанд узви “Гуруҳи 24”, аз ҷумла муассисаш Қувватов дар хориҷ кушта шуданд, чандеи дигар ба таври мармуз ғайб заданд ва даҳҳо нафари дигарро аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон бурда, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд.

Ҳоло “Гуруҳи 24” асосан дар кишварҳои Аврупо фаъолият дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button