Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

ТОҶИКИСТОН ҚИРҒИЗИСТОНРО РАСМАН БА ҶАНГИ ТАҶОВУЗКОРОНА ВА НАҚЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН АЙБДОР КАРД

Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 23 сентябри соли 2022 бо нашри як иттилоия дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки дар робита ба муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои  14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон парвандаҳои ҷиноятӣ кушодааст. Додситонӣ гуфт, ин парвандаҳо нисбат ба гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бар асоси қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона), қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ), қисми2 моддаи 403 (барқасдона вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар), қисми 2 моддаи 309 (диверсия) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудаанд.

Дар ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳонаи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дастикам 130 нафар кушта шуданд. Беш аз 70 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Қирғизистон ҳалокати 59 нафарро аз он тараф тасдиқ кардааст. Мутаассифона, дар байни қурбониён мардуми мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон низ хеле зиёданд.

Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хунинтарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ шумурда мешавад.

Матни пурраи изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон чунин аст:

Хабари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

14-17 сентябри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани Истиқлолият, тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғасб намудани ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд.

Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки Ҷумҳурии Қирғизистон пешакӣ нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой дода, зиёда аз 140 ҳазор сокинони маҳаллии наздисарҳадии худро пешакӣ аз манзилҳои истиқоматӣ ба дигар минтақаҳо кӯчонида, якбора ба ҳудуди 4 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, барқасдона хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба минтақаҳои ғайринизомӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, масҷид, беморхонаҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, занон, кудакон ва аҳолии мулкӣ зарбаҳои ҳалокатовар зад.

Дар натиҷа садҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва соконони осоишта ҷароҳатҳои гуногун бардошта, даҳҳо нафар ҳалок гардидаанд. Ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти муҳими ҷамъиятиву давлатӣ ва техникаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари зиёд расонида шудааст.

Бинобар ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона), қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ), қисми2 моддаи 403 (барқасдона вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар), қисми 2 моддаи 309 (диверсия) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Айни замон гуруҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, тафтишот давом дорад.   

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button