ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ДАВРИ НАВБАТИИ МУЗОКИРОТИ МАРЗИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН БЕНАТИҶА АНҶОМ ЁФТ

Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки аз 7 то 13 апрели соли 2024 дар шаҳри Бӯстони дар шимоли Тоҷикистон баргузор гардид, бенатиҷа анҷом ёфтааст. Ин аз иттилоияи хушку кӯтоҳе, ки тарафҳо пас аз анҷоми ин даври музокирот ба нашр расонданд, бармеояд.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки “дар доираи ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳқиқоти муштараки саҳроӣ гузарониданд” ва маслиҳати ҷонибҳо ба ин шуд, ки “кори худро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд”. Бо вуҷуди даст наёфтан ба пешравӣ, дар иттилоия таъкид шудааст, ки “вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд”.

И музокироти бенатиҷа дар Бӯстон дар пайи музокироти қаблист, ки аз 24 то 29 марти соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон доир шуд ва дар ҷараёни он тарафҳо боз беш аз 28 километри қитъаҳои баҳсӣ дар марзи ин ду кишварро муайян карданд.

Ба ин тартиб, то имрӯз аз 987,6 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон 929 километраш муайян карда шуда, ҳамагӣ 58 километри дигари ин марз муайянношуда боқӣ мемонад.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар тӯли қариб 6 моҳи охир ду ҷониб тавонистанд қариб 230 километр қитъаҳои баҳсии марзро мушаххас кунанд.

Ҳарду ҷониб аз гуфтани ҷузъиёти музокироти марзӣ ва инки пешрафтҳои ахир дар амри таъйин ва аломатгузории ин мушкилтарин марз дар Осиёи Марказӣ дар асоси чӣ гузаштҳое аз тарафи ҷонибҳо ба даст омадааст?, худдорӣ мекунанд. Махфӣ гузаштани музокироти марзӣ мардумро, ба хусус сокинони манотиқи наздимарзиро дар ҳоли нигаронӣ нигоҳ медорад.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи декабри соли 2023 изҳор дошт, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Ҷониби Тоҷикистон ин хушбинии ҷониби дигарро мустақиман тасдиқ ё рад накардаст, вале вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон моҳи январи соли 2024 дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон ва бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд, ки созишномаи  ниҳоии марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай моҳи марти соли 2024 ба имзо мерасад.

 Вале ҷараёни музокироти баъдӣ ва то ҳол машаххасношуда боқӣ мондани 58 километри марз баёнгари он аст, ки Душанбеву Бишкек шояд то поёни фасли баҳор ҳам созишномаи ниҳоиро имзо карда натавонанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то чанд моҳи пеш танҳо чизе бештар аз 600 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шуда буд. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин даргирӣдар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъде ки хатари коронавирус аз байн рафту вале марз ҳамунон баста боқӣ монд, роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button