ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонРӯйдодҳои БадахшонҶомеа

ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ВИЛОЯТИ БАДАШОН, ВОДИИ РАШТ ВА 4 ҶАМОАТИ ИСФАРА

Рӯзи 1 апрели соли 2024 дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар расман оғоз ёфт. Мавсими баҳории даъват ду моҳ: то 31 май давом мекунад.

Алакай дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо тамоми ноҳияҳояш, ҳамчунин 5 ноҳияи водии Рашт (Рашту Тоҷикободу Лахш ва Нурободу Сангвор) ва 4 ҷамоати тобеи шаҳри Исфара (Воруху Чоркӯҳ ва Чилгазиву Лаккон) аз 100% иҷро кардани нақшаи даъвати баҳорӣ хабар доданд.

Вилояти Бадахшон инак 6 сол боз нақшаи даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро аввалин шуда, дар рӯзи аввали мавсим иҷро мекунад.

Рӯзи 1 апрел дар шаҳри Хоруғ ба муносибати шурӯи мавсими баҳории даъват аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то боғи фарҳангии “Чорбоғ” раҳпаймоии оммавӣ бо ҷалби табақаҳои гуногуни ҷомеа доир шудааст.  Ҳамин тавр, дар  қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали вазорати мудофиа дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Ватан ҳарчи гӯяд, адо мекунем» маъракаи гусели наваскарон доир шуда, чунин маъракаҳои гусели ботантана дар ҷамоатҳои Исфара ҳам баргузор шудааст.

“Ҳам дар Воруху Чоркӯҳ ва ҳам дар Чилгазиву Лаккон ҷавонони зиёде ба нуқтаҳои сафарбаркунӣ ҳозир шуда, нияти адои хизмати сарбозиро карданд”, – гуфтааст сухангӯи шаҳрдории Исфара Зубайдулло Шомадов.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, хидмати ҳарбӣ барои ҳамаи ҷавонони аз синни 18 то 27 ҳатмист. Хидмати ҳарбӣ 2 солро дар бар мегирад. Даъват ба саффи артиш дар Тоҷикистон соле ду маротиба: дар баҳор дар моҳҳои апрелу май ва дар тирамоҳ дар моҳҳои октябру ноябр сурат мегирад.  Моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди солҳои таваллудашон 1997-2006 ба хидмат даъват карда мешаванд.

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ба тақрибан 15 то 16 ҳазор нирӯи тоза ниёз доранд. Вале бо онки дар кишвар тақрибан 700 ҳазор ҷавонони аз синни 18 то 27 ба сар мебаранд, ҳар сол мақомот дар иҷрои нақшаи даъват мушкилӣ мекашанд. Ба ин далел, ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад. “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Ҳамин тавр, мақомот гоҳо волидони ҷавонони даъватшавандаеро, ки дар мардикорӣ дар Русияанд, “гаравгон” мегиранд ва танҳо баъди бозгашти фарзандашон ҷавоб медиҳанд. Вақтҳои охир мақомот аз усули нав кор гирифта, интиқоли нирӯи барқро ба ин ё он минтақа қатъ карда, шарт мегузоранд, ки танҳо дар сурати иҷрои нақшаи даъват, яъне аз ҳар ҷо, аз ҷумла аз Русия баргардондану  ҷамъ овардан ва ба хидмат фиристодани ҷавонони сокини ин минтақа, барқи онҳоро аз сар хоҳанд дод.

Дар ҷомиа чунин шеваҳои маҷбуран ба саффи артиш бурдани ҷавононро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ҳарбӣ бояд шароитро дар артиш хубтар кунанд, то ки волидон бо дили пур фарзандонашонро ба хидмат равон кунанд ва ҷавонон низ аз хидмати ҳарбӣ нагурезанд. Соли 2021 дар Тоҷикистон қонуни хидмати алтернативӣ қабул шуд, ки бар асоси он, бархе шаҳрвандон метавонистанд бо пардохти маблағи муайяне ба ҷои ду сол ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Бовар мерафт, ки ин иқдом метавонад коррупсияро дар низоми комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ коҳиш бидиҳад.  Аммо аз 1 сентябри соли 2023 маблағи хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон  қариб ду маротиба боло бурда шуда, ба 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо расонда шуд. Ба ин тартиб, имсол онҳое, ки мехоҳанд аз ин имкони қонунии халосӣ аз хидмати дусолаи артиш истифода баранд, бояд ба буҷаи давлат ҳар кадом 54 ҳазор сомонӣ бисупоранд. Ба бовари бисёриҳо, ин маблағ хеле зиёду миёншикан буда, метавонад шумораи талабгорони хидмати алтернативиро

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button