Иқтисод

ҚОИДА ИВАЗ ШУД: БА ТАВАҶҶУҲИ СОҲИБКОРОНЕ, КИ БО ПАТЕНТ КОР МЕКАРДАНД

Соҳибкороне, ки то ҳол бо патент кор мекарданд, ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки мақомоти андоз бо онҳо мулоқот карда, гуфтаанд, ки аз ин ба баъд бояд ба ҷои патент шаҳодатномаи махсус гирифта, бо шакли дигар андоз бисупоранд. Соҳибкорон аз он дар ташвишанд, ки қоидаҳои нав метавонад бар зарари онҳо анҷом шуда, боиси касод шудани тиҷораташон шавад.

Дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба хабаргузории давлатии “Ховар” тасдиқ кардаанд, ки дар ҳақиқат намояндагони ин ниҳод аз 12 апрел ба ин тараф бо андозсупорандагони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Панҷ, Шаҳритус машварату вохӯриҳо гузаронида, ба соҳибкорон тағйироти бавуҷудомада дар Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда, сабаби қабули чунин қарори ҳукумат, сабукиҳо ва бартариҳои дар қоидаҳои нав пешбинишуда маълумот додаанд.

Бино ба шарҳи Кумитаи андоз, тибқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки бо қарори номбурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба 3 гурӯҳ ҷудо карда шудаанд. Аз ҷумла:

— тартиби андозбандии соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи патент;

— тартиби андозбандии соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи шаҳодатнома бо шартҳои махсус;

— тартиби андозбандии соҳибкорони инфиродӣ дар низомҳои махсуси андозбандӣ.

Бинобар ин, соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо ба қарори мазкур мутобиқат намекунад, уҳдадоранд то  1 июли соли 2022 ба мақомоти андози маҳалли қайди худ муроҷиат карда, фаъолияти соҳибкории худро ба тартиби нав мутобиқ  намоянд.

Дар машварату вохӯриҳо нуктаҳои муҳими қарор, ки барои соҳибкорон пешбинӣ гардидаанд, ба диққати онҳо расонида шуданд. Аз ҷумла, новобаста аз сатҳи таваррум меъёри ҳадди ақалли андози иҷтимоӣ барои аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба андозаи 10 сомонӣ дар як моҳ бе тағйир гузошта шудааст;

— пардохти андози иҷтимоии аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои замини лалмӣ дар як соли тақвимӣ ҳафт моҳ муқаррар карда шудааст;

— маблағи  патент зиёд нагардида, дар ҳаҷми маблағҳои барои соли 2021 пешбинишуда нигоҳ дошта шудааст;

— ҳадди даромади умумии соҳибкори дар асоси патент фаъолияткунанда дар соли тақвимӣ аз 100 ҳазор сомонӣ ба 200 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст;

— соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда аз пардохти андоз аз даромад, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоии бевосита ба маблағи патент дохилшаванда аз пешниҳоди ҳисоботи андоз озод мебошад;

— соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ҳуқуқ дорад бо мақсади анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ минтақаи фаъолиятро дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ё ҳудуди вилоят (вилоятҳо) дар ду ва ё зиёда шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ интихоб намояд;

— ҳангоми бемории бистарӣ, дар давраи рухсатии ҳомилагӣ ва таваллуд, дар давраи дар хизмати ҳарбӣ қарор доштан, рух додани сӯхтор ва офатҳои табиӣ дар маҳалли фаъолият, бо санади судӣ дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва (ё) дар изолятори (тавқифгоҳ) тафтишотӣ қарор доштан, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ва ҷорӣ гардидани карантин дар маҳалли фаъолият андозҳо барои патент дар ин давра пардохт карда намешаванд;

— аз лаҳзаи вафоти соҳибкори инфиродӣ, эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ оид ба бедарак ғоибшуда ё фавтида эътироф гардидани соҳибкори инфиродӣ (дар сурати набудани вориси ҳуқуқӣ), маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ андозҳо барои патент пардохт карда намешаванд;

— барои соҳибкори инфиродие, ки пардохти маблағи патентро барои 3 моҳи тақвимии минбаъда дар шакли пешпардохт (бо дарназардошти индексатсия) таъмин менамоянд, маблағи умумии пардохт ба андозаи 10 фоиз кам карда мешавад;

— тартиби андозбандии фаъолият аз рӯи шаҳодатнома бо шартҳои махсус пешбинӣ карда шудааст, ки маблағи андози он ба монанди соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда дар шакли устувор муайян карда шудааст;

— маблағи андози соҳибкорони тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда зиёд нагардида, дар ҳаҷми маблағҳои барои соли 2021 пешбинишуда нигоҳ дошта шудааст;

— ҳадди даромади умумии соҳибкори дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда аз 100 ҳазор сомонӣ ба 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст;

— фаъолияти иқтисодии хориҷии анҷомдодашавандаи соҳибкори дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда (воридот ва содироти молҳо) то 500 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудааст;

-соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда ҳуқуқ дорад барои амалӣ намудани фаъолият то 2 корманди кирояро ҷалб намояд;

— ҳадди даромади умумии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда на зиёда аз 1 млн сомонӣ бе тағйир пешбинӣ карда шудааст;

— соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда ҳуқуқ дорад ихтиёран андозро аз фарқи даромад ва хароҷот бо низоми содакардашуда пардохт намояд;

— соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома дар низомҳои махсус фаъолияткунанда ҳуқуқ дорад бо таъсис додани шахси ҳуқуқӣ ихтиёран тибқи низоми умумии андозбандӣ супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гардад;

— аз низоми андозбандии соҳибкори дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ба низоми умумии андозбандӣ гузаштани чунин соҳибкор, инчунин ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифтани он бе гузаронидани санҷиши андоз амалӣ карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button