ВидеоИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

10 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛУ ОБХЕЗӢ ДАР ЧИЛЧАВУ ЧОРЯККОРОН, ЛОҲУРУ РОҲАТӢ, ЁХСУ ВА…

15 апрели соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Чилчаи ҷамоати деҳои Чилчаи ноҳияи Темурмаликивилояти Хатлон бар асари боронҳои пуршиддат об як замини наздиҳавлигӣ ва ҳавлии чор сокини деҳаро пур кард. Барои бартараф кардани кардани паёмадҳои офат корҳо идома доранд.

Боронҳои пуршиддат сабаби омдани селҳо дар қаламрави шаҳраки М.Турсунзода, деҳаи Мавҷ ва Турдии ҷамоати деҳоти Зайнабобод, дешаҳои Кишоварз, Шараф-2, Иқбол -2, Ҳаёти нав, Лолазор, Тубек ва Лоҳури ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ шуд. Дар маҷмуъ бар асари ин офати табиӣ 204 қитъаи наздиҳавлигӣ ва зиминҳои ёрирасон зарар диданд. 

Гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо сарварии ҷонишини аввали раиси Кумита полковник Ҳ.Латифзода ва 20 корманди Кумита бо ёрии 10 техникаи махсус ва 8 техникаи обкаш саргарми бартараф кардани паёмадҳои ин офатанд. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро мушаххас мекунад.

15 апрели соли 2024 боронҳо сабаби ярч дар ҳудуди шаҳраки Роҳатии шаҳри Ваҳдат шуданд. Бар асари он чор ҳавлии сокинони маҳалли зарар дид.

Гурӯҳи кории КҲФ, наҷотдиҳандагон ва сокинони маҳаллӣ бо истифода аз таҷҳизоти махсус барои рафъи паёмадҳо талош доранд. Субҳи 16-уми апрели соли 2024 обро аз ҳавлиҳо бароварданд ва лойю лойобаи каналро тоза карданд.  Дар натичаи рафъи офати табий 200 метр роҳи байни деҳаҳо аз гил ва санг тоза карда шуд. Ҳаҷми хисороти расидаро Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат муайян мекунад.

Дар натичаи офати табий талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

14 апрели соли 2024 тақрибан соати 05:30 дар деҳаи Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷаби ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи оби дарёи Ёхсу боло рафт. Дар натича деворе, ки дар масофаи 25—30 метр соҳили рости дарёро муҳофизат мекард, зарар дид.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя аз оқибатҳои баландшавии сатҳи оби дарё дар якҷоягӣ бо кормандони Идораи мелиоратсия ва обёрии ноҳия бо истифода аз 5 адад техникаи муҳандисӣ дар масофаи 55 метр 65 метр плитаҳои оҳану бетонӣ гузоштанд ва бо симтаноб он ҳамаро ба ҳам васл намуданд.   

Шаби 15 апрели соли 2024 соати 00:15  боронҳои пуршидат сабабгори бо лойқаву селовардаҳо пур шудани канали Чоряккорони ноҳияи Сино шуд.  Дар натиҷа об аз соҳили канал берун шуд ва роҳеро, ки аз маҳаллаи Чоряккорон ва Зафар мегузашт, баст. Бо ёрии 20 техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳияи Сино вазъи баамаломада бартараф ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд. 

Ҳамчунин ҳамон шаб тахминан соати 01:26  боз ҳам бар асари боронҳои пуршиддат дар хиёбони Абдурраҳмони Ҷомӣ оби борон сабаби баста шудаи роҳ ба масофаи 150 метр шуд. Бо ёрии ду техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия роҳ тоза ва ҳаракати мошинҳо мумкин гардид.

15 апрели соли 2024 соати 01:10 дақиқа бар асари боронҳои шиддатнок ва давомдор дар як қатор нуқтаҳои аҳолинишини деҳоти шаҳраки ба номи Турсунзода, ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ болоравии сатҳи об дар селгузар мушоҳида шуд. 

Дар натиҷа об ҳавлии сокинонро пур кард. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода барои муайнян кардани ҳаҷми зарари расида ва бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ фаъолият мекунад. 

Ҳамчунин дар қаламрави шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи борони пуршиддат болоравии сатҳи об дар канали Янгиқӯрғон ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа об ба ҳавлии яке аз сокинон ворид гардид.

Дар ҷойи ҳодиса Комияяи ҲФ фаъолият дорад.

Дар натиҷаи омадани селҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Бо мақсади ҳифзи рустаниҳои кишоварзӣ аз жола 15 апрели соли 2024 аз соати 00:37 то 02:22 Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои безараргардонии жоларо анҷом дод.

Чунончӣ, кормандони КҲФ бо истифода аз 12 снаряди зидди жола дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 5 хатари раъду барқро бартараф карданд.

Ин буд, ки садҳо гектар заминҳои кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ва боғҳо аз хатари эҳтимолӣ ва зарари жола эмин монданд. 

Маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button