ВидеоИқтисодТоҷикистон

ОБИ НОРАК 5 МЕТР КАМ ШУДААСТ… НАХУСТИН ШАРҲИ РАСМӢ БАЪДИ БЕШ АЗ ЯК МОҲИ БЕБАРҚӢ (ВИДЕО)

Масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” баъди беш аз як моҳи лимити барқи дар солҳои охир ба таври бесобиқа шадид, ки ин бор ҳатто аз гиребони пойтахт, шаҳри Душанбе низ гирифтааст, як гуруҳи блогерҳои шинохтаи кишвар ва ҳамчунин гуруҳе аз журналистонро ба нирӯгоҳи Норак, воқеъ дар ҷанубушарқи Тоҷикистон бурда, пойин рафтани сатҳи об дар обанбори ин нирӯгоҳро далели ин бебарқии сахт дар кишвар унвон кардаанд.

Аз ҷумла, бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода ба журналистону блогерҳои ба Норак сафарбаршуда фаҳмондааст, ки дар ҳамин шабу рӯз сатҳи оби обанбори неругоҳи Норак ба ҳолати соати 24:00-и 2 апрели соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли соли гузашта 5 метру 7 сантиметр пасттар фаромадааст. Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи меъёр, сатҳи оби обанбори Норак бояд дар сатҳи 910 метр бошад, вале ҳоло сатҳи об 857 метр, яъне 53 метр пойинтар аз меъёр аст.

Маҳмадсаидзода инро камии об дар дарёи Вахш, камбориш омадани зимистони имсола ва ба далели идомаи сардиҳо дар манотиқи баландкӯҳ дертар об шудани пиряхҳо рабт додааст.

Масъулон мегӯянд, бори охир чунин камобии шадид 12 сол қабл мушоҳида шуда, солҳои 2008-2009 обанбори нирӯгоҳи Норак ҳатто дар фасли тобистон бо об пурра таъмин нагардида буд. Ва аз панҷуми сентябри ҳамон сол дар ҷумҳурӣ махдудияти неруи барқ ҷорӣ гардид, зеро ҳам сатҳи оби обанбор ва ҳам воридоти об кам буд.

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода гуфтааст, агар сатҳи об дар обанбор то  900-910 метр боло равад, ин  фишори обро афзоиш дода, ба афзоиши тавлиди барқ мусоидат мекунад, вале ҳоло, ки об кам аст, нирӯгоҳ наметавонад миқдори кофии нирӯи барқро тавлид кунад. Ӯ гуфт, мушкил фақат дар камобист, дигар ягон мушкили фаннӣ вуҷуд надорад ва дар ҳолати ворид гаридани оби кофӣ метавонанд нирӯи барқи заруриро истеҳсол кунанд ва ба мардум бидиҳанд. Бино ба маълумоти Маҳмадсаидзода,  шабонарӯзи гузашта бо оби воридшуда ва захираи оби мавҷуда дар нирӯгоҳи Норак 15 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст.

Ин сафари ташкилшудаи блогерҳо ва журналистони асосан расонаҳои давлатӣ ба нирӯгоҳи Норак  дар ҳоле сурат гирифт, ки дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон аз охири моҳи сентябри соли 2023 лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ гардида, аз нимаи дуюми моҳи феврали соли 2024 ин лимит қадами номуборакашро ба шаҳрҳои бузурги саноатӣ ва ҳатто ба пойтахт, шаҳри Душанбе низ гузошт. Сокинон ҳоло шикоят доранд, ки ҳатто дар моҳи Рамазон дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранду халос.

Аммо сафари блогеру журналистҳо ба Норак як силсила суолҳои беҷавобро низ боқӣ гузошт. Аз ҷумла, мунтақидон мепурсанд, ки чаро блогерҳову журналистонро дар поёни моҳи феврал, дар рӯзҳои авҷи бебарқӣ ба онҷо набурданд ва нагуфтанд, ки дар поёни моҳи феврал, ки  додани барқро ба мардум шадидан кам карданд, сатҳи оби обанбори Норак чӣ қадар буд? Он вақт чанд рӯз блогерҳои тарафдори ҳукумат бо нашри як акси мавҳум дар бораи кадом як садама дар хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Норак ҳамчун далели бебарқӣ ҳарф мезаданд.

Дар ин бора ҳам, ки оё моҳҳои февралу март нирӯгоҳ чӣ қадар барқ тавлид кард ва чӣ қадари он ба мардуму корхонаҳои худи Тоҷикистон дода шуд ва чӣ қадараш ба хориҷ фурӯхта шуд?, масъулони “Барқи Тоҷик” ва нирӯгоҳи Норак маълумоте ироа накардаанд.

Қарори маълум, мунтақидон ва мухолифони ҳукумат далели аслии бебарқии моҳҳои ахирро дар бебаркаш фурӯхтани барқ ба хориҷ ва асосан ба Афғонистони зери султаи ҳаракати тундрави Толибон мебинанд ва бар инанд, ки фурӯши барқ ба Афғонистон бо схемаҳои коррупсионӣ сурат гирифта, дар ягонҷо сабт намешавад ва пулаш ба кисаи чанд нафар меравад. Ба ақидаи мунтақидон, як сабаби аслии беист афзудану аз марзи 3 миллиард доллар гузаштани қарзҳои ширкати “Барқи Тоҷик” ҳамин фурӯши бебаркаши барқ ба Афғонистон аст.

https://www.instagram.com/p/C5QGs-4s3AN/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button