Дин ва боварҳоФарҳанг

ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ: РАҲПАЙМОИИ 500 ЗАНУ ДУХТАР БО ЛИБОСИ МИЛЛӢ ДАР БОХТАР (4 АКС)

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бохтар бо иштироки садҳо нафар аз занону духтарон чорабиние бо номи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор шудааст.

Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон бо нашри 4 акс аз ин раҳпаймоӣ дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки аксияи “Тоҷикона мепӯшем” бо ташаббуси раёсати кор бо занон ва оилаи маъмурияти вилояти Хатлон ва бахши занони шаҳрдории Бохтар баргузор шудааст.  Кумитаи занон гуфт, дар ин раҳпаймоӣ 500  нафар аз занону духтарон бо либосҳои чакан, атлас, адрас, попурӣ ва қароқӣ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтаанд.

Хабаргузории русии “Спутник” аз қавли мақомоти шаҳрдории Бохтар хабар дод, ки марши занону духтарон бо либоси миллӣ дар маркази вилояти Хатлон рӯзи 21 апрел доир шуда, асосан хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯён аз назди бинои ҳукумати Бохтар то майдони 70-солагии водии Вахш роҳпаймоӣ кардаанд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон мақомот бо ҳадафи пешгирӣ аз пӯшидани либоси мазҳабии, ба ақидаи ин мақомот, “ба фарҳанги мардуми тоҷик бегона”, аз ҷумла ҳиҷобу сатр, пӯшидани либоси миллиро зиёд тарғиб мекунанд ва ҳар сари чанд вақт дар кишвар ҷашнвораҳои чакану атласу адрас баргузор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Албатта сару либоси тоҷикона беҳад зебост.Кӯшиш кардан даркор то либосҳои миллии мо аз байн наравад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button