ВидеоФарҳанг

ТАҚДИМИ УНВОНИ ҲОФИЗИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН БА ЮЛДУЗ УСМОНОВА, ОЗОДБЕК НАЗАРБЕК ВА МУНОҶОТХОН ЮЛЧИЕВА

18 апрели соли 2024 дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба як гурӯҳ ҳунармандони аз ду кишвар баргузор гардид.

Бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” чор ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон,  аз ҷумла, Озодбек Назарбеков, Муноҷотхон Юлчиева, Оғобой Собиров ва Юлдуз Усмонова бо унвонҳои фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва ҳунарпешаи машҳури синамо ва театр Ёдгор Саъдиев бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ёдгор Саъдиев дар Тоҷикистон бо иҷрои нақши қӯрбошӣ Тағой дар филми машҳури “Тоҷикфилм” “Ҷӯраи шикорчӣ аз Мин-Архар” маъруф аст.

Ҳамин тавр, бо фармони президенти Ӯзбекистон “барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии накӯ, ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти самарабахш ҷиҳати ҳифз ва инкишофи ҳунар, арзишҳои маънавӣ ва мероси таърихӣ, нақши муассир дар самти таҳкими дӯстӣ байни мардумони ба ҳам бародар” ҳунармандони тоҷик Миралӣ Достиев, Исмоил Назриев, Фурқат Саидов, Тулқин Тоҷибоев ва Раҳматулло Ҳошимов бо унвонҳои фахрии Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонда шуданд.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 апрели соли 2024 бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Сафари ӯ ду рӯз давом мекунад ва алакай дар рӯзи аввали сафар байни Душанбе ва Тошканд 28 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев гуфтаанд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон доранд ҳаҷми гардиши молро ба 2 миллиард доллари ИМА расонанд. Феълан гардиши мол байни ду кишвар солона 600 миллион долларро ташкил медиҳад ва ҷонибҳо талош доранд, ки онро дар ояндаи наздик то ба як миллиард доллар бирасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button