ВидеоИлму фанноварӣМуҳоҷирон

БО ИНҲО БОЯД ИФТИХОР КАРД! ЯК ТОҶИК ДАР АМРИКО РИСОЛАИ ДОКТОРИАШРО ҲИМОЯ КАРД

Фирдавс Раҳмонов, олими ҷавони 31-солаи тоҷик рӯзи 18 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи Рочестери аёлати Ню-Йорки Амрико рисолаи докториашро дар илми математика (риёзӣ) дар  мавзӯи “Similar point configurations in vector spaces over finite fields and quotients of distance sets” (“Пайкарбандиҳои нуқтаҳои мушобеҳ дар фазоҳои векторӣ бар майдонҳои маҳдуд ва коэффитсиентҳои маҷмӯи масофаҳо”) дифоъ кардааст.

Дар ин бора дар Фейсбук Дониёр Хокиев хабар дод. Ӯ навиштааст, Раҳмонов Фирдавс тоҷикест, ки бо азму талош ва донишу хиради волояш тавонист дар яке аз пешрафтатарин кишварҳои мутараққии ҷаҳон – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – рисолаи доктории худро бомуваффақият ҳимоя намояд.

Раҳмонов Фирдавс Заруллоевич 19 августи соли 1992 дар ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Ленинобод ( ҳоло – Суғд) дар оилаи математик таваллуд шудааст. Ӯ соли 2009 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика сазовори ҷойи якум ва медали тилло гашта, баъди хатми мактаби миёна  ба риштаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дохил шуд ва ин донишгоҳи муътабарро бо дипломи аъло хатм кард.

“Воқеан дар чунин донишгоҳ махсусан дар риштаи илми математика таҳсил намудан ва онро бо дипломи аъло хатм намудан кори саҳлу осон нест”, – навиштааст Дониёр Хокиев.

Соли 2018 Раҳмонов Фирдавс дар Донишгоҳи Рочестери аёлати Ню-Йорк таҳти роҳбарии профессорон Алекс Иосевич ва Кова Ҳусейнӣ ба таҳияи рисолаи докторӣ шуруъ кард.

Роҳбарони илмияш:

• Алекс Иосевич, профессори факултети математикаи донишгоҳи Рочестер, узви ҷамъияти илмии математикҳои Амрико, яке аз беҳтарин математикон дар соҳаи қаторҳои гармоникӣ ва комбинаторикаи геометрӣ мебошад.

• Кова Ҳусейнӣ, профессори факултети илмҳои компютерии Донишгоҳи Рочестер, яке аз беҳтарин мутахассисон дар соҳаи масъалаҳои аддитивии комбинаторикӣ ба шумор меравад.

Фирдавс Раҳмонов дар замони дар докторантура таҳсил карданаш борҳо дар конференсияҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ дар Амрико, Британияи Кабир, Австрия, Хитой, Канада, Венгрия, Кореяи ҷанубӣ ва Юнон иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ карда, билохира рӯзи 18-ми апрели соли 2024 рисолаи доктории худро бо муваффақият дифоъ кард.

Дониёр Хокиев менависад, ҳамаи ин дастовардҳо аз як тараф натиҷаи азму талош ва дониши волои Фирдавс бошад, аз тарафи дигар, лозим ба зикр аст, ки Фирдавс Раҳмонов дар оилаи олими математик ба дунё омадааст. Падари ӯ доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонов Зарулло Ҳусенович мебошад.

“Ростӣ, устод Раҳмоновро ҳоҷат ба муаррифӣ нест, ӯ яке аз ангуштшумор олимони тоҷик мебошанд, ки ҳавзаи илмии он кас фарохтар аз марзҳо буда, олимони сатҳи ҷаҳон ба эшон эҳтироми хоса доранд ва дар мақолаҳояшон аз устод иқтибос меоваранд”, навиштааст Дониёр Хокиев. Ӯ дар охир ба Фирдавс Раҳмонов дар корҳои минбаъдааш орзуи муваффақият карда, навиштааст, ин олими ҷавону умедбахши тоҷик дар кадом давлате набошад, Тоҷикистон ва миллати тоҷикро муаррифӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button