ДАР ТОҶИКИСТОН РӮЙХАТТИ СИЁҲИ ФОЛБИНҲОВУ ҶОДУГАРҲОРО ТАРТИБ МЕДИҲАНД (ВИДЕО)
ВКД Тоҷикистон рӯзи 17 апрели соли 2024 бо нашри як иттилоияи вижа хабар дод, ки мақомот дар пайи таҳияи рӯйхатти ягонаи афроде мебошанд, ки аз ҳисоби фолбинӣ, сеҳру ҷоду, навиштани тӯмору таштоб в адигар роҳҳои, ба ақидаи мақомот, “мардумфиребӣ” рӯз мебаранд. Ба иттилои ВКД, онҳое ҳам, ки ғайриқонунӣ таълими динӣ медиҳанд, рӯйхат карда мешаванд. ВКД афзудааст, ки дар айни замон муҷозот барои чунин аъмол низ шадидтар гардида, бар асоси тағйиру иловаҳое, ки бояд ба қонун ворид карда шаванд, барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тӯмору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ ҷазо дар намуди корҳои маҷбурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таъйин карда хоҳад шуд.
Дар иттилоияи ВКД чунин гуфта шудааст:
“Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои санҷишӣ ва профилактикӣ оид ба пешгирии қонуншиканиҳо вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва ғайра идома дорад.
Дар ин замина назорат аз болои шахсони ба сеҳру ҷоду, таълимоти ғайриқонунии динӣ, муллоҳои тумору таштобдиҳанда амалӣ карда шуда, барои ин гуна шахсон феҳристи (рӯйхати) ягонаи бақайдгирӣ ҷорӣ карда шудааст.
Вобаста ба чунин қонуншиканиҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда истодаанд.
Ба шахсоне, ки ба мардумфиребӣ (сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ) рӯзгузаронӣ менамоянд, ҷазо дар намуди меҳнати маҷбурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таъйин карда мешавад”.
То кунун ҷазо барои фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ва ҳамин тавр, барои таълимоти динӣ ҷарима буд.
Ҳушдори ВКД дар бораи тартиб додани рӯйхатти сиёҳи фолбинҳову ҷодугарон ва сахттар кардани ҷазо барои чунин аъмол дар ҳолест, ки тавре ба назар мерасад, ахиран дар Тоҷикистон як маъракаи густарда ба зидди афроде, ки зери либоси “табибони халқӣ” ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғуланд, ба роҳ андохта шудааст. Танҳо аз аввали моҳи март ва танҳо дар вилояти Хатлон алакай беш аз 50 нафарро барои амалҳое, чун “чилбанд”, “чашмбанд”, “кӯрхат”, “тӯмор”, “таштоб”, “оби қайтарма”, “гарму хунуккунӣ” ва дигар шаклҳои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дастгир карда, ба ҷавобгарӣ кашондаанд.
Аз ҷумла рӯзи 16 апрели соли 2024 Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз боздошти боз 20 нафари дигар бо айни иттиҳом хабар дод. Синни соли дастгиршудагон аз 35 сар мешавад, вале дар байни ду мӯсафеди солхӯрда низ ҳаст, ки якеаш аз деҳаи Дараи оби ноҳияи Ш.Шоҳин 86 сол ва дуюмӣ аз ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Вахш 84 сол доранд.
Дар Тоҷикистон аз соли 2006 фолбинӣ ва сеҳру ҷоду қонунан манъ карда шуда, барои он дар қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Вале аксари онҳое, ки ба чунин кор машғул буданд, худро дар вазорати тандурустӣ ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, ҳамчунон ба корашон идома медиҳанд.
Тибқи моддаи 482 КҲМ ҶТ, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, нисбат ба шахсони воқеӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин шудааст. Дар сурати дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир кардани айни кирдор ҷаримаи дуюм алакай ба андозаи аз 60 то 100 нишондиҳанда таъйин карда мешавад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2024 дар ҳаҷми 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.