ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

САДАМАИ СОАТИ ЧОРИ ШАБИ МИКРОАВТОБУСИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР НАЗДИКИИ НОВОСИБИРСК (ВИДЕО)

Шаби 25 апрели соли 2024, тақрибан соати 03:50, дар километри 124-уми шоҳроҳи федералии “Сибир”, дар ҳудуди ноҳияи Болотное дар вилояти Новосибирски Русия як микроавтобус, ки муҳоҷирони тоҷикро аз Красноярск ба Тоҷикистон мебурд, ба иллати лағжонак шудани роҳ дар пайи рехтани барф дар роҳ лағжида, ба самти муқобил баромадааст ва ба мошини боркаши тамғаи “Howo” бархӯрдааст. Дар натиҷа 4 нафар аз зодагони Тоҷикистон – ронандаи дуюм ва се мусофири микроавтобус – ҷароҳат бардоштаанд.

Хадамоти матбуоти раёсати ГИБДД (собиқ ГАИ) вилояти Новосибирск хабар дод, ки микроавтобуси таҳти идораи ронандаи соли таваллудаш 1970 аз тарафи Кемерово ба тарафи Новосибирск ҳаракат дошт, вале дар  километри 124-уми шоҳроҳи “Сибир” ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини боркаше, ки аз самти муқобил меомад, бархӯрд.

 “Дар натиҷаи садама ронандаи “Мерседес” ва се мусофираш, синну солашон аз 18 то 43, ҷароҳат бардошта, ҳамаи онҳоро бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон бурданд. Якеро бистарӣ карданд, се нафари дигарро баъди расондани ёрии тиббӣ ҷавоб доданд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи ГИБДД.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 12.24 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия (вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ) парвандаи маъмурӣ оғоз кардаанд. Дар ГИБДД вилояти Новосибирск ҳамчунин хабар додаанд, ки микроавтобус сафари хусусӣ анҷом медод.

Дар сабти видеорегистратор, ки шабакаи телевизионии “Вести.Новосибирск” нашр кард, дида мешавад, ки микроавтобус дар роҳи барфпӯш лағжида, тоб мехӯрад ва ба самти муқобил баромада, ба мошини боркаш бармехӯрад. Ин расона хабар дод, ки дар дохили микроавтобус 13 нафар савор буданд ва онҳо аз Красноярск ба Тоҷикистон раҳсипор буданд.

Сергей Кугаколов, сардори шуъбаи ДПС дар идораи ГИБДД шаҳри Болотное гуфт:  “Ронандаи микроавтобуси тамғаи “Мерседес” аз самти Кемерово ба тарафи Новосибирск равон буд. Ӯ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад ва ба мошини боркаш бархӯрд”.

Дар натиҷаи зарба ҳарду мошин ба ду тарафи роҳ паридаанд. Микроавтобус ба дарахтони ҷангалзори атрофи роҳ бархӯрдааст, мошини боркаши пур аз хӯрокворӣ ба як тараф чаппа шудааст. “Ёрии таъҷилӣ”-ро ронандагони мошинҳои дигари роҳгузар даъват кардаанд.

Муовини сартабиби қисми тиббии бемористони марказии шаҳри Болотное Юлия Байер ба “Вести Новосибирск” гуфт: Бригадаи “Ёрии таъҷилӣ” 4 маҷруҳро аз ҷои ҳодиса ба бемористон овард. Яке аз онҳоро бо ҷароҳатҳои миёна дар бемористон бистарӣ карданд”.

Гуфта мешавад, нафари бистаришуда ронандаи дувуми микроавтобус буда, 3 мусофири маҷруҳро ҷавоб додаанд. Як зан бо кӯдаки якунимсолааш, ки низ бо ҳамин микроавтобус ба Тоҷикистон сафар доштанд, хушбахтона, ягон осеб надидаанд.

Бино ба иттилои “Вести.Новосибирск”, мошини боркаши чаппашударо ба зудӣ ба соҳибаш бармегардонанд, вале микроавтобусро ба таваққуфгоҳ мебаранд. Онро фақат соҳибаш метавонад бигирад, вале соҳиби микроавтобус ҳоло дар Тоҷикистон будааст.

Ин ягона садамаи шаби 25 апрел дар Болотное набуд. Як соат қабл аз бархӯрди мошини боркаш бо микроавтобус, дар ин роҳ як мошини пур аз нӯшокии лимонад низ аз роҳ бероҳа шуд. Ронандаи фура гуфт, мошинашро роҳи пурбарфу яхбаста лағжонд. Шаби 25 апрел ҳаво дар атрофи Новосибирск сард буд ва барф борида буд. Ғолибан сабаби ҳарду садама ҳамин роҳи пурбарфу лағжонак шудааст.

Ба сабаби гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, даҳҳо ҳазор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ маҷбур мешаванд, ки бо нақлиёти заминӣ ба Русия ба мардикорӣ рафта, боз  бо ҳамин роҳ ба Ватан баргарданд. Сафар бо автобусу дигар навъҳои нақлиёти заминӣ барои муҳоҷирон, албатта, арзонтар тамом мешавад, вале хатарҳои зиёдеро, мисли  садамаҳо дар тӯли роҳи тӯлониашон бо худ ба ҳамроҳ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button