Ҷомеа

Даргузашти профессор Зулмакон Хушқадамов дар синни 56

Зулмакон Хушқадамов, доктори улуми тиб, профессор, сармутахассиси вазорати танудрустии Тоҷикистон, шаби 18 ба 19 декабр дар шуъбаи эҳёи корпуси 5-уми Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (беморхонаи Қарияи Боло) дар синни 56 бар асари сактаи мағзӣ вафот кард. “Маризии он кас ба “вируси корона” ҳеҷ рабт надорад. Он кас ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда, муддате беҳушу ёд хобида, шаби гузашта аз олам чашм пӯшиданд”, – гуфтааст яке аз наздикони марҳум ба хабаргузории “Спутник”. Ҷанозаи Зулмакон Хушқадамовро барои дафн ба зодгоҳаш – деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон фиристодаанд.

Зулмакон Хушқадамов соли 1964 дар Нишусп ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ яке аз коршиносони варзидаи риштаи ташхиси судӣ-тиббӣ ба шумор мерафт ва дар ин соҳа беш аз 150 мақолаву рисолаи илмӣ таълиф кардааст.

Мотам дар суди тиббӣ: даргузашти сармутахассиси 56 – солаи вазорати тандурустӣ

Зулмакон Хушқадамов, сармутахассиси вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар синни 56 –солагӣ вафот кард

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ ҳудуди даҳ рӯзи қабл ба далели сактаи мағзӣ дар корпуси 5 – шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, дар миёни мардум маъруф ба Шифохонаи Қарияи Боло бистарӣ шуда буд.

“Маризии он кас ба “вируси корона” ҳеҷ рабт надорад. Он кас ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда, муддате беҳушу ёд хобида, шаби гузашта аз олам чашм пӯшиданд”, – гуфт ӯ.

Зулмакон Хушқадамов, профессор, доктори илмҳои тиб, соли 1964 дар деҳаи Нишуспи ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи тибии ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад.

Ӯ сӣ сол шуруъ аз мутахассиси ташхиси судӣ ва тибби судӣ то мудири кафедраи Анатомияи патологӣ ва тиббии судии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯаблӣ ибни Сино кор кардааст.

Муаллифи беш за 150 рисолаву мақолаи илмӣ дар соҳаи ташхиси судӣ ва тибби судӣ мебошад ва даҳҳо шигирдро тарбият намудааст.

Ҷанозаи Зулмакон Хушқадамов субҳи имрӯз ба зодгоҳаш интиқол ёфта, дар ҳамон ҷо ба хок супурда хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button