ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ВИДЕО: САДҲО ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ РУСИЯВУ ҚАЗОҚИСТОН ДАРМОНДААНД. ОНҲОРО БА РУСИЯ РОҲ НАМЕДИҲАНД

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки аз рӯзи 22 апрели соли 2024 дар як минтақаи байни марзи Русияву Қазоқистон дар рӯбарӯи гузаргоҳи “Сағарчин” дар марз бо вилояти Оренбург дармондаандл, чунки мақомоти Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро танҳо баъди тафтиши мӯшикофона ба қаламрави ин кишвар роҳ медиҳад.

Ба гуфтаи муаллифи видеое, ки як нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, шумораи шаҳрвандони тоҷики дар рӯбарӯи гузаргоҳи “Сағарчин” дармонда алакай то субҳи 24 апрел ба 180 нафар расид ва бархеи онҳо алакай се рӯз боз дар инҷо дармондаанд.

Муҳоҷирони тоҷики роҳии Русия мегӯянд:  “Дар ин се шабонарӯз марзбонони рус танҳо 12 мошин бо шаҳрвандони Тоҷикистонро роҳ доданд. Шаҳрвандони кишварҳои дигар – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон – бе гяон мушкил гузашта истодаанд аз марг, вале шаҳрвандони Тоҷикистонро мӯшикофона тафтиш мекунанд. Ҳатто даруни телефонҳояшонро мекобанд, ки узви ягон канали шубҳаовар набошанд”.

Ба мо гуфтанд, проезжают без проблем, но у граждан Таджикистана проверяют все, вплоть до мобильных телефонов. Нам сказали, что граждане Таджикистана до 14 лет и старше 59 лет могут проехать без проверки, но остальным, тем, кому от 14 до 59 лет, согласно новой инструкции, придется пройти проверку», – рассказывают граждане Таджикистана.

Ба муҳоҷирони тоҷик дар гузаргоҳи “Сағарчин” гуфтаанд, шаҳрвандони тоҷики то синни 14 ва аз синни 59 боло метавонанд бидуни тафтиш гузаранд, вале тибқи қоидаи нав, ҳамаи онҳое, ки синнашон аз 14 то 59 аст, бояд шадидан тафтиш карда шаванд.

Бо нақлиёти заминӣ, ки нархаш арзонтар аст, ба Русия асосан мардуме мераванд, ки пули чиптаи ҳавопаймоҳо барояшон гарон аст.

Шаҳрвандони тоҷики дар гузаргоҳи “Сағарчин” дармонда шикоят доранд, ки онҳо чанд рӯз боз дар минтақаи байни марзи Русияву Қазоқистон дар як шароити хеле тоқатфарсо бидуни хӯроку об ба сар мебаранд ва маҷбуранд, дар даруни мошинҳо ё ҳатто дар саҳро бихобанд. Ба сабаби набудди хоҷатхона ин мардум маҷбуранд ҳатто қазои ҳоҷаташонро ҳам дар саҳро кунанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки чунин маҳдудиятҳои шадид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳи вуруд ба қаламрави Русия танҳо дар ин як гузаргоҳ ҷорӣ карда шудааст ваё дар дигар гузаргоҳҳои марзи Русияву Қазоқистон ва боқӣ нуқтаҳои убури марзи Русия, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои он кишвар низ, нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон айни маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд?

Ҷониби Русия ва ҳамин тавр, сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳанӯз ин мушкили пешомада барои шаҳрвандони тоҷик дар марзи Русияву Қазоқистонро шарҳ надодаанд.

Вале тафтиши шадиди шаҳрвандони Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Сағарчин” рӯзи 22 апрели соли 2024, дуруст як моҳ баъди ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки 145 кушта ба ҷо гузошт, ҷорӣ гардид. Масъулияти он ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Русия талош доранд, ки Украинаро низ дар ин ҳамлаи хунин айбдор кунанд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла дастикам 18 нафар дастгир шудаанд, ки 16 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 нафаре, ки мақомоти Русия омилони асосии ҳамла мешуморанд, аз Тоҷикистонанд.

Нозирони умур  мавриди таваҷҷуҳи вижаи мақомоти Русия қарор гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистонро маҳз ба ҳамин бастагӣ медиҳанд, ки мутаассифона, вақтҳои охир, зодагони Тоҷикистон ба як нирӯи зарбазани созмони террористии ДОИШ табдил ёфтааст ва эмиссарҳои ДОИШ аз тоҷикҳо дар анҷоми ҳамлаҳои дар кишварҳои гуногун хеле зиёд истифода бурда истодаанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи март, ҳанӯз то ҳамлаи хунини “Крокус” аз он изҳори ташвиш карда буд, к и дар 3 соли охир 24 шаҳрванди Тоҷикистон дар 10 кишвари ҷаҳон даст ба амалҳои террористӣ задаанд. Бо 4 омили ҳамлаи Красногорск ин рақами бе ин ҳам мудҳиш ба 28 нафар расид.

Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Маскав ва як силсила чунин ҳамлаҳо дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Афғонистону Эрону Туркия ва ҳатто қасди ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои Аврупо аз сӯи зодагони Тоҷикистон муносибат ба шаҳрвандони тоҷик дар бисёр кишварҳо тағйир ёфт.

Чандин зодаи Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо бо иттиҳоми иртибот бо созмонҳои террористӣ дастгир шуда, ахиран як гуруҳи тоҷикҳоро ба Гурҷистон роҳ надоданд. Туркия бошад аз 20 апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз нав виза ҷорӣ кард.

Дар Русия низ дар пайи ҳамлаи “Крокус” даъватҳо барои ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистон ва маҳдудиятҳои дигар барои муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла дигар ба онҳо надодани шаҳрвандии русӣ,  баландтар садо дода истодаанд.

Қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русия дар айни авҷи мавсими нави муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия шадидтар карда шуд.

Ҳарсол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи кор ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Онҳо ҳар сол ба Ватан чанд миллиард доллар пул мефиристанд, ки як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик ва як омили муҳими таъмини пешрафти иқтисод ва савдо дар ин кишвар дониста мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button