БОЗДОШТИ РОНАНДА ВА ПУЛЧИНАКИ ХАТСАЙРИ №46 БАРОИ ДАҒАЛӢ НИСБАТ БА ЯК ҶАВОНЗАН (4 АКС)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 21 апрели соли 2024 хабар дод, ки дар асари муроҷиати як ҷавонзани сокини пойтахт ронанда ва пулчинаки хатсайри №46 барои рафтори дағалонаашон дастгир карда шуданд.
Бино ба иттилои нашршуда, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муроҷиати электронии як нафар шаҳрванд, ки санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ дар сомонаҳои интернетӣ нашр намуда, аз бадрафтории ронанда ва пулчинаки воситаи нақлиёти хатсайри 46 шикоят дошт, мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Спринтер”, рақамҳои қайди давлатиаш 49 82 ТТ 09, Саидов Давлатмирзо Ғаниҷонович, санаи таваллудаш 05.01.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ва пулчинаки ӯ, ноболиғ Исмонов М. боздошт карда шуданд.
Худи ронанда ва пулчинак барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бинои фарзияи милитсия, Давлатмирзо Саидов ва пулчинакаш “зимни фаъолияти мусофирбарӣ дар хиёбони Б.Ғафурови ноҳияи Сино қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ба пиёдагардон роҳ надодаанд. Инчунин ба эроди шаҳрвандон беэътиноӣ намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задаанд”.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба ронанда Саидов Давлатмирзо барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи талаботи моддаҳои 511, 324 ва 320 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ маводи зарурӣ тартиб дода шуд ва парвандааш таҳти санҷиш қарор дорад.
Ҳамзамон нисбат ба волидайни ноболиғ Исмонов М. тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.