Ҷомеа

ВИДЕО +18: Ин чӣ шӯрест… Боздошти духтаре, ки модарашро бо корд задааст

расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир кардаанд. Хосият Азизова ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 24 ноябр дар хонаашон «бар асари як нофаҳмии оилавӣ» модари 50-солааш Моҳира Азизоваро корд зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст. Қаблан видеои шикваи ин модар аз бераҳмии фарзандони ба хуни дил парваридааш дар Интернет вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Ҳоло ба Хосият Азизова бар асоси моддаи 111-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин чӣ шӯрест… Боздошти духтаре, ки модарашро бо корд задааст

Арҷ гузоштан ба қадру мартабаи волои падару модар қарзи ҳар фарзанд буда, нафаре, ки волидайн аз ӯ розист комёбии ҳар ду олам насиби ӯст. Беҳуда нест, ки биҳишт зери қудуми модарон гуфтаанд. Вале он нафаре, ки дар зиндагонӣ ба қадри волидайн нарасида, бо амалу рафтори ғайриинсонии худ боиси озори падару модар мегарданд, бешубҳа шармандаву саргардон хоҳад шуд.
  Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо баъзан нафароне ёфт мешаванд, ки он ҳама бузургӣ ва мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳо ва рафтори неку пурмуҳаббаташро нодида гирифта, модари хешро мавриди озору таҳқир ва дашному ҳақорат қарор медиҳанд. Фарзанде, ки модар бо хуни ҷигар ва садҳо орзуву ҳавас ба воя расонидааст, бо камтарин нофаҳмиҳои лафзӣ ва ба миён омадани талаботи моддӣ дар қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯ мешаванд.

Мисоли равшани чунин гуфтаҳоро кормандони милитсияи пойтахт ҳангоми бо хабари фаврӣ оид ба ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани як нафар зан дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Сино баъд аз расидан ба ҷойи ҳодиса муайян намуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, бар асари як нофаҳмии оилавӣ шаҳрванд Азизова Моҳира Меликовна, санаи таваллудаш 10.08.1970, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшонро духтари 32-солааш шаҳрванд Азизова Хосият Раҳматуллоевна, санаи таваллудаш 14.07.1988, дар манзили истиқоматиашон бо корди хоҷагидорӣ зарба зада ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Модари муштипару оғӯшта дар хун ба беморхона дастрас ва бистарӣ карда шуда, баҳри табобат чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
  Дар зимн муроҷиати видеоӣ ва гилаву шикояти ӯ аз фарзандонаш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардида, мавриди вокуниши васеи шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки нисбати шаҳрванд Азизова Хосият бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбe

ВИДЕО +18: ИН ЧӢ РӮЗ АСТ? ЯК МОДАРРО ДУХТАРОНИ ХУДАШ ЧАНД КОРД ЗАДААНД

Навори видеоии як модари 5 духтар, ки фарзандони худаш ӯро кордборон кардаанд, мавҷи маҳкумиятро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Ин модар, ки дар кати бемористон хобидааст, дар ин видео захмҳои ба сари сина ва шушаш задаи ду фарзандашро нишон дода, мегӯяд, ки шаби душанбе ба сешанбе ӯро дар хонааш духтаронаш корд задаанд.

“Маро фарзандони худам ба ин ҳол гирифтор карданд. Духтари калониам ҳамроҳи духтари панҷумам. Азизова Шоира ва Азизова Хосият. Калонӣ духтари хурдиамро ҳаво дод, ки ҳамин хел кун, духтари хурдиам ҳамин хел кард. Ман, модар, ҳамин хел фарзандро намебахшам. Барои хонаи худам маро чунин карданд. Ин хел фарзандро дар ин дунёву он дунё дор бикашанд. Аз фарзандонашон бубинанд! Ҷазояшонро Худованд бидиҳад! Ҳеҷ чораи дигар надорам мани бебача…” – мегӯяд ин зан.

Ин зан ин ҷинояти гӯшношунидро дар видео чунин қисса мекунад:

“Соатҳои нӯҳ буд, ҳамроҳи як набераам даромадам, ки хоб равам. Духтари калониам Шоира бо телефон гап мезад. Тарсидам, чунки як ҳафта боз ин нақшаашонро мекашиданд.

Тарсидам, хестам, рафтам, даррав дарро қуфл кардам. (Шоира) кордчаро гирифту омад. “Беваи сиёҳ, беваи падарлаънат кушо дарро! – гуфт.  Дарро зад, зад бо шатта. Кӯдак метарсад гуфта, дарро кушодам.  Калонӣ гуфта будааст, ки дар дилаш бизан, вале ба дилам нарасид, ба як тарафи қафаси синаам зад.

Дар ҳолати вазнин оварда, ҷарроҳиам карданд. Ду соат давом кард ҷарроҳӣ. Аз пуштам шланг гузаронданд. Пуштамро ҳанӯз надӯхтаанд. Ба шушам задаанд. Ба шуш ҳаво даромадааст, хуну зардоб гирифтааст.

Маро фарзандони худам ба ин ҳол гирифтор карданд. Духтари калониам ҳамроҳи духтари панҷумам. Азизова Шоира ва Азизова Хосият. Калонӣ духтари хурдиамро ҳаво дод, ки ҳамин хел кун, духтари хурдиам ҳамин хел кард.

Барои хонаҳоям маро чунин карданд. Се рӯз боз дар бемористонам, касе чораамро намебинад. Масхара карда гаштаанд.

Ман, модар, ҳамин хел фарзандро намебахшам. Барои хонаи худам маро чунин карданд.

Ин хел фарзандро дар ин дунёву он дунё дор бикашанд, ки ман модари ганда набудам, вайҳоро гушна намемондам, ташна намемондам. Нонашон мепухтам, хӯрок мепухтам барои худашону кӯдаконашон. Лекин маро ҳамин хел карданд…

Аз фарзандонашон бубинанд! Ҷазояшонро Худованд бидиҳад! Ҳеҷ чораи дигар надорам мани бебача…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button