Ҷомеа
Фоҷиа дар Фархор: Як ҷавон падару модарашро куштааст

Рӯзи 1 декабр як ҷавони тақрибан 22-23-сола дар собиқ совхози Уртубузи ноҳияи Фархор падару модари худашро ба ҳалокат расондааст. Ба гуфтаи манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, модари ин ҷавон ҳамон рӯзи 1 декабр дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, падараш рӯзи 2 декабр дар беморхона ҷон додааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст. Мақомот ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Сабаби даст ба ҷони волидони худ задани ин ҷавон рӯшан нест. Манбаи “Бомдод” гуфт, бино ба иттилои дарёфтӣ, ҷавон вақтҳои охир каме девонаавзоъ шуда буд.