Дин ва боварҳо

Таърихи Ҳазрати Бурхи Сармâсти Валӣ (Авлиëи Водии Вахë)

Бурхи Валӣ, Ҳаз­рати Бурх, дар ривоятҳои динӣ яке аз авлиё аст, ки дар замони Мӯсо-пайғамбар (а) зиста, аз умматони ӯ ва мустаҷобуддаъва будааст; оромгоҳаш воқеъ дар деҳаи Шайхои ноҳияи Сангвор (Водии Вахë) зиёратгоҳи мардуми зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Дар бораи Бурхи Сармасти Валӣ ва каромоти ӯ ҳам дар байни мардум ва ҳам дар манбаъҳои катбӣ қиссаву ривоятҳои зиёде вуҷуд доранд. Тибқи қиссае, ки миёни мардуми кӯҳистони Тоҷикистон роиҷ аст, падари Бурхи Сармасти Валӣ – Ҳошими Ҷа­балӣ аз бозмондагони Шиси пайғамбар (а) буда, модараш Бибиҷамилаи Арафот ном доштааст. Бурхи Сармасти Валӣ бар асари як ихтилофе, ки дар миёни қавмаш сар мезанад, пас аз мусофиратҳои зиёде ба кӯҳистони Вахё омада, дар деҳаи Боршид аз одамон пинҳонӣ чил сол ба тоату ибодати пайваста машғул мешавад.

Баъзе муҳаққиқон Бурхи Сармастии Вали-ро ҳамасри Зардушт, баъзеи дигарон аз умматони пайғамбарон Довуд (а), Сулаймон (а) ва Ирмиё (а) донистаанд. Муъмин Қано­ат фарзияи дар замони Мӯсо (а) зиндагонӣ кардану уммати ӯ будани Бурхи Сармасти Вали-ро фарзияи қавӣ медонад. Ба андешаи ӯ дар замоне, ки Куруши Кабир сарзамини Банӣ Исроилро таҳти тасарруфи худ дароварда, мардуми онро ба ҳар гӯшаву канори империяи худ бадарға намуд, Бурхи Сармастии Валӣ ин гӯшаи дунёро амнтар ёфта, ба ин ҷо паноҳ овард…

Mehrab Faizmehr

БУРХИ САРМÂСТИ ВАЛӢ (Авлиëи Водии Вахë)

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Меҳроб Файзмеҳр

Бурхи Валӣ, Ҳаз­рати Бурх, дар ривоятҳои динӣ яке аз авлиё аст, ки дар замони Мӯсо-пайғамбар (а) зиста, аз умматони ӯ ва мустаҷобуддаъва будааст; оромгоҳаш воқеъ дар деҳаи Шайхои ноҳияи Сангвор (Водии Вахë) зиёратгоҳи мардуми зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар мебошад.

Дар бораи Бурхи Сармасти Валӣ ва каромоти ӯ ҳам дар байни мардум ва ҳам дар манбаъҳои катбӣ қиссаву ривоятҳои зиёде вуҷуд доранд. Тибқи қиссае, ки миёни мардуми кӯҳистони Тоҷикистон роиҷ аст, падари Бурхи Сармасти Валӣ – Ҳошими Ҷа­балӣ аз бозмондагони Шиси пайғамбар (а) буда, модараш Бибиҷамилаи Арафот ном доштааст. Бурхи Сармасти Валӣ бар асари як ихтилофе, ки дар миёни қавмаш сар мезанад, пас аз мусофиратҳои зиёде ба кӯҳистони Вахё омада, дар деҳаи Боршид аз одамон пинҳонӣ чил сол ба тоату ибодати пайваста машғул мешавад.

Роҷеъ ба зиндагии Бурхи Сармасти Валӣ дар ин сарзамин ривоятҳое марбут ба этимологияи вожаи «Боршид», каромоти марбут ба бинои мақбараи ӯ (кашондани хишти он, нону таом додани мардуми ба ҳашар омада, худро барои қурбонӣ омода кардани нахчир, пайдо шудани чашмае дар ҷойи забҳи нахчир ва ғайра) мавҷуд аст. Гӯри нахустин мутаваллии мақбараи Бурхи Сармасти Валӣ, ки бо номи «Ҳоҷӣ» ёд мешавад, дар шафати мақбараи Бурхи Сармасти Валӣ воқеъ гаштааст. Дар

шаҷараномае, ки дар баробари шамъдон ва дуки ресандагии Бурхи Сармасти Валӣ дар мазори ӯ нигоҳ дошта мешуд, номи 37 мутаваллӣ (то солҳои 1980) сабт гардидааст.

Бинои мақбараи қаблӣ дар шакли мудаввар сохта шуда буд. Бинои ҳозираи мақбара дар шакли ҳашт­ кунҷа сохта шудааст, ки ишора ба ҳашт равзаи ҷаннат мебошад:

Ҳашт ҷаннат ҳасту дӯзах нест ҳашт,

Ҳақ таъоло аз яке дӯзах гузашт.

Кард барҳам дӯзахи ҳаштум тамом

Баҳри Бурхи ошиқи некӯмаром.

Дар «Қуту-л-қулуб»-и Абутолиби Маккӣ дар боби шарҳи калимаи «идлол» (нозу дӯстдоштаи маҳбуб) эркагии Бурхи Сармасти Валӣ мисол оварда шудааст. Ба қавли Абутолиби Маккӣ, Бурх маҳбуби Худо, дӯстдоштаи Худост. Дар «Қуту-л-қулуб» аз ҷумла омадааст:

«Ва аз нозу карашмаи маҳбубон ва дӯстдоштагони Худо ва касоне, ки дар мақоми унси ҳазрати Ҳақ ҳастанд, муно­ҷоти Бурхи сиёҳпӯст аст, ки Худои таборак ва таъоло Калими Худ – Мусоро амр кард, ки аз вай бихоҳад, ки барои Банӣ Исроил талаби борон кунад. Бурхи Сармасти Ввлӣ дар муноҷоташ бо Худои бузург чунин гуфт: «Оё кори Ту ин аст? Ҳилми Ту ин аст? Оё ба Ту чунин менамояд, ки абрҳои Ту кам шуданд? Бодҳо аз итоати Ту сарпечӣ мекунанд? Он чӣ дар хазинаҳо дорӣ, кам мешаванд? Ё ин ки хашму ғазаби Ту бар гунаҳкорон шиддат гирифтааст? Оё Ту Ғаффор нестӣ? Қабл аз ин ки бандаҳои хатокорро биёфаринӣ, Ту раҳматро халқ кардӣ ва ба меҳрубониву шафқат амр кардӣ. Пас, барои чӣ он чи Худат амр кардӣ, хилофи онро мекунӣ? Оё Ту ба мо нишон медиҳӣ, ки ин кори ношуданист ё худ имкон- нопазир аст? Ё аз марг метарсӣ ва мехоҳӣ, ки зудтар ин мардумро уқубат бикунӣ, азоб бидиҳӣ?»  Муноҷоти ҳазрати Бурх ҳанӯз тамом нашуда буд, ки Банӣ Исроил аз борон сероб шуданд ва Худои таборак ва таъоло дар муддати ним рӯз гиёҳу алафи фаровоне бирӯёнид, то ҳадде, ки баландиашон то ба зонуҳои онҳо расида буд».

 Қиссаи мазкурро баъдан Фаридуддини Аттор (дар «Мусибатнома»), Ҷалолуддини Балхӣ (дар «Маснавии маънавӣ»), Муҳаммади Порсо (дар «Фаслу-л-хитоб би васли-л-аҳбоб», дар боби «Муноҷоти Бурх, ғуломи сиёҳ»), Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (дар боби «Дар шарҳи салтанати маънавӣ ва асҳоби хилофати инсо­нӣ»-и китоби «Маҷмӯаи расоил»), Мавлавӣ Ҷунунӣ (дар ҳикояти «Воқеаи дуо намудани Мусо (а) аз барои борон»-и «Маъдану-л-ҳол») ва дигар намояндагони тасаввуф дар осори хеш дар шакли назму наср бо каме дигаргуниҳову тағйирот дарҷ кардаанд.

Баъзе муҳаққиқон Бурхи Сармастии Вали-ро ҳамасри Зардушт, баъзеи дигарон аз умматони пайғамбарон Довуд (а), Сулаймон (а) ва Ирмиё (а) донистаанд. Муъмин Қано­ат фарзияи дар замони Мӯсо (а) зиндагонӣ кардану уммати ӯ будани Бурхи Сармасти Вали-ро фарзияи қавӣ медонад. Ба андешаи ӯ дар замоне, ки Куруши Кабир сарзамини Банӣ Исроилро таҳти тасарруфи худ дароварда, мардуми онро ба ҳар гӯшаву канори империяи худ бадарға намуд, Бурхи Сармастии Валӣ ин гӯшаи дунёро амнтар ёфта, ба ин ҷо паноҳ овард. Ба андешаи Ибни Қурбон, вақте Куруши Кабир яҳудиёнро аз асорати бобилиён озод кард, онҳоро ба мамлакати васеаш тафриқа дод, «онҳо на танҳо дар ғарби Эронзамин (яъне Ҳамадону Хузистону Исфаҳон, ки бо теъдоди зиёд ба сар мебурданд), балки дар шарқи он низ зиндагонӣ мекарданд. Агарчи дар хусуси таъсири онҳо ба аҳолии маҳаллӣ маълумоти дақиқе нест, аммо ин нукта ва ин далел, ки яке аз пешвоёни онон Бурхи Сармасти Валӣ, ки мадфанаш дар ҳудуди Тоҷикистон (Вахё) аст, то ба имрӯз мавриди эътиқоди мардум қарор дорад, аз он дарак медиҳад, ки дар он рӯзгор ба ҷомеаи эрониён бетаъсир набу­даанд».

Дар Таврот номи Бурх ва ё дигар исми хосси шабе­ҳи ин ном ба назар намерасад, вале Борух ибни Нериё ном шахсе зикр гардидааст, ки ӯ дар аҳди пайғамбарии Ирмиё (а) котиби ӯ ба шумор мерафтааст.

Дар замони подшоҳии Сидқиё, бародари Еҳӯёқим, Ирмиёи набӣ ва Борух ба ҳабс кашида мешаванд ва ба муддати 10 сол дар зиндон мемонанд. Дар боби чилу панҷуми китоби Ирмиёи набии Таврот омадааст, ки Ирмиё Борухро тасаллӣ медиҳад ва ба ӯ аз қавли Худованд мегӯяд, ки «ҷони туро дар ҳар маконе, ки биравӣ, барои ту ғани­мат хоҳам гузошт!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button