ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ПАТРИАРХ КИРИЛЛ АЗ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ХОСТ, КИ ДИНУ ФАРҲАНГИ РУСИРО БЕЧУНУЧАРО ЭҲТИРОМ КУНАНД

Асқаф, ё раҳбари Калисои православии Русия (РПЦ) дар суханрониаш ба истиқболи оғози Мутолиоти байналмилалии Иоанн (Международные Иоанновские чтения), ки 12 апрели соли 2024 дар Душанбе оғоз ёфт, гуфт, ки Русия дарҳои худро ба рӯи сокинони Тоҷикистон кушода, ба навбати худ аз онҳо эҳтироми бекамукост ба дину фарҳанги русиро мехоҳад.

 “Русия дарҳояшро ба рӯи сокинони сершумори Тоҷикистон кушода, аз онҳо эҳтироми бекамукост нисбат ба фарҳанги русӣ ва мазҳаби православиро тақозо дорад. Ҳамон гуна, ки айни чунин эҳтиром пойдевори ҳузури Калисои православии Русия дар сарзамини Тоҷикистон аст”, – изҳор дошт раҳбари рӯҳонии пайравони мазҳаби православӣ.

Ӯ таъкид кард, ки ҳамкории Калисои православии Русия бо мусулмонон дар шароити имрӯза, ки бархе қувваҳо талош доранд, то байни Русияву Тоҷикистон тухми нифоқу ҷудоӣ бикоранд, аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ӯ гуфт, чунин талошҳо зери ҷомаи шиорҳои динӣ анҷом дода шуда истодаанд.

 “Имрӯз моҳи шоҳиди кӯшишҳо барои коридани тухми нифоқу ҷудоӣ байни халқҳои мо шудаем. Гуруҳҳои мухталиф худро дар пушти шиорҳои динӣ пинҳон карда, даст ба ҷиноятҳои даҳшатбор мезананд ва мехоҳанд ки ҷамъиятҳоро ҷудо карда, одамонро тарсонанд ва бераҳм гардонанд. Раҳбарони мазҳабӣ бояд террористҳоро бидуни чуну чаро маҳкум карда, нагузоранд, ки онҳо динро ҳамчун силоҳ ба кор баранд”, –  таъкид кард асқафи Калисои православии Русия.

Епархияи ин калисо дар Душанбе рӯзи 12 апрел дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (РТСУ) инак бори шашум Мутолиоти байналмилалии Иоаннро баргузор кард.

Баъди ҳамлаи хунини рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар канори шаҳри Маскав, ки 145 кушта ба ҷо гузошт, патриарх Кирилл алакай чанд дафъа ба мавзӯи муҳоҷирон дахл кард. Ӯ қаблан аз муҳоҷирон хоста буд, ки забони русӣ ва анъанаҳои роиҷ дар Русияро аз бар кунанд.

Рӯзи 24 марти соли 2024, ҳамагӣ 2 рӯз баъди ҳамла ба “Крокус”, патриарх Кирилл дар Анҷумани ҷаҳонии халқи рус (Всемирный Русский народный собор) изҳор дошт, ки сокинони Русия ҳақ доранд, ки аз муҳоҷирон донистани забони русӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои худро талаб кунанд.

Ӯ гуфт, таҳдид на дар худи муҳоҷират, балки дар майл нишон надодани мардуми омада ба эҳтироми фарҳанги кишваре, ки онҳо барои кору зиндагӣ омадаанд, нуҳуфта аст.

Патриарх Кирилл хотиррасон кард, ки дар бархе кишварҳои Шӯравии собиқ вазъи мушкили иқтисодӣ ҳукмфармост ва Русия ҳамеша талош дорад, то ки бо кишварҳои собиқ СССР равобити хуби ҳамсоягиро ба роҳ бимонад. Аммо, афзуд ӯ, Русия ба навбати худ ҳақ дорад аз онҳое, ки аз ин кишварҳо ба Русия меояд, муносибати боэҳтиром исбат ба тарзи зиндагӣ ва фарҳанги худро талаб кунад.

 “Ва агар онҳо барои зиндагии доимӣ ба Русия омада бошанд, ба фикри ман талаби донистани забон ва анъанаҳои мо ва эҳтиром гузоштан ба ин анъанаҳо як талаби қонунист”, — изҳор дошт асқафи Калисои православии Русия.

Аммо дар нахустин вокунишаш ба ҳамлаи “Крокус”,  патриах Кирилл гуфта буд, кти душмао мехоҳанд пайравони ду дини суннатии Русия – мазҳаби православӣ ва дини Исломро ба зидди якдигар бишӯронанд, вале ба ин дар Русия набояд роҳ дод.

Ӯ гуфт, “душманони Русия” барои ин мушкилоти дохилӣ марбут ба вазъи муҳоҷиронро истифода бурданианд.

“Сенарияҳои гуногунеро  бо истифода аз омилҳои динӣ ва байниқавмӣ ба бозӣ мекашонанд. Мо инро ба сурати возеҳ на намунаи омилони ҳамлаи мудҳиш дар “Крокус Сити Ҳолл” дида истодаем”, — изҳор дошт раҳбари рӯҳоии православиҳои Русия.

Ёдовар мешавем, бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар “Крокус” дастикам 17 нафар дастгир шудаанд, ки 15 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, зодагони Тоҷикистонанд. Масъулияти ҳамлаи Краснорскро созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт, вале мақомоти Русия талош доранд, ки Украинаро ба даст доштан дар ин ҳамла айбдор кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button