
Бо як либоси монанд ба урён ҳунарнамоӣ кардани овозхони тоҷик Фарзонаи Хуршед дар як консерт мавҷи вокунишҳои асосан манфиро дар Интернет барангехтааст.
Фарзонаи Хуршед рӯзи 28 ноябр дар маросими ҷоизасупории “Высшая лига”, ки Радиои нави ровии маъруф Мубориз Усмонов дар Кохи Суруш дар пойтахт баргузор кард, таронаи машҳури мардумии “Ҷон анорам ҷӣ”-ро бо пироҳане иҷро кард, ки ба мисли ранги пӯст буда, тасаввури гӯё урён будани бадани овозхонро дар зеҳни бисёриҳо ба вуҷуд овардааст.
Корбарон чунин тарзи либоспӯширо ба аҳли фарҳанги тоҷик як кори нораво дониста, навиштаанд, ситораҳо бояд ба рафтор ва либоси худ бияндешанд, чунки ҳазорон нафар аз мухлисонашон, хусусан духтарон ба онҳо пайравӣ ва ва бархе кӯркӯрона тақлид мекунанд.
Ҳамин тавр, бисёриҳо ба ин ишора кардаанд, ки Фарзонаи Хуршед маросими Ҳаҷҷи умраро адо карда, Ҳоҷибибӣ шуда буд ва ин унвон аз вай, ба хусус дар мавриди риояти одоби либоспӯшӣ масъулияти боз ҳам бештарро талаб мекунад.
Фарзонаи Хуршед, фарзанди овозхони шинохта Сурайёи Қосим, соли 2014 ҳамроҳи хоҳари низ овозхонаш Шабнами Сурайё ба Ҳаҷҷи умра рафт. Баъди зиёрати Маккаву Мадина ва дарёфти унвони Ҳоҷӣ Фарзонаву Шабнам чанд соли аввал бо ҳиҷоб дар саҳна ҳунарнамоӣ мекарданд, вале баъдан аз пӯшидани ҳиҷоб даст кашиданд.