Варзиш

ДАРВОЗАБОН РУСТАМ ЯТИМОВ БЕҲТАРИН БОЗИГАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023 ЭЪТИРОФ ШУД

Дарвозабони 25-солаи бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин бозигар дар соли 2023 эътироф гардид. Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи  29-уми декабри соли 2023 дар толори «Кохи Парфенон»-и Душанбе маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҷоизаи беҳтарин бозигари солро нахустин бор дар фаъолияти худ дарвозабони «Истиклол»-и Душанбе ва тими миллии кишвар Рустам Ятимов моли худ кард. Дар баробари Рустам Ятимов Алишер Ҷалилов аз “Истиқлол” ва Холмурод Назаров аз “Равшан” низ муддаии унвони беҳтарин футболбози соли 2023 буданд.

Возможно, это изображение 11 человек и текст

Рустам Ятимов ҳамзамон беҳтарин дарвозабони мавсим эълон гардид. Рустам Ятимов, ки дар Русия ба воя расидааст, вале ҳунарнамоӣ таҳти парчами Ватанаш, Тоҷикистонро афзал донист, чанде пеш гаронбаҳотарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ низ эътироф шуда буд.

Бар асоси  арзёбиҳои ниҳоӣ, Холмурод Назаров аз бошгоҳи “Равшан”-и Кӯлоб беҳтарин ҳимоятгар, Амадонӣ Камоловв ва Манучеҳр Ҷалилов (ҳарду аз “Истиқлол) беҳтарин нимҳимоятгар ва ҳамлагари сол эътироф гардида, ҷоизаи беҳтарин мурраббии сол низ насиби Игор Черевченко, сармураббии ҳамакнун собиқи “Истиқлол” гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтарини солро ҳам ҳамлагари “Истиқлол” Алишер Ҷалилов бо 13 тӯб ба даст овард.

Евгений Гритсенко аз “Равшан” беҳтарин легионер ва Муҳаммад Назриев аз дастаи ҷавонони “Истиқлол” беҳтарин бозигар байни дастаҳои ҷавонон шинохта шуда, Илҳомҷон Бааротов аз “Истаравшан” беҳтарин бозигари лигаи якум ва Шоҳин Боев аз дастаи “Моҳир”  бо 33 тӯб беҳтарин нишонзани лигаи якум дониста шуданд. Ҷоизаи беҳтарин мураббии лигаи якумро Боир Игамбердиев аз “Панҷшер” ва беҳтарин мураббии байни дастаҳои ҷавононро Шамсиддин Қосимов, сармураббии КМВА ба даст оварданд. Рустам Давлатов бо 25 гол беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон гардид.

Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе беҳтарин довари сол шинохта шуд.

Ҳамчунин Тоҳирҷон Мӯъминов аз “Равшан” ва Манучеҳр Ҷалилов аз “Истиқлол”, ки ин шабу рӯз бо бемории саратон мубориза мебарад, бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.

Возможно, это изображение 2 человека и текст

Рӯйхатти барандагони ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли 2023:

🔝Беҳтарин бозигари лигаи якум – Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»).

🔝Беҳтарин мураббии лигаи якум – Боир Игамбердиев («Панҷшер»).

🔝Беҳтарин нишонзани лигаи якум – Шоҳин Боев (Моҳир), 33 гол.

🔝Беҳтарин бозигари чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон – Муҳаммад Назриев («Истиқлол»).

🔝Беҳтарин мураббии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон – Шамсиддин Қосимов (КМВА).

🔝Беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонон – Рустам Давлатов (КМВА), 25 гол.

🔝Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

🎖Ҷоизаи махсус – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

🎖Ҷоизаи махсус – Тоҳирҷон Муъминов («Равшан»).

🔝Беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»).

🔝Беҳтарин ҳимоятгар – Холмурод Назаров («Равшан»).

🔝Беҳтарин нимҳимоятгар – Амадонӣ Камолов («Истиқлол»).

🔝Беҳтарин ҳамлагар – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

🔝Беҳтарин нишонзани лигаи олӣ – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), 13 гол.

🔝Беҳтарин бозигари хориҷӣ, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад – Евгений Гритсенко («Равшан»).

🔝Беҳтарин мураббӣ – Игор Черевченко («Истиқлол»).

  • Беҳтарин бозигари сол – Рустам Ятимов («Истиқлол»).
*
  •  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button