ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН ВИЗААШРО БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ БОЗ 25 КИШВАР БЕКОР КАРД

Аз 1 майи соли 2024 Тоҷикистон барои шаҳрвандони боз 25 кишвар ба сурати яктараф низоми бидуни раводид ҷорӣ кард. Акнун шаҳрвандони ин 25 кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни виза аз Тоҷикистон дидан кунанд. То кунун шаҳрвандони 52 кишвар чунин имтиёз доштанд ва акнун шумораи кишварҳое, ки барои сафари шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон виза талаб карда намешавад, ба 77 кишвар расид. Дар ин бора шоми 30 апрели соли 2024 сомонаи расмии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

“Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №190,  25 кишвар, ба номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбати шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда шудааст, илова карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.

Дар байни ин 25 кишваре, ки шаҳрвандонашон аз 1 майи соли 2024 метавонанд, бидуни виза ба Тоҷикистон биоянд, аз ҷумла Мексика, Ватикан, Черногория, Босния, Андорра, Умон, Малта, Муғулистон, Словакия, Словения, Сан-Марино, ҳамчунин кишварҳои ноошное, чун Федератсияи Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, ҷазираҳои Сулаймон ҳастанд.
Ба он шаҳрвандони Фаластин, ки шиносномаҳои дипломатӣ ё хидматӣ доранд, низ ҳаққи сафари бидуни раводид ба Тоҷикистон дода шуд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 майи соли 2024 ҳамчунин ба шаҳрвандони синнашон аз 55 болои 16 кишвар, аз ҷумла Албания, Алҷазоир, Марокаш, Тунис, Барбадос, Фиҷи, Вануату, Никарагуа, Мадагаскар, Ветнам ва ба шаҳрвандони аз 55-сола болои Хитой ҳаққи то 14 рӯз бидуни виза сафар кардан ба Тоҷикистон дода шуд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, № 188, боз 14 кишвар, аз ҷумла Судон, Фаластин, Ҳаити, Уганда ба номгӯйи давлати хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, ворид карда шуд.


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки шаҳрвандони давлатҳои мазкур, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз 14 ва ё 30 рӯз ба мақсади корӣ, таҳсил, истиқомати доимӣ ва ё дигар мақсади ғайри сайёҳӣ ворид мегарданд, уҳдадоранд, ки қабл аз сафар ба Тоҷикистон раводиди ба мақсади будубошашон мувофиқро ба расмият дароранд.
Соли 2022 Тоҷикистон ба хотири ҷалби сайёҳону сармоягузорон барои шаҳрвандони 52 кишвар, аз ҷумла барои шаҳрвандони АМрико, Канада, Фаронса, Олмон, Белгия, Аргентина низоми бидуни раводид ҷорӣ карда буд.
Ба навбати худ, бино ба маълумоти пойгоҳи Виза Индекс, шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои сафари боимтиёз ба 59 кишвари дунё ҳақ доранд ва аз ҷумла дар аввали соли 2024 метавонистанд бидуни виза ба 23 кишвар сафар кунанд. Вале ахиран Туркия низоми бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард ва аз ин рӯйхат хориҷ шуд. Ҳоло соҳибони шиносномаи тоҷикӣ метавонанд ба ин 22 кишвар бе виза сафар кунанд:
Антигуа ва Барбуда
Арманистон
Барбадос
Беларус
Гамбия
Гурҷистон
Доминика
Қазоқистон
Кирғизистон
Малайзия
Микронезия
Молдова
Намибия
Озарбо йҷон
Русия
Сент-Винсент ва Гренадина
Суринам
Ӯзбекистон
Филипин
Ҳаити
Ҷазираҳои Кук

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунин дар 33 кишвари ҷаҳон метавонанд визаро дар фурудгоҳҳо ё гузаргоҳҳои марзии ин кишварҳо ба даст биоранд::
Арабистони Саудӣ
Бангладеш
Боливия
Бурунди
Гвинея-Бисау
Зимбабве
Кабо-Верде
Камбоҷа
Лаос
Лубнон
Маврикий
Мавритания
Мадагаскар
Макао
Малдив
Мозамбик
Непал
Никарагуа
Ниуэ
Палау
Руанда
Самоа
Сейшел
Серра-Леоне
Сурия
Тимори шарқӣ
Того
Тувалу
Урдун
Ҷазираҳои Комор
Ҷазираҳои Маршалл
Ҷибути

Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунин ба 3 кишвар (Кения, Шри-Ланка ва Покистон) метавонанд бо дарёфти визаи электронӣ(eTA) сафар кунанд.

Зиёд намудани номгӯйи давлатҳои низоми бераводиди яктарафа ва сода намудани гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати як қатор кишварҳо

30.04.2024 19:39

BINO-VKKH.jpg

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №190 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464» 25 кишвар, ба номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбати шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда шудааст, илова карда шуд.

Аз ҷумла:

  1. Амирнишини Андорра
  2. Баҳамас
  3. Босния ва Гертсеговина
  4. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
  5. Ҷумҳурии Булғористон
  6. Ҷумҳурии Коста Рика
  7. Ҷумҳурии Кипр
  8. Ирландия
  9. Ҷумҳурии Малта
  10. Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
  11. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
  12. Муғулистон
  13. Черногория
  14. Салтанати Умон
  15. Руминия
  16. Федератсияи Сент-Китс ва Невис
  17. Сент-Люсия
  18. Ҷумҳурии Сан-Марино
  19. Ҷумҳурии Сербия
  20. Ҷумҳурии Словакия
  21. Ҷумҳурии Словения
  22. Ҷазираҳои Сулаймон
  23. Сент-Винсент ва Гренадинӣ
  24. Вотикон
  25. Давлати Фаластин (нисбати шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ/махсус)

Инчунин тибқи ҳамин қарор номгӯйи 16 давлати хориҷӣ, ки нисбат ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда шудааст, тасдиқ шуд.

Аз ҷумла:

  1. Ҷумҳурии Албания
  2. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир
  3. Барбадос
  4. Ҷумҳурии Вануату
  5. Ҷумҳурии Мардумии Чин
  6. Иттиҳоди Доминика
  7. Ҷумҳурии Фиҷӣ
  8. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаос
  9. Ҷумҳурии Лубнон
  10. Ҷумҳурии Мадагаскар
  11. Ҷумҳурии Марокаш
  12. Ҷумҳурии Мақдунияи Шимолӣ
  13. Ҷумҳурии Никарагуа
  14. Ҷумҳурии Панама
  15. Ҷумҳурии Тунис
  16. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

Ҳамзамон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №188 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31» 14 кишвар, аз ҷумла:

  1. Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
  2. Ҷумҳурии Сулаймон
  3. Ҷумҳурии Вануату
  4. Ҷумҳурии Судон
  5. Ҷумҳурии Мадагаскар
  6. Давлати Фаластин
  7. Ҷумҳурии Гаити
  8. Ҷумҳурии Уганда
  9. Ҷумҳурии Арабии Сурия (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  10. Ҷумҳурии Ироқ (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  11. Ҷумҳурии Федеративии Нигерия (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  12. Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  13. Ҷумҳурии Руанда (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  14. Ҷумҳурии Конго (нисбати раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)

 ба номгӯйи давлати хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, ворид карда шуд.

Иқдоми мазкур аз 1 майи соли 2024 мавриди амал қарор мегирад.

Эзоҳ: қайд кардан ба маврид аст, ки шаҳрвандони давлатҳои мазкур, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз 14 ва ё 30 рӯз ба мақсади корӣ, таҳсил, истиқомати доимӣ ва ё дигар мақсади ғайри сайёҳӣ ворид мегарданд, уҳдадоранд қабл аз сафар ба Тоҷикистон раводиди ба мақсади будубош мувофиқро барасмият дароранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button