ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ 6 САР АСП ВА САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА ВА ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ ХОНА ДАР ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 1 майи соли 2024

Ҳалокати ронанда дар натиҷаи чаппа шудани автомашинаи боркаш

28

Субҳи 29-уми апрели соли 2024, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман», Ҳамидов Саидхон Алихонович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори рости роҳ онро чаппа намудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Ҳамидов С.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур Куганшоев Фирӯз Иқболшоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ду нафар бо ҷурми аспдуздӣ

182

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 53-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 5 ба 6-уми апрели соли 2024, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳур 6 сар аспро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 42 ва 29-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Содир намудани қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

009

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 56-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи октябри соли 2023 дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон марди 29-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 19 ҳазору 65-доллари амрикоӣ (бо асъори миллӣ 194 ҳазору 81 сомонӣ)-ро гирифта, ваъда додааст, ки аз ширкати навсохтмон дар масоҳати 46,50-метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button